Чоршанбе, 24.04.2024, 23:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (4)
Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (4)
01:27
Баррасии ҳадисҳое, ки салафиҳо дар
ин мавзӯъ ба он истидлол кардаанд (2)
Гуфта гузаштем, ки салафиҳо дар ин мавзўъ барои исботи иддаои худ ба ду ривоят истидлол кардаанд: яке ҳадиси Абулҳайёҷ ва дигаре ҳадиси Ҷобир. Акнун навбати он аст, ки ҳадиси дуюмро аз назари санад ва далолат, мавриди баҳсу баррасии илмӣ қарор диҳем:

Ҳадиси Ҷобир:

Ин ҳадисро асҳоби Сиҳоҳ аз Ҷобир ривоят кардаанд. Матни ҳадис ба шарҳи зерин аст:

حدثنا أبو بكر بن أبي شيبة حدثتا حفص بن غياث عن ابن جريج عن أبي الزبير عن جابر قال: نهى رسول الله صلى الله عليه و سلم أن يجصص القبر وأن يقعد عليه وأن يبنى عليه.

Абўбакр ибни Абўшайба аз Ҳафс ибни Ғиёс аз Ибни Ҷурайҷ аз Абўзубайр аз Ҷобир ҳадис гуфтааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз гаҷкории қабрҳо ва аз ин ки рўи он нишаста ва бино гардад наҳй кардаанд.[1]

а) Баррасии санади ривоят: Дар тамоми санади ин ривоят, ки ба иловаи Муслим аз ҷониби дигарон ҳам нақл шудааст, Ибни Ҷурайҷ (Абдулмалик ибни Абдулазиз ибни Ҷурайҷи Умавӣ) ва Абўзубайр (Муҳаммад ибни Муслими Асадӣ), ё бо ҳам омадаанд ва ё яке ворид шудааст. Ҳоли ин ду нафар равшан шавад, дигар лозим нест, ки дар бораи афроди дигар, ки дар санади ҳадис қарор гирифтаанд баҳсу гуфтугў кунем.

1. Ибни Ҳаҷар дар “Таҳзиб‒ут‒таҳзиб” дар бораи Ибни Ҷурайҷ аз Аҳмад ибни Ҳанбал нақл мекунад:

عن أحمد إذا قال ابن جريج قال فلان وقال فلان وأخبرت جاء بمناكير.

Агар Ибни Ҷурайҷ бигўяд: Фалонӣ ва фалонӣ ин чунин гуфт ва ба ман чунон хабар расид, (бидон, ки) аҳодиси мункарро нақл мекунад.[2]

Ҳам ў аз Доруқутнӣ нақл мекунад:

وقال الدارقطني تجنب تدليس ابن جريج فإنه قبيح التدليس لا يدلس إلا فيما سمعه من مجروح.

Аз тадлиси Ибни Ҷурайҷ бипарҳез, зеро ў ба сурати зишт тадлис мекунад. Ҳар мавқеъ ҳадисро аз фарди заиф бишнавад, тавре ҷилва медиҳад, ки ҳадисро аз сиқа шунидааст.[3]

Аз Ибни Ҳаббон нақл мекунад:

وكان يدلس

Ибни Ҷурайҷ дар ҳадис тадлис мекард.[4]

2. Ибни Ҳаҷар дар бораи Абўзубайр мегўяд:

قال عبدالله بن احمد قال ابي كان ايوب يقول حدثنا ابو الزبير وابو الزبير ابو الزبير قلت لابي يضعفه قال نعم.

Абдуллоҳ ибни Аҳмад (ибни Ҳанбал) мегўяд: Падарам гуфт: Аюб мегуфт: “Абўзубайр барои мо ҳадис гуфт, ҳол он ки Абўзубайр, Абўзубайр аст”. Аз падарам пурсидам: Магар ўро заиф медонист? Посух дод: Оре.[5]

Ҳам ў мегўяд:

وقال هشام ابن عمار عن سويد بن عبد العزيز قال لي شعبة تأخذ عن أبي الزبير وهو لا يحسن ان يصلي.

