Ҷумъа, 19.04.2024, 02:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Закотро бояд ба кӣ пардохт?
Закотро бояд ба кӣ пардохт?
03:28

Тибқи фармони Қуръон, ҳашт тоифа ҳастанд, ки бояд ба онҳо закот пардохт:[1]

1.           Фақир: ӯ касест, ки мол дорад, вале молаш ба ҳадди нисоб нарасидааст;

2.           Мискин: касест, ки аслан моле надорад;

3.           Дастандаркорони садақот: касоне, ки аз ҷониби ҳукумат ва давлати исломӣ ҷиҳати ҷамъоварии садақот ва закоти мардум гуморида мешаванд ва инҳо аз ҳисоби закот ва садақоти ҷамъоваришуда моҳона мегиранд;

4.           Муаллафатул‒қулуб: касоне, ки дилашон ба гаравидан ба дини ислом майл пайдо кардааст. Ба хотири он ки дилгармии онон бештар шавад ва мусулмон шаванд, аз закот барои онҳо пардохт карда мешавад. (Албатта бояд қайд шавад, ки гоҳе шудааст, ки аз пардохтани закот ба ин гурӯҳ даст бардошта шуда, чунон ки ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) чунин карданд;

5.           Озод кардани ғуломон: агар замон, замони ғуломдорӣ ва бардадорӣ бошад, ҷиҳати озод кардани ғуломон, аз закоти моли мусулмонон истифода карда мешавад. Ин худ нишондиҳандаи он аст, ки дини мубини ислом ҳамеша таъкид бар каромати инсон намудааст ва ҳамин омил боис гардидааст, ки ғуломдорӣ аз байн биравад;

6.           Қарздор: барои қарздор ҷиҳати адои қарзаш, метавон аз закот истифода намуд. (Имрӯза (соли 2008 мелодӣ) дар диёри мо Тоҷикистон бисёре аз мардум ба хотири душвориҳои иқтисодӣ маҷбур ба гирифтани қарз шуда, вале аз адои он оҷиз мондаанд, бинобар ин касоне, ки закот мепардозанд, дар навбати аввал ба фикри қарздорон бошанд. Шахсе, ки қарздор аст, шарт нест, ки фақир ва ё мискин бошад, балки агар сарватманд буда, вале пуле барои адои қарз барояш набошад, метавонад аз моли закот, ҷиҳати пардохти қарзаш истифода намояд);

7.           Дар роҳи Худо: яъне дар роҳи таблиғу густариши дини мубини ислом дар ақсо нуқоти олам. Ҳамчунин пардохти закот барои раҳоии мусулмононе, ки мавриди зулму ситами золимон ва истеъморгарон қарор гирифтаанд низ, аз мисдоқи пардохти закот дар роҳи Худост, монанди пардохти закот барои раҳоии мусулмонони Фаластин аз дасти истеъмори Исроили ғосиб;

8.           Дармондагон дар роҳ: касоне, ки аз ватани худ дур афтода ва пулашон тамом шуда бошад, метавонанд аз закот истифода кунанд, ҳарчанд ин афрод дар манзил ва ватани худ сарватманд бошанд.

● Қобили ёдоварӣ бошад, ки закот барои зан ва ё шавҳар, фарзандону наберагон ва ҳамчунин ба падару модар ва бобоёну бибиҳо пардохта намешавад, ҳарчанд аз ҷумлаи афроди ҳаштгона бошанд, балки ин вазифаи ҳар кас аст, ки бар ин афроди номбурда аз худ харҷ карда ва ба ҳолашон бирасад.
Ҳамчунин закот ба саййидҳо, яъне касоне, ки аз хонадони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳастанд пардохт намегардад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) садақа гирифтанро барои онҳо ҳаром кардааст. Оре, саййид метавонад ба саййиди дигар закот бидиҳад, аммо ғайри саййид ба саййид садақа намедиҳад.


[1] ‒ Руҷӯъ шавад ба сураи Тавба, ояти 60.

Бахш: Аҳкоми закот | Просмотров: 1016 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz