Сешанбе, 19.03.2024, 05:35
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Бахшҳо
Мои статьи [6]
Аслӣ » Мақолаҳо

Кулли материал дар феҳрист: 6
Матералҳои ироа шуда: 1-6

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дағдағаи хотири табақаи рӯшанфикри тоҷик дар ду даҳаи ахир, бештар ин буд ва ҳанӯз ҳам ҳамин аст, ки тоҷикон хештанро бишносанд ва ба "худ” оянд. Дар ин росто гомҳои зиёде низ бардошта шуда. Аммо...

Хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойиро метавон ду гуна арзёбӣ кард, ва ба баёни расотар, метавон аз ин падида, ду гуна бардошт дар зеҳн дошт, ки ба назари камина яке осори мусбат дорад, ва дигаре на ин ки ба худии худ ғалат бошад, балки осори бас манфие ба бор дорад.

Ибтидо, гунаи нодурусти онро тавзеҳ бидиҳам, сипас ба шарҳи навъи саҳеҳи он хоҳам пардохт. Он гоҳ ташхиси ин ки кадомин аз ин ду бардошт дар мухайялаи рӯшанфикрони ҷомеаи мо ҷой дошта ва дар ин ду даҳа дар пайи тарвиҷи он буданд (ва ҳастанд), бар ӯҳдаи худи хонандаи азиз аст.

Мои статьи | Боздид: 1519 | Добавил: istaravshani | Таърих: 02.06.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба ҷои муқаддима

Мутаассифона, таомули пайравони адён бо якдигар, ва ё ҳатто мазоҳиби мухталиф дар дохили як дин, аз куҳан ва то ба имрӯз, бар асоси навъе "ҷанг” устувор аст то "гуфтугӯи созанда”. Талоши ҳар яке, ин аст, ки то метавонад, мухолифи хеш дар андешаро бикӯбад ва аз саҳна берун ронад, то худ яккатози майдони андеша гардад.

Ва ин, мебинем, дуруст бар хилофи дастуротест, ки кутуб ва манобеи адён ба сӯйи он мехонанд. Масалан, Қуръони карим, китоби осмонии мусалмонон, таомули гаравандагон ба ойини ислом бо аҳли китоб яъне яҳуду насоро-ро, бар асоси гуфтугӯ қарор медиҳад; гуфтугӯе, ки меҳвар ва асоси он, андешаҳои муштарак миёни мусалмонон ва аҳли китоб аст. Хитоб ба паёмбари гиромии ислом (с) мефармояд: "Бигӯ (ба ин яҳуду насоро, ки) эй аҳли китоб! Биёед ба сӯйи сухане (гаройем), ки миёни мову шумо яксон аст: ин ки ҷуз Худои якторо напарастем ва чизеро бо ӯ шарик насозем, ва бархе аз мо бархе дигарро ба ҷои Худои якто ба худойӣ нагирад...” (Оли Имрон/64).

Мои статьи | Боздид: 1441 | Author: Сайидюнуси Истаравшани | Добавил: istaravshani | Таърих: 23.03.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

  Сазовор аст дар ин ҷо сухане аз имоми сухан биёварем. Яке аз ёрони он ҷаноб дар боби ҳадисҳо ва хабарҳои гуногун ва зидду нақизе, ки дар дасти мардум буд, аз ў савол кард. Имом Алӣ дар посух фармуд:

Мои статьи | Боздид: 1140 | Author: Сайидюнуси Истаравшанӣ | Добавил: istaravshani | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

  Дар баробари вазъи номатлуб ва ё ақоиди ифротӣ ё тафритии роиҷ дар ҷомеа, ба фикри ислоҳ баромадан, дар ҳадди зоти худ кори нописанде нест, балки аз назари Ислом як воҷиб ва вазифаи динӣ мебошад.

Мои статьи | Боздид: 1150 | Author: Сайидюнуси Истаравшанӣ | Добавил: istaravshani | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

  Хавориҷ яке аз он гурўҳҳое мебошад, ки омили пайдоиши он, ҷаҳолат ва нодонӣ будааст. Мабдаи пайдоиши ин фирқа дар аснои ҷанги Сиффин, (ки дар замони хилофати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) миёни сипоҳиёни Алӣ ва сипоҳиёни Муовия даргирифт) дар натиҷаи ихтилофи рухдода байни сипоҳиёни Алӣ мебошад.

Мои статьи | Боздид: 1700 | Author: Сайидюнуси Истаравшанӣ | Добавил: istaravshani | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

  Яке аз асоситарин омил, агар нагўем танҳотарини он дар пайдоиши фирқаҳои гуногун байни пайравони ҳар дине ва дар натиҷа ҷудоӣ ва дурии онҳо аз якдигар ва гоҳе душманӣ ва хунрезиҳое миёни онон, ин омили ифрот ва тафрит аст. Ифрот ва тафрите, ки аз бадфаҳмӣ ва бардошти нодуруст аз маорифи динӣ сарчашма мегирад.

Мои статьи | Боздид: 1599 | Author: Сайидюнуси Истаравшанӣ | Добавил: istaravshani | Таърих: 19.11.2008 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сафҳаи вуруд
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz