Савол: Бо таваҷҷўҳ ба он чи гуфта шуд, чӣ ишколе дорад, ки иддаои ваҳҳобиҳо мабнӣ бар ҳуҷҷат будани фаҳми салафро, як навъ иҷтиҳод аз ҷониби онҳо бидонем? Зеро онҳо низ дар натиҷаи иҷтиҳодашон ба ин хулоса расидаанд, ки фаҳми салаф дар масоили исломӣ ҳуҷҷат мебошад?
Ҷавоб: Агар ваҳҳобиҳо воқеан дидгоҳи худро ба унвони як иҷтиҳоде (дар канори дигар иҷтиҳодҳо), ки эҳтимоли хато будан ҳам дар он ҳаст матраҳ кунанд, ҳеҷ ишколе надорад. Ва дар ин сурат чи басо худро пойбанд бар эҳтироми иҷтиҳоди дигарон низ намоянд. Вале чунин нест ва худашон ҳам чи басо таваҷҷўҳ надоранд. Зеро мушкил ин ҷост, ки онҳо фақат ва фақат дидгоҳи худро дуруст − то ҷое ки эҳтимоли хатое дар он нест − дониста ва дигар дидгоҳҳоро сар то по нодуруст қаламдод карда ва ғайри худашонро ҳатто аз ҷиргаи миллати исломӣ хориҷ медонанд.
|