Ҷумъа, 26.04.2024, 02:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Тасаввуф чист ва сӯфӣ кист?
Тасаввуф чист ва сӯфӣ кист?
04:40

Тасаввуфкалимаи арабӣ ва масдар аст ба маънои сӯфӣ шудан” ва ё сӯфӣ будан”.Аммо дар ин ки вожаи “сӯфӣ” аз кадом чиз иштиқоқ шудааст, дидгоҳҳои гуногуне вуҷуд дорад, ки ба порае аз онҳо ишора мекунем:

Баъзеҳо гуфтаанд, ки аз калимаи “сифат” гирифта шудааст, чун тасаввуф, яъне ороста шудан ба сифатҳои нек ва тарк кардани сифатҳои нописанд.[1]

Баъзеи дигар бар онанд, ки аз калимаи “сафо” ба маънои покӣ аст. Абулфатҳи Бастӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) дар шеъре, ки ба ин мазмун аст мегӯяд:

Мардум дар бораи “сӯфӣ” бо ҳам низоу ихтилоф карданд. Баъзе гумон карданд, ки аз калимаи “суф” (пашм) гирифта шудааст. Аммо ман ин исмро ҷуз барои ҷавоне, ки соф (пок) гардида ва пок карда шуда ва он гоҳ “сӯфӣ” номида шудааст намениҳам.[2]

Баъзе ҳам мӯътақид ҳастанд, ки аз калимаи “суффа” гирифта шудааст. Абдулқодир Исо, соҳиби китоби “Ҳақоиқ анит‒тасаввуф” мегӯяд:

“Сӯфӣ тобеи “Аҳли Суффа[3]дар сифоте, ки Худо барои онҳо собит кардааст мебошад. Аҳли Суффа, пештозони нахустин аз мардони тасаввуф мебошанд. Зиндагонии ҳамроҳ бо ибодату парастиши холисонаи онон, намунаи аълое буд, ки мардони тасаввуф дар асрҳои баъдӣ онро барои худ улгу қарор доданд”.[4]

Баъзе тасаввуфро аз калимаи “сафва” ба маънои баргузида медонанд, чунон ки Имом Қушайрӣ бар он аст.

Касоне ҳам ҳастанд, ки онро аз калимаи “саф” донистаанд. Зеро ба гуфтаи Абдулқодир Исо, гӯё сӯфиён бо қалбҳои хеш ба ҷиҳати ҳузурашон бо Худои Таоло ва пешдастии худ дар тоатҳо, дар саффи аввал қарор доранд.[5]

Баъзеҳо бар онанд, ки сӯфиро аз он ҷиҳат сӯфӣ гуфтаанд, ки либоси пашминаи хашин бар тан мекунад. Сӯҳравардӣ, соҳиби китоби “Авориф ал‒маориф” мегӯяд: “Иштиқоқи тасаввуф аз “суф” (ба маънои пашм), аз ҳар иштиқоқи дигар муносибтар аст, чун ки мегӯянд: Тасаввафа, яъне пашмина пӯшид, ҳамчунон ки мегӯянд: Тақаммаса, яъне ҷома бар тан кард. Пас сӯфиёнро ба либоси зоҳирашон мансуб кардаанд, ки аз ҳар нисбате равшантар аст”.[6]

Абдулқодир Исо пас аз зикри таърифҳои гуногун мегӯяд: “Ҳоло, ҳар чи буд, тасаввуф маъруфтар ва шинохтатар аз он аст, ки ба таърифи лафзӣ ниёзманд бошад. Пиндори бархеҳо дар бораи ин лафз, ки дар замони саҳоба ва тобеин, аз он хабаре набуд, мавриди қабул нест. Чаро ки бисёре аз истилоҳот ва вожаҳо баъд аз замони саҳоба ба вуҷуд омада ва истеъмол шуда ва мавриди инкор ҳам қарор нагирифтааст, монанди вожаҳои наҳв, сарф, мантиқ ва ғайра.

Дар ҳар сурат, мо коре ба лафзу таъбирҳо надорем, муҳим маъно ва ҳақиқат аст. Муроди мо аз тасаввуф, тазкияи нафс, поксозии калбҳо, ислоҳи ахлоқ ва вусул ба мартаби эҳсон аст. Тасаввуф ҷуз инҳо нест. Ҳоло, агар касе хост, метавонад унвони онро чизи дигаре гузорад, мисли он ки баъзе номи онро “Буъди руҳӣ дар Ислом”, ё “Буъди эҳсон дар Ислом” ва ё “Буъди ахлоқ дар Ислом” ва аз ин қабил унвонҳо гузоштаанд. Лекин дар урфи исломӣ унвони он “тасаввуф” шинохта шудааст”.[7]
Бо мулоҳизаи таърифҳое, ки аз ҳар як аз “ирфон” ва “ориф” ва ё “тасаввуф” ва “сӯфӣ” шудааст, метавон ба ин натиҷа даст ёфт, ки ирфон ва тасаввуф ҳикоят аз як маъно ва ҳақиқат мекунанд ва миёни онҳо тафовуте вуҷуд надорад.


[1]‒ Иқоз ул‒ҳимам фи шарҳил‒ҳикам, Аллома Ибни Аҷиба, саҳ.6.

[2]‒ Ҳамон манбаъ.

[3] ‒ “Аҳли Суффа” ба теъдоде аз мусулмонони фақир ва зоҳиди садри Ислом гуфта мешавад, ки дар “Суффа”, ки воқеъ дар масҷиди набавӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошад сокин буданд ва мусулмонони дигар аз онон дастгирӣ мекарданд. Шабоҳати авсофи сӯфиён ба Аҳли Суффа сабаб шудааст, ки баъзеҳо вожаи “сӯфӣ”‒ро баргирифта аз ҳамин калима донанд.

[4] ‒ Ҳақоиқ анит‒тасаввуф, Абдулқодир Исо, саҳ.19.

[5]‒ Ҳамон манбаъ.

[6] ‒ Авориф ал‒маориф, матбӯъ дар ҳошияи Эҳёи улуми дин, ҷ.1, саҳ.293‒294.

[7] ‒ Ҳақоиқ анит‒тасаввуф, Абдулқодир Исо, саҳ.20.

Бахш: Ирфони исломӣ | Просмотров: 2365 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz