Молҳое, ки закот дар онҳо фарз аст, инҳо ҳастанд:
1. Чизҳои қиматбаҳо монанди тилло, нуқра, пул;
2. Чорпоёни хонагӣ мисли шутур, гов, гӯсфанд, асп;
3. Молҳои тиҷоратӣ;
4. Зироат ва меваҷот.
● Закоти ин чизҳо дар сурате фарз мешавад, ки ба як миқдори муайяне, ки ба он нисоби комил гуфта мешавад, бирасанд.
● Бидон, ки чизҳое, ки инсон дар зиндагии худ ва хонавода ба онҳо ниёз дорад, аз ҳисоби нисоби комил ҷудо аст, магар ин ки қасди тиҷорат дар онҳо вуҷуд дошта бошад. Мисоли чизҳое, ки аз ҳисоби нисоби комил хориҷ ҳастанд, инҳо мебошанд:
1. Хӯроку пӯшоки зарурӣ;
2. Асосияи манзил монанди зарф, фарш ва ғайра;
3. Васоили нақлия мисли мошин (дар ҳадди зарурат);
4. Манзиле, ки дар он зиндагӣ мекунад;
5. Китобҳои мавриди ниёз.
Гуфт: Касе, ки қарздор аст, оё барои ӯ низ закот фарз аст?
Гуфтам: Агар миқдори қарзаш ба андозаи ҳамаи молаш бошад, закот бар ӯ фарз нест. Аммо агар молаш бештар аз миқдори қарзаш буда ва ин моли зиёдатӣ, ба ҳадди нисоби комил бошад, закот бар он тааллуқ мегирад.
|