Закоти зироат ва киштукор
Закоти зироат ва киштукор ва ба таври куллӣ, ҳар он чи аз замин мерӯяд (ба истиснои чӯбу алаф), вобаста ба навъи обёриашон аст. Агар зироат ва ё мевае дар замини лалмӣ, ки аз тариқи оби борон обёрӣ мешавад кошта шавад, 10 дар сад аз маҳсули он бояд ба унвони закот пардохт гардад.
Аммо агар зироат ва ё мева дар замине кошта шавад, ки обёриаш дастӣ бошад (масалан аз чоҳ, оби кашонда ва ғайра), 5 дар сад аз кулли маҳсулро бояд ба унвони закот пардохт намуд.
Закоти асал
Агар асал дар замини ушрӣ, яъне замине, ки асолатан азони мусулмонҳост ҷамъоварӣ шавад, бояд 10 дар сади онро ба унвони закот ба мустаҳиққон ва ниёзмандон пардохт намуд. Аммо агар он замин хироҷӣ бошад, яъне замине бошад, ки соҳибаш ғайри мусулмон аст ва боҷи хироҷӣ аз ӯ ситонда мешавад, ба асали истеҳсолшуда аз он замин закот тааллуқ намегирад.
|