Сешанбе, 19.03.2024, 07:18
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » Ахлоқи исломӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гар бипурсӣ Габрро к-ин осмон,

Офарида(и) кист в-ин халқу ҷаҳон?

Гӯяд ӯ к-ин офаридаи он Худост,

К-офариниш бар худоиаш гувост.

Куфру фисқу истами бисёри ӯ,

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?

Мо, ки иддаои мусалмонӣ ва бандагии Ҳақро дорем ва намоз мегузорем ва дар баробари Ӯ Таоло сар ба саҷда мениҳем, умедворем намозамон қабули даргоҳаш бигардад, ва агар на, мутмаин бошем, аз намозу ибодат ... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 1113 | Таърих: 30.04.2011 | Рейтинг: 5.0/1 | Шарҳҳо (0)

Тавсияҳое ахлоқӣ аз забони Имом Хумайнӣ (р)

Аз умуре, ки лозим аст аз барои муҷоҳид, мушората, муроқаба ва муҳосаба аст.

Мушората он аст, ки дар аввали рӯз, бо худ масалан шарт кунад, ки имрӯз бар хилофи фармудаи Худованди Таборак ва Таоло рафтор накунад ва маълум аст, ки як рӯз хилоф накардан, амре аст хеле саҳлу осон ва инсон метавонад ба осонӣ аз ӯҳда (-и он) барояд. Ту озим шав ва шарт кун ва ... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 753 | Таърих: 18.03.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар навиштори пешин перомуни чистии тақво баҳс намуда будем. Аммо дар ин мақола, ба баҳс дар бораи арзишу осори тақво хоҳем пардохт. Дар ин навиштор низ, аз мабоҳиси марҳуми шаҳид Мутаҳҳарӣ, ки дар китоби арзишманди "Даҳ гуфтор”-и хеш перомуни ҳамин мавзӯъ матолиби ҷолибе нигоштаанд, истифода хоҳем намуд.

Қатъи назар аз осори мусалламе, ки тақво дар зиндагии ухравӣ дорад ва ягона роҳи наҷот аз шақовати абадист, дар зиндагии дунявӣ низ арзишу осори зиёде дорад, то ҳадде ки бузургони динии мо тақворо барои рафъи ҳамаи дардҳо ва балоҳои ба ... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 755 | Таърих: 28.08.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Хушбархӯрддорӣ, мулойимат ва нармӣ дар муомила бо мардумон, ҳар касе ки набошад, чи диндор бошад ва чи бедин, яке аз дастуроти ботаъкиди ислом ба мусалмонон аст.

Исломи азиз, моро дастур медиҳад, ки ҳатто бо касе ки сари душманӣ дорем, хушбархӯрд бошем, ва он гоҳ ҳамин некрафтории мо чи басо боиси наздикӣ ва тарки адоват аз ҷониби вай бо моён гардад:

"Некӣ ва бадӣ баробар нест, (аз ин рӯ, бадии дигаронро) ба шевае, ки некӯтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ) он гоҳ касе ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, ҳамчун дӯсте наздик ва меҳрубон гардад”. (Фуссилат/34).

... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 1088 | Таърих: 04.05.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ 

Одамӣ, дар фитрати хеш, ҳақҷӯ ва ҳақдӯст аст. Ҳар ҷо андешаеро ҳақ ва дуруст дид, мепазирад. Ҳар гоҳ кирдореро некӯ ва хуб ёфт, қабул мекунад. Офаридгор ӯро чунин офарида. Ин аз як сӯ.

Аз сӯи дигар, мо мусалмонон муддаӣ ҳастем, дини мо ҳақ аст; ҳам ақоидаш мутобиқ бо воқеъ ва рост ҳастанд, ва ҳам кирдору рафторҳое, ки мавриди тавсияи ӯст, дуруст ва некӯ мебошанд.

Ҳол, агар чунин аст, пас чаро мебинем бархе аз ислом мегурезанд? Одамони баде ҳам нестанд, ки бигӯем, аз рӯи лаҷоҷат чунин мекунанд. Ҳаргиз.

Ғолибан, гурез ва дурӣ гузидани бархе аз ин ойини пок, ба хот ... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 1007 | Таърих: 01.05.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Яке аз ахлоқи нописанд дар Ислом, ки мавриди мазаммати шадид қарор гирифта аст, ин мироъ ва ҷидол мебошад. Барои фаҳмидани маънои мироъ ва ҷидол, мисоле мезанам.Дар як маҷлисе касе суханронӣ мекунад ва он кас мавриди писанди ту нест ва ту мехоҳӣ ӯро дар назди ҳозирон беобрӯ кунӣ. Он гоҳ шурӯъ мекунӣ ба танқиди суханони вай.
Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 863 | Таърих: 20.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Хавфу раҷо аз аломатҳои тақводорон аст. Ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) дар як хутбае, ки маъруф ба “хутбаи порсоён” аст, хавфу раҷо доштанро аз аломатҳои мардони парҳезгор медонад. Албатта ҳазраташ дар ин хутба, илова бар хавфу раҷо, дигар нишонаҳои мардони парҳезгорро низ баён кардааст. Барои истифодаи бештар тамоми хутбаро бароят нақл мекунам:
Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 981 | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Яке аз мақомоти соликин, раҷо ва хавф аст. Дар забони тоҷикӣ ба раҷо умед ва ба хавф тарсу бим мегӯянд. Умед ба раҳмати Худо ва тарс аз азоби Ӯ. Бандаи мӯъмин бояд ҳамеша байни раҷо ва хавф зиндагӣ кунад. На чунин бошад, ки бо такя ба раҳмати Худо, ки Худо зоти бахшанда ва меҳрубон аст ва ҳамаи гуноҳонро мебахшад, бепарво зиндагӣ карда ва анҷоми гуноҳ барояш мисли об хӯрдан гардад. Ва на чунин ҳам бошад, ки бо тарс аз хашму ғазаб ва азоби Худо, ноумед аз раҳмату бахшоиши Худо гардад.

... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 798 | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Бидон, ки тавба, ки дар тоҷикӣ ба маънои бозгаштан аз гуноҳон аст, аз се чиз тартиб ёфтааст: илм, ҳол ва феъл. Аз илм ҳол ба вуҷуд меояд ва аз ҳол феъл.
Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 943 | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

Таваккул

Аз ахлоқи ҳамида ва аз мақомоти соликон, яке таваккул аст. Таваккул, яъне вогузорӣ ва эътимод. Он ҷо ки мегӯяд ба Худо таваккул кардам, яъне корамро ба Худо вогузор намудам ва ба Ӯ эътимод намудам.

... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 953 | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2024  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz