Ҷумъа, 26.04.2024, 10:56
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » Бойгонии ахбор

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,

Кам касе з-абдоли ҳақ огоҳ шуд.

(Мавлавӣ)

Яке аз айбҳои мо одамиён ин аст, ки кори инсонҳои дигарро бо кори худ қиёс мекунем. Мавлавӣ дар Маснавияш, зимни нақли достоне ширин, ин ... идома »

Категория: Достонҳои ибратангез | Боздид: 1126 | Таърих: 12.05.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Суханронӣ дар ҷамъи фарогирони Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат

Бахши аввал

Ишора: Ахиран, дар Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотии Донишгоҳи Мустафо (с)-и Эрон, нишасте таҳти унвони "Эҳёи тафаккури динӣ” бо ширкати ҷамъе аз фарогирон ва донишҷӯён баргузор гардид ва дар ин нишаст ... идома »

Категория: Ваҳдати исломӣ | Боздид: 821 | Таърих: 08.05.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Он фаридуни ҷаҳони маънавӣ,

Бас бувад бурҳони зоташ Маснавӣ.

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест пайғамбар, вале дорад китоб.

Яке аз роҳҳое, ки Қуръони Карим барои фаҳмондани маъное муайян, аз он баҳра ҷустааст, тамсил аст. Мавлавӣ низ, дар Маснавияш, ки бетардид "Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ”, ин шеваро нек ба кор баста. Мавлавӣ маорифи баландеро, ки дар ... идома »

Категория: Достонҳои ибратангез | Боздид: 2037 | Таърих: 05.05.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Диктотури Ироқ дар вопасин рӯзҳои зиндагиаш дар номае ба подшоҳи Арабистони Саудӣ эътироф кард, ки бозичаи дасти Амрико шуда ва Кувайтро бо чароғи сабзи Амрико ишғол кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Аннахил, пас аз сипарӣ шудани ҳашт сол аз суқути режими Саддом дар Ироқ, ҳар рӯз садҳо ва ҳазорон рози ҷадид аз иқдомот ва расвоиҳои ӯ ифшо мешавад.

Яке аз ин аснод, марбут ба номаи диктотури Ироқ ба Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистон, пеш аз эъдомаш аст, ки дар он, Садд ... идома »

Категория: Ҷаҳони исломӣ | Боздид: 1851 | Таърих: 05.05.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз замони ҳамлаи амрикоиҳо ба Афғонистон, ин бори шишум аст, ки эълом мешавад Бен Лодан кушта шудааст. Чӣ касе медонад, шояд чанд соли дигар, дар буҳбуҳаи муносибате муҳим; арафаи интихобот ё муносибате дигар, ки битавон аз ҷанозаи ин фард баҳрабардории сиёсӣ намуд, боз эълом хоҳад шуд, ки Бен Лодан кушта шуд!

Бори нахуст, моҳи десомбри соли 2001 буд, ки низомиҳои амрикоӣ эълом карданд, ҳангоми бомборони Туро-Буро дар шарқи Афғонистон, Бен Лодан кушта шуда. Чанде баъд, эълом шуд, ӯ ҳанӯз кушта нашуда будааст ва дар марзи миёни Афғонистон ва Покистон пинҳон аст ва Амрико барои зинда ё куштаи ӯ 50 милиюн дулор ваъда карда. ... идома »

Категория: Ҷаҳони исломӣ | Боздид: 1242 | Таърих: 03.05.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Бо кушта шудани Бен Лодан ва поён ёфтани торихи масрафи расонаӣ ва сиёсии Алқоида, суоли аслӣ дар ин миён ин аст, ки гузинаи баъдии "душман”-и Амрико чӣ касе хоҳад буд?

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико, дар як суханронии кӯтоҳ, хабари кушта шудани Усома бен Лодан, раҳбари маънавии шабакаи Алқоида ва душмани шумораи яки Амрикоро тайи амалиёти нерӯҳои вижаи Амрико дар Покистон, эълом кард.

Ин хабар ба суръат дар садри расонаҳои дунё қарор гирифт ва ба унвони нишонае аз пирӯзии Иёлоти Муттаҳида дар ҷанг бо "терури ... идома »

Категория: Ҷаҳони исломӣ | Боздид: 1305 | Таърих: 03.05.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

(ё тааммулоте перомуни доштан ва ё надоштани адабиёти ҳизбӣ аз барои ҲНИТ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пӯшида нест, ки яке аз авомили такомул ва пешрафти ҳар ниҳоду дастгоҳ, аз ҷумла як ҳизб, таваҷҷӯҳ ба нақди мунтақид ва ислоҳи хештан бар асоси он аст, ҳол, чи аз дарун бархос ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1205 | Таърих: 30.04.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гар бипурсӣ Габрро к-ин осмон,

Офарида(и) кист в-ин халқу ҷаҳон?

Гӯяд ӯ к-ин офаридаи он Худост,

К-офариниш бар худоиаш гувост.

Куфру фисқу истами бисёри ӯ,

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?

Мо, ки иддаои мусалмонӣ ва бандагии Ҳақро дорем ва намоз мегузорем ва дар баробари Ӯ Таоло сар ба саҷда мениҳем, умедворем намозамон қабули даргоҳаш бигардад, ва агар на, мутмаин бошем, аз намозу ибодат ... идома »

Категория: Ахлоқи исломӣ | Боздид: 1120 | Таърих: 30.04.2011 | Рейтинг: 5.0/1 | Шарҳҳо (0)

(ё таҳлиле мунсифона аз мавозеи Бозор Собир)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар қарор бошад афродро бар асоси дидгоҳҳо ва мавозеи сиёсиашон радабандӣ кунем, бо таваҷҷӯҳ ба андеша, гуфтор, навиштор ва мавозеи сиёсии Бозор Собир - шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик, сазовор аст ӯро дар радаи чапгароён; он ҳам аз навъи родиколаш, қарор ... идома »

Категория: Сухани ин ҳафта | Боздид: 1321 | Таърих: 25.04.2011 | Рейтинг: 2.0/1 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз (22.04.2011), зодрӯзи поягузори Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Влодимир Илич Ленин аст; касе, ки як давлати ба тамоми маъно тотилатарӣ бино ниҳода буд ва ҳудуди 75 сол, диёри мо низ зери парчами ӯ басар бурд. Баъд аз фурӯпошии ин абарқудрат, дар бораи салбиёти он даврон, зиёд шунидем ва фаров ... идома »

Категория: Достонҳои ибратангез | Боздид: 796 | Таърих: 23.04.2011 | Рейтинг: 4.0/2 | Шарҳҳо (0)

« 1 2 3 4 ... 40 41 »
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2024  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz