Якшанбе, 28.04.2024, 13:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21

Калимаи “усул” ҷамъи “асл” буда ва дар луғат ба маънои реша ва асос мебошад. Ва калимаи “дин” дар луғат ба маънои итоат ва подош омада, вале дар истилоҳ ба маънои эътиқод ба офаринандае барои ҷаҳон ва инсон ва дастуроти амалии мутаносиб бо ин ақоид мебошад. Аз ин рў, касоне, ки мутлақо мўътақид ба офаринандае нестанд ва пайдоиши падидаҳои ҷаҳонро тасодуфӣ медонанд, “бедин” номида мешаванд. Аммо касоне, ки мўътақид ба офаринандае барои ҷаҳон ҳастанд, ҳарчанд ақоид ва маросими динияшон ҳамроҳ бо инҳирофот ва хурофот бошад ҳам, “бодин” шумурда мешаванд. Ва бар ин асос, динҳои мавҷуд дар миёни инсонҳо, ба дини ҳақ ва дини ботил тақсим мешавад ва дини ҳақ иборат аст аз: ... идома »

Категория: Сухани ин ҳафта | Боздид: 2427 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 5.0/1 | Шарҳҳо (0)

Муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и исломӣ, моҳияти иҷтимоӣ дорад. Монанди баъзе аз динҳо чунин нест, ки нисбат ба иҷтимоъ ва умури иҷтимоӣ комилан бетафовут бошад.Ислом ба ҳамон андоза, ки ба саодати фардӣ андешида, ба саодати иҷтимоӣ низ андешидааст. Аслан саодати фардро, дар саодати ҷомеа мебинад.
Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1090 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Ислом як дини зиндагигарост, на зиндагигурез. Бинобарин бо “раҳбоният” ба шиддат мубориза кардааст. паёмбари акрам(с) мефармоянд:

... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 963 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

“Самоҳат” ва “суҳулат” аз вижагиҳои дигари ислом аз назари идеологист. “Самоҳат” яъне богузашт будан ва сахтгир набудан ва “суҳулат” яъне “осонгир будан”.Аз расули акрам(с) ривоят шудааст, ки мефармояд:
Ман бо шариъати ... идома »
Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 842 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Тавҳид чист?

Ҷавоб: Тавҳид дар луғат ба маънои “яке донистан ва якто шумурдан” ба кор меравад. Дар дини Ислом беш аз ҳар чиз бар тавҳид такя шуда ва муваҳҳид (тавҳидгаро) б ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 1037 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Роҳи мутолеаи мавҷудот ба чӣ сурат мебошад?

Ҷавоб: Роҳи мутолеаи мавҷудотро метавон ба ду роҳ тақсим кард:

... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 934 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 5.0/1 | Шарҳҳо (0)

Савол: Оё дар Қуръони Карим далеле барои фитрӣ будани худошиносӣ вуҷуд дорад?

 Ҷавоб: Дар Қуръони Карим далелҳои зиёде бар фитрӣ будани дин ва таваҷҷўҳ ба Худо вуҷуд дорад. Ба унвони мисол: ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 913 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Роҳи дил ба Худо ба чӣ сурат аст?

Ҷавоб: Роҳи дил ба ин сурат аст, ки дар вуҷуди инсон худоҷўӣ, худохоҳӣ ва худопарастӣ ба сурати як ғариза ниҳода шуда аст, ҳамчуноне ки ға ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 786 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Ба чӣ роҳҳое метавон вуҷуди Худоро исбот кард?

Ҷавоб: Башар барои шинохтани Худо роҳҳои фаровоне дорад, вале муҳимтарин ва осонтарини онҳо ду роҳ аст:

... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 796 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Дар ин ки Қуръони Карим такягоҳи маорифи ақоидии мо аст, ҳеҷ шакке нест ва мавриди қабули ҳамаи мусулмонон − қатъи назар аз мазҳаб ва маромашон − мебошад. Аммо дар ин ки суннат низ такягоҳи маорифи ақоидӣ мебошад, оё мавриди қабули ҳамаи мусулмонон аст? Ва агар мавриди қабули ҳамаи онҳо бошад, бо таваҷҷўҳ ба ин ки суннат, ки аз роҳи ҳадисҳои исломӣ ба даст меояд ва ҳамаи ҳадисҳо дар як сатҳ нестанд, балки баъзеяшон мутавотир ва баъзеи дигар ҳадиси оҳод ҳастанд, оё ҳамаи онҳо − чи мутавотир ва чи оҳод − дар ақоид ҳуҷҷат мебошанд ва ё на?

... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 900 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (2)

Савол: Бо таваҷҷўҳ ба он чи гуфта шуд, чӣ ишколе дорад, ки иддаои ваҳҳобиҳо мабнӣ бар ҳуҷҷат будани фаҳми салафро, як навъ иҷтиҳод аз ҷониби онҳо бидонем? Зеро онҳо низ дар натиҷаи иҷтиҳодашон ба ин хулоса расидаанд, ки фаҳми салаф дар масоили исломӣ ҳуҷҷат мебошад?

... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 605 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Мо дар масоили ақоидӣ хоҳ фаҳми салафро ҳуҷҷат бидонем ва хоҳ ҳуҷҷат надонем, дар ҳар ду сурат, мушкили парокандагӣ ҳаст. Зеро агар фаҳми салафро ҳуҷҷат надониста ва фаҳми ҳар соҳибназар дар ҳар асреро мўътабар бидонем, боз ҳам мебинем, ки миёни фаҳми ин соҳибназарон низ дар масоили ақоидӣ ихтилоф ҳаст. Пас мушкил ҳанўз дар ҷои худ боқӣ аст. Роҳи ҳал чист?

... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 581 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Баъзеҳо иддао мекунанд, ки бояд мо мусулмонҳо дар фаҳми маорифи динӣ (ё худ фаҳми маорифи Қуръон ва суннат) пойбанди фаҳми салаф бошем. Ба дигар сухан, дар масоили исломӣ бояд бубинем назари салаф чӣ аст то аз он пайравӣ намоем ва ғайри он аз фаҳмҳо ҳеҷ эътиборе надорад. Оё чунин дидгоҳе дуруст аст?

 Ҷавоб: ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 961 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 2.0/1 | Шарҳҳо (1)

Савол: Вазифаи мусулмон дар фурўи (шохаҳои) дин чист? Оё дар фурўи (шохаҳои) дин аз қабили ин ки аҳкоми намоз кадомҳоянд ва ба чӣ далел такя доранд ва аҳкоми рўза кадомҳо мебошанд ва далелашон чист низ таҳқиқ ба амал оварад, ё метавонад дар ин замина аз фақеҳ (мутахассис) тақлид ва пайравӣ намояд?

... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 1390 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Савол: Агар пайравӣ ва тақлид дар ақоид ва усули дин ҷоиз набуда ва вазифаи ҳар мусулмоне бо таҳқиқ пазируфтани он бошад, пас чаро дар ақоид баъзеҳоро ашъаримазҳаб, баъзеҳоро аҳли ҳадис, баъзеҳоро мотуридимазҳаб, баъзеҳоро мўътазилимазҳаб ва баъзеҳоро шиа муаррифӣ мекунанд? Масалан Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар оғози китоби худ (Ақидаи Таҳовия) дар бораи ақидае, ки арза мекунад гуфта аст: “Ин аст ёдоварии баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат бар асоси мазҳаби фақеҳони миллат: Абўҳанифа Нўъмон ибни Собити Куфӣ, Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ ва Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (Худо аз ҳамаашон розӣ гардад!) ва усули дине, ки ба он мўътақид буда ва ба он парвар ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 577 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

  Нахустин амали банда, ки рӯзи қиёмат ба он назар дӯхта мешавад, ин намоз аст. Агар намози ӯ комил дида шавад, бақияи амалҳояш ҳам қабул мегардад, аммо агар ноқис дида шавад, дигар амалҳояш бар вай баргардонда хоҳад шуд.
Категория: Ҳадиси рӯз | Боздид: 751 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Роҳи ақл (ё худ роҳи истидлол ва фалсафа)

Ин роҳ ҳарчан ... идома »

Категория: Худошиносӣ | Боздид: 1178 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 4.0/1 | Шарҳҳо (0)

Ҳикояти зоҳид ва дузд

  Азизе буд дар диёри дурдасти Табрез, ки пайваста шабзиндадор ва машғули ибодат буд. Шабе аз шабҳо дид, ки дузде бар гўшаи боме камандашро андохт. Зоҳиди шабзиндадор зуд мардумро бедор кард ва аз ҳар тараф мардум бо гирифтани чўб ба дасташон, ошўб барпо карданд.
Категория: Достонҳои ибратангез | Боздид: 2057 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 5.0/3 | Шарҳҳо (2)

Муҳаммадсаид Тантовӣ - Раиси Алазҳар

Савол: Оё ҷоиз аст, ки мазоҳиберо, ки ҷузъи аҳли суннат нестанд, ҷузъе аз Исломи ... идома »

Категория: Ваҳдати исломӣ | Боздид: 679 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Тасаввуфкалимаи арабӣ ва масдар аст ба маънои сӯфӣ шудан” ва ё сӯфӣ будан”.Аммо дар ин ки вожаи “сӯфӣ” аз кадом чиз иштиқоқ шудааст, дидгоҳҳои гуногуне вуҷуд дорад, ки ба порае аз онҳо ишора мекунем:

... идома »

Категория: Ирфони исломӣ | Боздид: 2366 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 5.0/2 | Шарҳҳо (0)

Яке аз мушаххассоти ислом аз назари идеологӣ, иҷтиҳодпазирии он аст. Куллиёти исломӣ ба гунае танзим шудааст, ки иҷтиҳодпазир аст. Иҷтиҳод, яъне кашф ва татбиқи усули куллӣ ва собит бар мавориди ҷузъӣ ва тағйирёбанда. Дар баҳсҳои қаблӣ гузашт, ки аз асоситарин розу рамзи ҷовидонагӣ ва ҳамаҷониба будани дастурот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и исломӣ, яке, ба сурати куллӣ баён шудани онҳост, ки қобилия ... идома »
Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 766 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Муқаддима

Ислом ба унвони як мактаби ҷомеъ ва комил, аз навъе ҷаҳонбинӣ ва низ навъе идеология, ки бар асоси ин ҷаҳонбинӣ бино шудааст бархўрдор ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 838 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Фалсафа иборат аст аз як силсила баҳсҳо бар асоси бурҳон ва қиёси ақлӣ, ки дар бораи ҳастӣ ва аҳкоми куллии он гуфтугў мекунад. Ба иборати равшантар: фалсафа аз буду набуди чизҳо сухан мегўяд ва аҳкоми мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад ва ҳеҷ ... идома »
Категория: Фалсафа ва ҳикмат | Боздид: 4269 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 3.6/7 | Шарҳҳо (3)

Тибқи фармони Қуръон, ҳашт тоифа ҳастанд, ки бояд ба онҳо закот пардохт:[1]

... идома »

Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 1017 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Закоти зироат ва киштукор

Закоти зироат ва киштукор ва ба таври куллӣ, ҳар он чи аз замин мерӯяд (ба истиснои чӯбу алаф), вобаста ба навъи обёриашон аст. Агар зироат ва ё мевае дар замини лалмӣ, ки аз тариқи оби борон обёрӣ мешавад кошта шавад, 10 дар сад аз маҳсули он бояд ба унвони закот пардохт гардад.

Ам ... идома »

Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 915 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Нисоби гов

Барои камтар аз 30 сар гов ё говмеши соима закот тааллуқ намегирад. Аммо барои 30 сар ва бештар аз он закот аст.
Шарҳи он ба таври муфассал дар ҷадвали зерин омадааст:
Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 1303 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Барои камтар аз 5 сар шутури соима закоте тааллуқ намегирад. Аммо барои 5 сар ва бештар аз он закот тааллуқ мегирад.
Ба таври муфассал дар ҷадвали зерин ба он ишора мекунам:
 
Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 868 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Барои чорпоёни хонагӣ мисли шутур, гов, говмеш, гӯсфанд, буз ва асп закот тааллуқ мегирад.

Дар шароити зерин барои ин чорпоён закот фарз аст:

... идома »

Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 901 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Нисоби тилло

Нисоби тилло 20 мисқол аст. Ҳар мисқол тақрибан 4,5 гр буда, нисоби комили тилло тақрибан 90 гр мебошад. Агар шахсе ин миқдор тилло дошта ва як соли қамарӣ бар он сипарӣ гардида бошад, бар вай лозим аст, ки ним мисқол, яъне 2,25 гр тиллоро ба унвони закот бипардозад.

● Ҳар ки баробари қимати 20 ... идома »

Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 1012 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

Молҳое, ки закот дар онҳо фарз аст, инҳо ҳастанд:

1.      Чизҳои қиматбаҳо монанди тилло, нуқра, пул;

< ... идома »
Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 889 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Ҳар гоҳ касе дорандаи шароити зерин бошад, закот барояш фарз аст:

1.          Озод ... идома »

Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 886 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Бидон, ки закот дуюмин фарзи Худо бар бандагон баъд аз намоз аст ва Худо онро дар Қуръон ҳамеша ҳамроҳи намоз ёдовар шудааст:

 

وَأَقِيمُواْ الصَّلاَةَ وَآتُواْ الزَّكَاةَ ... идома »

Категория: Аҳкоми закот | Боздид: 870 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Рӯзаи назр рӯзаест, ки инсон ба қасди тақарруб ва наздикӣ ба Худо, бар худ рӯза гирифтанро лозим созад. Пас ҳар гоҳ касе рӯзаи як рӯз ё чанд рӯзро назр кунад, лозим аст ба назри худ вафо карда ва он рӯзҳоро рӯза бигирад. Фарқе надорад, ки назр дар рӯзҳои маълум бошад (мисли ин ки бигӯяд ман назр мекунам, ки дар фалон рӯзи муайян рӯза бигирам) ва ё рӯзҳо мушаххас набошад (монанди ин ки бигӯяд ман назр мекунам, ки рӯза мегирам), дар ҳар ду ҳол вафои ба назр лозим аст.

Рӯзаи нафл

... идома »

Категория: Аҳкоми рӯза | Боздид: 1520 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Бидон, ки агар касе, ки қасдан (бидуни узри шаръӣ) дар моҳи мубораки рамазон рӯзаашро бихӯрад, бояд ҳам рӯзаи қазо бигирад ва ҳам каффора бидиҳад.

Каффора се навъ аст:

... идома »

Категория: Аҳкоми рӯза | Боздид: 840 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Ҳар гоҳ шахсе ба сабаби узри шаръӣ (мисли сафар, беморӣ, ҳомилагӣ, ширдиҳӣ, ҳайзу нифос, девонагӣ ва ё беҳушӣ) дар моҳи рамазон рӯзаашро бихӯрад, вазифадор аст то дар рӯзҳои дигар ба ҷои он рӯзҳое, ки рӯзаашро хӯрдааст, рӯза бигирад. Ин рӯзаро дар шариат ба номи рӯзаи қазо ёд мекунанд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки набояд айёми рӯзаи қазо, мусодиф бо рӯзҳои наҳйшуда, монанди рӯзи иди фитр, рӯзи иди қурбон ва айёми сегонаи ташриқ бошад.
Категория: Аҳкоми рӯза | Боздид: 863 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Бидон, ки бо поён ёфтани моҳи мубораки рамазон, бар ҳар мусулмоне, ки дорои нисоби шаръӣ бошад, садақаи фитр воҷиб аст. Миқдори нисоби шаръӣ 200 дирҳам нуқра ва ё 20 мисқол тилло аст. Ҳамчунин агар ба қимати яке аз ин ду дорои пул бошад, бар ӯ низ садақаи фитр воҷиб мебошад.

Ҳамчунин касе, ки дорои нисоби шаръӣ нест, аммо манзил ва васоили изофӣ аз лавозими зиндагӣ дошта бошад, ки қимати онҳо ба андозаи нисоби шаръист, бар вай низ садақаи фитр воҷиб мебошад.

... идома »

Категория: Аҳкоми рӯза | Боздид: 957 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Рӯза бар се қисм аст:

1.      Рӯзаи фарз ... идома »

Категория: Аҳкоми рӯза | Боздид: 1838 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 5.0/2 | Шарҳҳо (0)

Бидон, ки яке дигар аз фаризаҳои Худо рӯза аст. Рӯза дар шариати исломӣ, худдорӣ кардан аст аз хӯрдану ошомидан ва аз алоқаи ҷинсӣ бо зан, аз тулӯи субҳи содиқ то ғуруби офтоб, ба нияти қурбат ва ибодати Худо.

Паёмбари ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар бораи фазилати рӯза мефармояд:

 < ... идома »

Категория: Аҳкоми рӯза | Боздид: 1002 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Назари соҳиби китоби “Рад‒ул‒муҳтор”
дар мавзӯи сохтани бино бар қубур

Уламои уммат, бино бар он чи аз фуқаҳои ҳанафӣ нақл шудааст, иҷмои амалӣ бар ин амал доштанд, ки рўи қубури авлиё ва бузургон санг гузошта ва бар он исму насаби ононро мунаққаш созанд, то ному нишонаи онҳо ... идома »

Категория: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Боздид: 993 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

Баррасии ҳадисҳое, ки салафиҳо дар
ин мавзӯъ ба он истидлол кардаанд (2)
Гуфта гузаштем, ки салафиҳо дар ин мавзўъ барои исботи иддаои худ ба ду ривоят истидлол кардаанд: яке ҳадиси Абулҳайёҷ ... идома »
Категория: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Боздид: 778 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Баррасии ҳадисҳое, ки салафиҳо дар
ин мавзӯъ ба он истидлол кардаанд (1)

Салафиҳо дар ин мавзўъ барои исботи иддаои худ ба ду ривоят истидлол кардаанд: яке ҳадиси Абулҳайёҷ ва дигаре ҳадиси Ҷоби ... идома »

Категория: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Боздид: 994 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Уммати исломӣ ва бино бар қубур

Дидем, ки салафимаслакон иддао мекунанд, ки уммат ва уламои исломӣ бар адами бино бар қубур иҷмоъ доштанд. Маънои ин сухан он аст, ки уммат аз ҳамон оғози рисолат иттифоқи назар доштанд, ки набояд биное бар қубур сохт ва ҳар куҷо ҳам, ки пайдо шавад, бояд бо замин яксон намуд.Агар ин иддаои салафиро дуруст ангорем, маънояш ин мешавад, ки мусулмонон ... идома »

Категория: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Боздид: 1065 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Салафиҳо дар бораи сохтани бино бар қубури авлиё ва бандагони солеҳи Худо мегӯянд:

Аммо бино бар қубур, ба иҷмои уламо мамнўъ аст, зеро аҳодиси ворида дар ин маврид саҳеҳ аст. Бинобар ин бисёре аз уламо ба вуҷуби вайрон кардани ин биноҳо фатво додаанд ва ба ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу) истинод кардаанд, ки он ҷаноб ба Абулҳайёҷ фармуд: Оё туро маъмур накунам ба коре, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ман амр фармуд ва барангехт? Он ин аст, ки ҳеҷ тимсолеро боқӣ нагузорӣ магар ин ки онро нобуд созӣ ва ҳеҷ ... идома »

Категория: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Боздид: 980 | Таърих: 21.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz