Барои камтар аз 5 сар шутури соима закоте тааллуқ намегирад. Аммо барои 5 сар ва бештар аз он закот тааллуқ мегирад.
Ба таври муфассал дар ҷадвали зерин ба он ишора мекунам:
N
Нисоб
Закот
1
5 то 9 сар
1 гӯсфанд
2
10 то 14 сар
2 гӯсфанд
3
15 то 19 сар
3 гӯсфанд
4
20 то 24 сар
4 гӯсфанд
5
25 то 35 сар
1 шутури модаи 1 сола
6
36 то 45 сар
1 шутури модаи 2 сола
7
46 то 60 сар
1 шутури 3 сола
8
61 то 75 сар
1 шутури 4 сола
9
76 то 90 сар
2 шутури 2 сола
10
91 то 120 сар
2 шутури 3 сола
11
125 то 129 сар
2 шутури 3 сола ва 1 гӯсфанд
12
130 то 134 сар
2 шутури 3 сола ва 2 гӯсфанд
13
135 то 139 сар
2 шутури 3 сола ва 3 гӯсфанд
14
140 то 144 сар
2 шутури 3 сола ва 4 гӯсфанд
15
145 то 149 сар
2 шутури 3 сола ва 1 шутури 1 сола
16
150 сар
3 шутури 3 сола
● Сипас аз 150 сар ба боло то замоне ки адади шутурҳо ба 196 то 200 сар нарасид, тибқи муҳосибаи боло ҳисоб хоҳем кард ва дар 196 адад шутур то 200 шутур, 4 шутури 3 сола закот вуҷуд дорад ва пас аз он боз муҳосибаро аз сар мегирем ва то ба охир …