Савол: Вазифаи мусулмон дар фурўи (шохаҳои) дин чист? Оё дар фурўи (шохаҳои) дин аз қабили ин ки аҳкоми намоз кадомҳоянд ва ба чӣ далел такя доранд ва аҳкоми рўза кадомҳо мебошанд ва далелашон чист низ таҳқиқ ба амал оварад, ё метавонад дар ин замина аз фақеҳ (мутахассис) тақлид ва пайравӣ намояд?
Ҷавоб: Дар фурўи дин мусулмон метавонад аз мутахассис (фақеҳи динӣ) пайравӣ намояд. Аслан вазифааш он аст, ки агар худ мутахассис дар ин соҳа нест, ба фақеҳ муроҷеа кунад.
Тавзеҳ ин ки дар фурўи дин, аз он ҷо ки амали истинботи аҳкоми динӣ аз манобеъ ва сарчашмаҳои он (Қуръон, суннат, иҷмоъ, ақл) кори душворе аст ва барои ҳар касе муяссар нест, бинобар ин Ислом чунин амалеро танҳо бар порае аз мусулмонон лозим гардонида ва бақияро вазифадор сохта аст, ки дар онҳо (яъне аҳком), аз он гурўҳи мутахассис тақлид ва пайравӣ намоянд. Дар Қуръон омада аст:
وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنفِرُواْ كَآفَّةً فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُواْ إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ.
“Ва ҳамаи мўъминонро нашояд, ки берун раванд. Пас чаро аз ҳар гурўҳе аз эшон ҷамъе берун нараванд (ва дастае бимонанд) то дониши дин биомўзанд ва мардуми худро онгоҳ ки ба сўи эшон баргарданд ҳушдору бим диҳанд, шояд ки битарсанд ва бипарҳезанд?” (Сураи Тавба, ояти 122).
Ин оят чунин гуфтанӣ аст, ки бояд дастае аз мўъминон (на ҳамаашон) дар улуми динӣ мутахассис гардида ва ба дигарон онро бирасонанд, ки шояд бақия бипарҳезанд.
Аз ҳамин ҷост, ки уламои исломӣ гуфтаанд, ки омўзиши илм дар заминаи усули дин (ақоид) бар ҳар фарди мусулмон − чӣ мард ва чӣ зан − фарзи айн аст, вале дар заминаи фурўи дин (ё аҳком) фарзи кифоя.
Пас, хулоса ин шуд, ки ҳарчанд ҳар мусулмоне аз лиҳози фурўи дин (аҳком) вазифа дорад тақлид ва пайрави яке аз мазоҳиби фиқҳӣ бошад − ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дастае аз мусулмонон ҳанафӣ, гурўҳе шофеӣ, тоифае моликӣ, порае ҳанбалӣ, қисмате ҷаъфарӣ ва ғайра мебошанд − вале ба лиҳозӣ усул ва ақоид набояд чунин бошад. Ва ба ҳамин хотир аст, ки мо ҳанафимазҳабоне дорем, ки ба лиҳози ақоидӣ бархе ашъарӣ, бархе мотуридӣ, бархе мўътазилӣ ва бархе аслан пайрави ҳеҷ як аз макотиби ақоидии номбурда набуда, балки дар заминаи ақоид пайрави мактаби урафо ва тасаввуф ҳастанд, ки сарчашма дар дидгоҳҳои Муҳйиддини Арабӣ дорад.
|