Назари соҳиби китоби “Рад‒ул‒муҳтор”
дар мавзӯи сохтани бино бар қубур
Уламои уммат, бино бар он чи аз фуқаҳои ҳанафӣ нақл шудааст, иҷмои амалӣ бар ин амал доштанд, ки рўи қубури авлиё ва бузургон санг гузошта ва бар он исму насаби ононро мунаққаш созанд, то ному нишонаи онҳо аз байн наравад. Соҳиби китоби шарифи “Рад‒ул‒муҳтор” мегўяд:
(قَوْلُهُ لَا بَأْسَ بِالْكِتَابَةِ إلَخْ) لِأَنَّ النَّهْيَ عَنْهَا وَإِنْ صَحَّ فَقَدْ وُجِدَ الْإِجْمَاعُ الْعَمَلِيُّ بِهَا، فَقَدْ أَخْرَجَ الْحَاكِمُ النَّهْيَ عَنْهَا مِنْ طُرُقٍ، ثُمَّ قَالَ: هَذِهِ الْأَسَانِيدُ صَحِيحَةٌ وَلَيْسَ الْعَمَلُ عَلَيْهَا، فَإِنَّ أَئِمَّةَ الْمُسْلِمِينَ مِنْ الْمَشْرِقِ إلَى الْمَغْرِبِ مَكْتُوبٌ عَلَى قُبُورِهِمْ، وَهُوَ عَمَلٌ أَخَذَ بِهِ الْخَلَفُ عَنْ السَّلَفِ ا هـ وَيَتَقَوَّى بِمَا أَخْرَجَهُ أَبُو دَاوُد بِإِسْنَادٍ جَيِّدٍ {أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَمَلَ حَجَرًا فَوَضَعَهَا عِنْدَ رَأْسِ عُثْمَانَ بْنِ مَظْعُونٍ وَقَالَ: أَتَعَلَّمُ بِهَا قَبْرَ أَخِي وَأَدْفِنُ إلَيْهِ مَنْ تَابَ مِنْ أَهْلِي} فَإِنَّ الْكِتَابَةَ طَرِيقٌ إلَى تَعَرُّفِ الْقَبْرِ بِهَا. نَعَمْ يَظْهَرُ أَنَّ مَحَلَّ هَذَا الْإِجْمَاعِ الْعَمَلِيِّ عَلَى الرُّخْصَةِ فِيهَا مَا إذَا كَانَتْ الْحَاجَةُ دَاعِيَةً إلَيْهِ فِي الْجُمْلَةِ كَمَا أَشَارَ إلَيْهِ فِي الْمُحِيطِ بِقَوْلِهِ وَإِنْ اُحْتِيجَ إلَى الْكِتَابَةِ، حَتَّى لَا يَذْهَبَ الْأَثَرُ وَلَا يُمْتَهَنَ فَلَا بَأْسَ بِهِ.
Ин ки мегўяд: “Боке надорад, ки рўи қубур навишта шавад” ба ин хотир аст, ки наҳй аз он (яъне наҳй аз гаҷкорӣ ва биносозӣ бар рўи қубур) агар онро саҳеҳ бидонем, вале иҷмои амалӣ бар хилофи он аст. Ҳоким ривояти наҳйро аз чанд тариқ нақл карда, сипас гуфтааст: Ин санадҳо ҳарчанд саҳеҳ ҳастанд, аммо мебинем амали уммат бар хилофи он аст. Зеро мебинем, ки бар рўи қубури пешвоёни исломӣ, аз шарқу ғарб, ному насабашон навишта шудааст ва ин, амалест, ки халаф аз салаф онро гирифта омадаанд... Ин иҷмои амалиро ривояте, ки Абўдовуд бо санади некў нақл мекунад низ таъйид менамояд. Он ривоят ин аст: “Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сангеро бардоштанд ва бар сари қабри саҳобӣ Усмон ибни Мазъун ниҳода гуфтанд: “Бо ин санг қабри бародарамро аломат ва нишонагузорӣ мекунам ва ҳар он кас аз хонаводаамро низ, ки аҳли тавба ҳастанд, дар канори ў дафн менамоям”.
Пас китобат ва навиштан, роҳест барои шинохта шудани қубур. Албатта зоҳир аст, ки маҳалли иҷмои амалии уммат дар иҷозати китобат (рўи қубур), дар ҷоест, ки ниёз ба он бошад, ҳамчунон ки соҳиби китоби “Ал‒муҳит” ба он ишора карда мегўяд: Агар ниёз ба китобат ва навиштан бошад, ба ин хотир аст, ки то осор ҳифз ва нигаҳдорӣ шавад...
|