Ҳишом ибни Аммор аз Сувайд ибни Абдулазиз нақл мекунад, ки гуфт: Шўъба аз ман пурсид: Оё ту аз Абўзубайр ҳадис нақл мекунӣ, ҳол он ки вай наметавонад намозашро дуруст бихонад?[6]

Боз ҳам ў аз Шўъба чунин нақл мекунад:

قال شعبة لم يكن في الدنيا أحب إلي من رجل يقدم فاسأل عن أبي الزبير فقدمت مكة فسمعت منه فبينا أنا جالس عنده إذ جاء رجل فسأله عن مسألة فرد عليه فافترى عليه فقال له يا ابا الزبير تفتري على رجل مسلم قال انه اغضبني قلت ومن يغضبك تفتري عليه لا رويت عنك شيئا.

Маҳбубтарин чиз бароям дар ин дунё он буд, ки ҳаргоҳ касе бар ман ворид мешуд, аз вай дар бораи Абўзубайр мепурсидам. Баъдан худам мушарраф ба Макка шудам ва аз Абўзубайр ҳадис мешунидам. Боре дар маҳзари Абўзубайр нишаста будам, ки марде омад ва аз Абўзубайр масъалае пурсид. Абўзубайр бар ў посух дод ва тўҳмат зад. Гуфт: Эй Абўзубайр! Бар як марди мусулмон тўҳмат мезанӣ? Посух дод: Ӯ маро нороҳат кард. Гуфтам: Оё ҳар кас туро нороҳат кунад, бар ў тўҳмат мезанӣ? Дигар аз ту ҳадис нақл нахоҳам кард.[7]

б) Баррасии ҳадис аз назари далолат: Дар ин ҷо ҳам агар ҳадиси мазкурро аз назари санад (ба хотири он ки Муслим онро ривоят кардааст) бипазирем, аммо аз назари далолат, он маъноеро намерасонад, ки салафиҳо қасд мекунанд, ки биносозӣ бар қубур ҳаром бошад. Зеро наҳй аз чизе, заруратан гувоҳ бар таҳрим ва ҳаром қарор додани он чиз нест, балки гоҳе наҳйи таҳримист ва гоҳе наҳйи кароҳатӣ. Ин ки кадом наҳй, наҳйи таҳримист ва кадоме аз он наҳйи кароҳатӣ, инро фуқаҳо ташхис медиҳанд. Ҳоло, бояд бубинем назари уламо дар ин бора чист?

Тирмизӣ ин ҳадисро дар боби “Макрўҳ будани каҷкории қубур” зикр кардааст.[8] Нававӣ, шореҳи Саҳеҳи Муслим зимни шарҳи ҳадиси номбурда мегўяд:

وَأَمَّا الْبِنَاء عَلَيْهِ فَإِنْ كَانَ فِي مِلْك الْبَانِي فَمَكْرُوه ، وَإِنْ كَانَ فِي مَقْبَرَة مُسَبَّلَة فَحَرَام.

Биносозӣ бар қубур дар милки худи соҳиби қабр макрўҳ аст, вале дар сарзамини вақфӣ ҳаром мебошад.[9]

Вале бояд ба ин нукта ҳам ишора шавад, ки макрўҳ будани як чиз, монеъ аз он нест, ки гоҳе ба хотири як ришта умури муҳимтаре, аз он кароҳат даст бардошта шавад. Ҳаргоҳ таъмири қубур мояи ҳифзи асолати Ислом ва изҳори маваддат бар соҳиби қабр ва ё мояи ҳифзи осори исломӣ гардад, қатъан як чунин фоидаҳо на танҳо рафъи кароҳат мекунад, балки сабаб мегардад, ки чунин коре ба унвони нишона ва аломоти исломӣ мустаҳаб гардад.


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Муслим, ҷ.2, саҳ.667).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Таҳзиб‒ут‒таҳзиб, ҷ.6, саҳ.359).

[3] ‒ Ҳамон манбаъ.

[4] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.6, саҳ.360.

[5] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.9, саҳ.390.

[6] ‒ Ҳамон манбаъ.

[7] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.9, саҳ.392.

[8] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунан‒ут‒Тирмизӣ, ҷ.4, саҳ.306).

[9] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Шарҳ‒ун‒Нававӣ ало Муслим, ҷ.3, саҳ.391).

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 777 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz