Шанбе, 20.04.2024, 15:24
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Рӯзаи назр ва рӯзаи нафл
Рӯзаи назр ва рӯзаи нафл
02:48

Рӯзаи назр рӯзаест, ки инсон ба қасди тақарруб ва наздикӣ ба Худо, бар худ рӯза гирифтанро лозим созад. Пас ҳар гоҳ касе рӯзаи як рӯз ё чанд рӯзро назр кунад, лозим аст ба назри худ вафо карда ва он рӯзҳоро рӯза бигирад. Фарқе надорад, ки назр дар рӯзҳои маълум бошад (мисли ин ки бигӯяд ман назр мекунам, ки дар фалон рӯзи муайян рӯза бигирам) ва ё рӯзҳо мушаххас набошад (монанди ин ки бигӯяд ман назр мекунам, ки рӯза мегирам), дар ҳар ду ҳол вафои ба назр лозим аст.

Рӯзаи нафл

Рӯзаи нафл рӯзаест, ки мусулмон ба ҷиҳати хушнудии Худо рӯза бигирад. Ҳарчанд ин рӯза дар ҳадди зоти худ фарз нест, вале ба сабаби шурӯъ, лозим ва фарз мегардад ва агар фосид кард, бояд қазояшро бигирад.

● Бидон, ки рӯзаи нафл дар баъзе айём шоиста ва дар бархе дигар макрӯҳ аст.

Рӯзҳое, ки рӯза дар он шоиста мебошад, ба ин шарҳ аст;

1.      Рӯзи Арафа, албатта дар сурате ки ҳоҷӣ набошад;

2.      Шаш рӯзи аввали моҳи шаввол (ба истиснои рӯзи ид);

3.      Айёми биз, яъне 13, 14 ва 15 аз ҳар моҳи қамарӣ.

Аммо рӯзҳое, ки дар он макрӯҳ аст, инҳост:

1.        Ихтисос додани рӯзи ҷумъа ва ё шанбе барои рӯзаи нафл;

2.        Тамоми умр рӯза гирифтан;

3.        Рӯзҳои сегонаи Ташриқ.

Бахш: Аҳкоми рӯза | Просмотров: 1518 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz