Шанбе, 20.04.2024, 09:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 3 » Бен Лодан бори дигар кушта хоҳад шуд?
Бен Лодан бори дигар кушта хоҳад шуд?
03:25

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз замони ҳамлаи амрикоиҳо ба Афғонистон, ин бори шишум аст, ки эълом мешавад Бен Лодан кушта шудааст. Чӣ касе медонад, шояд чанд соли дигар, дар буҳбуҳаи муносибате муҳим; арафаи интихобот ё муносибате дигар, ки битавон аз ҷанозаи ин фард баҳрабардории сиёсӣ намуд, боз эълом хоҳад шуд, ки Бен Лодан кушта шуд!

Бори нахуст, моҳи десомбри соли 2001 буд, ки низомиҳои амрикоӣ эълом карданд, ҳангоми бомборони Туро-Буро дар шарқи Афғонистон, Бен Лодан кушта шуда. Чанде баъд, эълом шуд, ӯ ҳанӯз кушта нашуда будааст ва дар марзи миёни Афғонистон ва Покистон пинҳон аст ва Амрико барои зинда ё куштаи ӯ 50 милиюн дулор ваъда карда.[1]

23 септомбри (сентябри) соли 2006 яке аз рӯзномаҳои фаронсавӣ санадеро интишор намуд, ки дар воқеъ гузориши сервиси ҷосусии ин кишвар будааст, ва дар он, бо истинод ба гузориши сервиси ҷосусии Арабистони Саудӣ, оварда шуда буд, ки Усома бен Лодан 23 августи 2006 дар асари бемории тиф даргузашта. Аммо, чанде пас, Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии вақти Покистон, эълом кард, ки Бен Лодан дар вилояти Кунари Афғонистон таҳти ҳимояти Гулбуддин Ҳикматёр қарор дорад.[2]

Ҳамчунин, Беназир Бҳутто, нахуствазири фақиди Покистон, камтар пеш аз вафоти худ, яъне 2 нувомбри (ноябри) соли 2007, дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазира, эълом кард, ки Бен Лодан кушта шудааст ва ҳатто исми касеро, ки ӯро ба қатл расонда ном бурд, ки гӯи шахсе ба номи Умар Шайх будааст.[3]

Аммо 9 феврияи соли 2008, бар асоси додаҳои иттилоотӣ аз Вошингтун, дар расонаҳо чунин хабаре интишор ёфт, ки Усома бен Лодан дар шаҳри Кветтаи Покистон дар канори Мулло Умар, раҳбари Толибон қарор дошта ва ҳанӯз ҷангҷӯёни Алқоидаро раҳбарӣ мекунад.[4]

Се бори дигар низ хабари кушта шудани Бен Лодан дар расонаҳо интишор ёфта буд, ки мо муҳимтаринашро инҷо ёдовар шудем.

Ин дафъа низ, ки ҷаноби "Бен Ҳусейн Убомо” хабари кушта шудани Бен Лоданро эълом кард, ҳарчанд ба лиҳози пӯшиши хабарӣ густарда ва талош шуда воқеӣ ҷилва биёбад, аммо диққат дар ҳошияи ин хабари густарда ва воқеънумо, суолотеро бармеангезад, аз ҷумла:

1. Бен Лодан ҳангоми кушта шудан дар маконе (наздикии пойтахти Покистон дар маҳалле комилан машҳуд) қарор дошта, ки усулан бо "теруристи шумораи як” будани ӯ ва ин ки солҳост мавриди таъқиби нерӯмандтарин сервисҳои ҷосусии ҷаҳон, дар раъси онҳо CIA, будааст, ҳамхонӣ надорад;

2. Барағми иддаои амрикоиҳо, давлати Покистон аз ин ҷараён ҳеч иттилое надошта ва танҳо замоне аз он огоҳ гарида, ки Борок Убомо дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои покистониаш, ӯро аз аз иттифоқи рухдода дар ҷараён гузошта;

3. Билофосила баъд аз кушта шудан, тасвире аз ҷанозаи ӯ дар расонаҳо пахш шуд, ки сохтагӣ ва мунтож буданаш комилан машҳуд ва то ҳадде хандаовар аст, зеро ки ин тасвир бар асоси яке аз аксҳои қадимии ӯ тартиб дода шуда; ба гунае ки агар ин ду аксро рӯ дар рӯи якдигар гузорем, ҳеч тафовуте дар ноҳияи бинӣ ва даҳон (ки дар ҳар ду дар ҳоли суханронӣ аст) намебинем, ба иловаи он ки, ноҳияи сар ва китфи ӯ асосан мутааллиқ ба ӯ нест. Младен Антонов (Mladen Antonov), сардабири бахши акси хабаргузории Фаронса имрӯз дар изҳороте, зимни ишора ба дасткорӣ шудани акси мунташиршуда аз ҷасади Усома бен Лодан, эълом кард, ки акси мунташиршуда мунтож шудааст. Вай тасреҳ кард: "Дар ин тасвири мунтожшуда, риши Бен Лодан ба сурати тор ва ғайривозеҳ намоиш дода шуда ва комилан барои мо рӯшан аст, ки ин акс мунтож шудааст”;

4. Аз ҳама муҳим, амрикоиҳо эълом карданд, ба хотири ин ки баъзе аз давлатҳо (Арабистони Саудӣ, ки зодгоҳи Бен Лодан маҳсуб мешавад) аз таҳвили ҷанозаи Бен Лодан худдорӣ намуданд, "мо ҷасади ӯро дар баҳр афкандем”. Ин, воқеан аз он нукоти ибҳомовар дар ин ҳодиса аст. Вақте амрикоиҳо Мулло Додар, яке аз фармондеҳони Толибонро кушта буданд, ҳудуди як ҳафта дар маърази дид ва дар расонаҳо нишон доданд, ки мо воқеан ӯро куштаем, аммо дар инҷо хабаре нашуд, ҳеч кас ҷанозаи Бен Лоданро надид ва ба дур аз чашмони ҳамагон дар "об” партоб шуд.

Ба ҳар ҳол, феълан, ончи барои Кохи Сафед муҳим аст, баҳрабардорӣ аз хабари кушта шудани Бен Лодан ва боқӣ гузоштани ҷаноби "Бен Ҳусайн” дар курсии риёсати ҷумҳурӣ барои бори дуюм аст, аммо, боқимонда муҳим нест. Чунон ки Буш дар даврони худаш, дар як мақтаи замонӣ, аз афсонаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ баҳрабардорӣ кард, зоҳиран Убомо низ айни ҳамон сиёсатро пеш мебарад. Аммо ин ки мардуми ҷаҳонро бо чунин бозиҳои сиёсӣ ба тамасхур бикашанд ва аҳмақашон намоянд, ба назар мерасад, барояшон хеле аҳаммият надорад.

Кимиёи саодат


[1] http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A3%D1%81%D0%B0%D0%BC%D0%B0_%D0%B1%D0%B8%D0%BD_%D0%9B%D0%B0%D0%B4%D0%B5%D0%BD

[2] Ҳамон манбаъ.

[3] Ҳамон манбаъ.

[4] Ҳамон манбаъ.

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 1240 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz