Панҷшанбе, 25.04.2024, 12:41
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » Симои идеологии Ислом

ё, пазириши фарзияи Дорвин, лузуман "маймунпарастӣ” нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гузашта аз дурустӣ ва ё ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 2069 | Таърих: 17.06.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

(ё тааммулоте перомуни доштан ва ё надоштани адабиёти ҳизбӣ аз барои ҲНИТ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пӯшида нест, ки яке аз авомили такомул ва пешрафти ҳар ниҳоду дастгоҳ, аз ҷумла як ҳизб, таваҷҷӯҳ ба нақди мунтақид ва ислоҳи хештан бар асоси он аст, ҳол, чи аз дарун бархос ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1205 | Таърих: 30.04.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Тааммулоте бар тавҷеҳоти раиси мӯҳтарами Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба лоиҳаи қонун "Дар бораи...”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Муддатест оро ва андешаҳое мувофиқу мухолиф перомуни лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд” дар ҷомеаи азизамон ба вижа дар расонаҳо матраҳ мешавад. Ахиран, раиси мӯҳтарами Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдураҳим Холиқов, дар гуфтугӯ бо бародари азизамон Амруллоҳи Низом, хабарнигори сомонаи Рӯзгор, матолиберо баён фармуданд, ки ба назари эшон, тавҷеҳкунандаи зарурати тасвиби қонуни номбурда мебошад.

Ба наза ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1112 | Таърих: 10.03.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон

Қисмати сеюм (саволу ҷавоб)

Ҳар чи ҷанбаи сиёсӣ надошт, мавриди қабул воқеъ гардид

Савол: Устод аз шумо саволе дорам, дар тӯли он панҷ соле, ки дар парлумон иштирок доред, оё ягон лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардед, ки дар парлумон қабул шудааст?

Матлаби баъдии ман ин аст, ки ба фикри ман, дар Тоҷикистон як рӯз намерасад, рӯзи ихтироъкорон; пешниҳод мешавад, масалан ҳафтае як рӯз ба унвони рӯзи ихтироъкорон муайян гардад ва ин рӯз ба унвони ҷашни ихтироъкорӣ шинохта шавад ва дар ин рӯз ихтирооти ҷад ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1406 | Таърих: 02.01.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон

Қисмати аввал

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон.

Бародарон ва хоҳарони азиз,

Пеш аз ҳама Худовандро шукр мегӯем, ки пас аз сафарҳои тӯлонӣ, боз бо якдигар рӯбарӯ шудему ҳамаи шуморо сиҳҳату саломат ва бо руҳияи хуб дар ватан пайдо кардем...

Гузорише кӯтоҳ аз сафари ахир

Сафарҳои урупоии мо аксаран суханрониҳо дар назди донишҷӯён, коршиносон ва олимони урупоӣ буд, чи дар Ландан ва чи дар Берлин. Хотимаи сафарҳоямон, бо ду рӯз меҳмонӣ назди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Вл ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1093 | Таърих: 31.12.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳусайнҷон! Чӣ қадр дар ин рӯзгорон ба яке мисли ту ниёзмандем! Ниёзмандем то биёяд ва ин уммати саргардону хештаннашносро таконе диҳад ва бедораш созад, чунон ки ту дар рӯзгорони худ ононро бар шинохти хештану Худояшону Паёмбарашон водорашон сохта будӣ...

Ниёзмандем то биёяд ва ба инон, чи "шиаёнаш”, ки дам аз пайравии ту мезананд ва чи "сунниҳояш”, ки туро нашнохтанд, бифаҳмонад, ки бероҳа мераван ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1858 | Таърих: 09.12.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нигоҳи дуруст ба мусалмон будани мо тоҷикон, кадомин нигоҳ аст? Оё ин аст, ки ислом ҷузъи суннатҳои мо ва он чи аз падару бобоёнамон ба "мерос” бурдаем? Яъне агар мо худро мусалмон медонем, бад-ин сабаб аст, ки чун падаронамон мусалмон омадаанд, ки агар масалан масеҳӣ ва ё зардуштӣ буданд, ногузир мо низ масеҳӣ ё зардуштӣ будем? Дуруст мисли он ки бузургдошти иди Наврӯзро ба унвони як суннат ва фарҳанги миллӣ аз эшон ба мерос бурдаем, ва чун ҷузъи сунани миллии мо ба шумор меравад, мо низ ҷашн мегирем? Ё ин ки на, бояд нигариши мо ба мусалмон буданамон гунае дигар бошад?

... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 822 | Таърих: 24.10.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Эй Озодӣ! Туро дӯст дорам, ба ту ниёзмандам, ба ту ишқ меварзам, бе ту зиндагӣ душвор аст, бе ту ман нестам. Ҳастам, аммо ман нестам; як мавҷуде хоҳам буд тухолӣ, пук, саргардон, бе умед, сард, талх, безор, бадбин, кинадор, уқдадор, бе тоб, бе руҳ, бе дил, бе рӯшанӣ, бе ширинӣ, бе интизор, беҳуда. Манӣ бе ту, яъне ҳеҷ... Эй Озодӣ! Ман аз ситам безорам, аз банд безорам, аз занҷир безорам, аз зиндон безорам.., аз ҳар чӣ ва ҳар кӣ туро дар банд мекашад, безорам. Зиндагиям ба хотири туст, ҷавониям ба хотири туст, буданам ба хотири туст... Эй Озодӣ! Чӣ зиндонҳо бароят кашидаам, ва чӣ зиндонҳо хоҳам кашид ва чӣ шиканҷаҳо таҳаммул кардаам ва чӣ шиканҷаҳо таҳаммул хоҳам кард. Аммо ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1485 | Таърих: 09.10.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рост гуфта он абармард он ҷо ки мегӯяд: "Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост”. Бархе, ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз фикр мекунанд, сабаби тахаллуф ва ақабафтодагии мо мусалмонон, дар ислом нуҳуфта. Дар ҳоле ки таварруқи сафа ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 876 | Таърих: 08.10.2010 | Рейтинг: 5.0/1 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дин, дар як сухан, роҳи зиндагӣ аст. Одами зинда, чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, чун зинда аст, ногузир роҳеро мепаймояд. Мо, инсони зиндае, ки дар ҷодаи зиндагӣ роҳ наравад суроғ надорем магар он ки мурда бошад. Пас, ҳама диндоранд, бо ин тафовут, ки бархе аз дини хеш, ё ҳамон роҳи худ, огоҳанд, бархе ҳам огоҳ нестанд, ва гурӯҳе низ хештанро ба надонистан мезананд, аммо ба ҳар ҳол, ҳама, бидуни истисно, диндоранд, ва одами бедин вуҷуди хориҷӣ надорад.

Пурсише, ки ин ҷо худнамоӣ мекунад ин аст, ки агар муддао чунин аст, пас, касоне, ки "бедин”-ашон мехонем, чӣ касоне ҳастанд? Посух ин аст, ки ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 975 | Таърих: 06.10.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

1 2 3 »
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2024  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz