Ҷумъа, 19.04.2024, 17:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Закот аз фаризаҳои илоҳист
Закот аз фаризаҳои илоҳист
02:54

Бидон, ки закот дуюмин фарзи Худо бар бандагон баъд аз намоз аст ва Худо онро дар Қуръон ҳамеша ҳамроҳи намоз ёдовар шудааст:

 

وَأَقِيمُواْ الصَّلاَةَ وَآتُواْ الزَّكَاةَ

 

Намозро барпо доред ва закотро бипардозед.[1]

Закот иборат аст аз пардохтани моли махсусе ба қасди қурбат ва итоати Худованди Мутаол ба касоне, ки мустаҳиққи закот ҳастанд.

Дар ҳадисе омадааст:

 

إِنَّ اللهَ تَبَارَكَ وَتَعَالَى قَرَنَ الزَّكَاةَ بِالصَّلاةِ فَقَالَ: «أَقِيمُوا الصَّلاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ» فَمَنْ أَقَامَ الصَّلاةَ وَلَمْ يُؤْتِ الزَّكَاةَ فَكَأَنَّهُ لَمْ يُقِمِ الصَّلاةَ.

 

Ҳамоно Худованди Таборак ва Таоло закотро қарини намоз қарор дода, фармудааст: “Намоз барпо доред ва закот бипардозед”. Пас касе, ки намоз гузорад, вале закот напардозад, гӯё намоз нахондааст.[2]

Оре, аз савоби намоз он гоҳ умед дорем, ки закоти моли худро дар вақташ бипардозем.

Закот мояи баракат аст. Дар ривояте мехонем:

 

إِذَا مُنِعَتِ الزَّكاةُ مَنَعَتِ الأَرْضُ بَرَكَاتِهَا

 
Ҳар гоҳ (мардум) закот напардозанд, замин (онҳоро) аз баракоташ маҳрум хоҳад сохт.[3]


[1] ‒ Сураи Бақара, ояти 43.

[2] ‒ Маҳаҷҷат ул‒байзо, асрори ибодот, саҳ.193.

[3] ‒ Ҳамон манбаъ.

Бахш: Аҳкоми закот | Просмотров: 869 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz