Панҷшанбе, 18.10.2018, 17:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 30 » Аз куҷо бидонем, ки намозҳои мо қабули даргоҳи Ҳақ шудааст?
Аз куҷо бидонем, ки намозҳои мо қабули даргоҳи Ҳақ шудааст?
05:32

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гар бипурсӣ Габрро к-ин осмон,

Офарида(и) кист в-ин халқу ҷаҳон?

Гӯяд ӯ к-ин офаридаи он Худост,

К-офариниш бар худоиаш гувост.

Куфру фисқу истами бисёри ӯ,

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?

Мо, ки иддаои мусалмонӣ ва бандагии Ҳақро дорем ва намоз мегузорем ва дар баробари Ӯ Таоло сар ба саҷда мениҳем, умедворем намозамон қабули даргоҳаш бигардад, ва агар на, мутмаин бошем, аз намозу ибодати мо, ба ҷуз ин ки лаҳазоте нишастаему дақоиқе баланд шудаему чанд ҷумалоте ҳам ба забон ҷорӣ сохтаем ва хулоса хештанро чанд дақиқа хаста намудаем, чизе оидамон намешавад.

Ин ки намозу ибодати чӣ касе мавриди қабули даргоҳи Худованди Маннон мешавад ва ниёиши кадомин касе қабули пешгоҳи Ӯ нахоҳад шуд, ҷуз худи Парвардигор намедонад; бад-ин ҷиҳат аст, ки умедворем, ба бузургӣ ва азамати худ, ибодатҳои ноқиси мо - бандагони сар то по олуда ба гуноҳро бипазирад.

Аммо, чунин ҳам нест, ки барои банда тамоман номаълум бошад, ки ибодоташ, бавижа намозаш, оё қабули даргоҳи Худо шудааст ё нашуда? Қуръони Карим, аломатҳоеро ба унвони нишонии қабулии намоз, бароямон ёдовар шудааст. Аз ҷумлаи ин нишониҳо, яке, боздории намоз аз анҷоми фаҳшо ва мункарот тавассути намозгузор аст; яъне ҳаргоҳ ибодати намозгузор ӯро аз анҷоми аъмоли зишту нописанд боздорад ва ҳоли ӯ пас аз намоз, ғайр аз ҳоли вай пеш аз адои намоз бошад, бидонад, намозаш қабули пешгоҳи Худованд шуда.

Масалан, агар пеш аз намоз дурӯғ мегуфт, фиреб медод, суханчинӣ мекард, ба касе ситам менамуд, муртакиби амали фаҳшо мешуд ва ғайра... аммо пас аз хондани намоз, аз кардаҳои худ пушаймон шавад ва ба онҳо бознагардад, ин ба маънои он аст, ки намозаш қабул шуда.

Худованди Меҳрубон мефармояд: "Ба ростӣ, намоз одамиро аз табоҳӣ ва зиштӣ бозмедорад.” (Анкабут/45).

Мавлои Рум, зимни достоне ширин, ин ҳақиқатро бисёр зебо баён кардааст.  Хулосаи достон ин аст, ки зоҳиднумое, зане рашкманд ва канизаке бағоят зебо дошт. Зан чун ба шӯяш эътимод надошт, ҳеч гоҳ ӯро бо канизак танҳо намегузошт, то ин ки рӯзе зан ҳамроҳи канизак ба ҳаммом рафт ва дар аснои истеҳмом мутаваҷҷеҳ шуд, ки таштро дар хона ҷо гузоштааст. Аз ин рӯ, ба канизак гуфт, зуд ба хона бирав ва таштро биёвар.

Канизак бо шунидани ин ҳарф, ҷоне гирифт ва донист, ки ҳангоми комронӣ фаро расидааст. Онгоҳ давон-давон ба хона рафт ва фавран бо мард ҳамоғӯш шуд. Аммо он ду ба сабаби ғалабаи шаҳват, ёдашон рафт, ки дари хонаро бибанданд. Аз он тараф, ногаҳон ба зеҳни он зан хутур кард, ки ин чӣ коре буд, ки ман кардам? Чаро канизакро танҳо ба хона фиристодам?

Бо канизак гуфт: рав ҳин мурғвор,

Ташти симинро зи хон(а)и мо биёр.

Он канизак зинда шуд чун ин шунид,

Ки ба Хоҷа ин замон хоҳад расид.

Хоҷа дар хонасту хилват ин замон,

Пас давон шуд сӯи хона шодмон.

Ишқи шашсола канизакро буд ин,

Ки биёбад Хоҷаро хилват чунин.

Гашт паррон, ҷониби хона шитофт,

Хоҷаро дар хона дар хилват биёфт.

Ҳар ду ошиқро чунон шаҳват рабуд,

К-эҳтиёту ёди дар бастан набуд.

Ҳар ду бо ҳам дархазиданд аз нашот,

Ҷон ба ҷон пайваст он дам з-ихтилот.

Ёд омад дар замон занро, ки ман,

Чун фиристодам варо сӯи ватан?

Онгоҳ зан бо сару вазъи тар, либосҳои худро пӯшид ва ҳаросон ба тарафи хона давид ва бо шитоб ба даруни хона ворид шуд. Садои бозу баста шудани дар, он дуро ба ваҳшат афканд. Хоҷа барои рад гум кардан, билофосила рӯ ба қибла истод ва тазоҳур ба намоз кард, аммо баданаш мисли бед меларзид. Зан аз вазъияти ғайриоддии хона ва ларзиши шӯй донист, ки иттифоқи шуме афтодааст. Онгоҳ гӯшаи либоси мардро боло зад ва дид, ки пову рони мард ғарқи манӣ аст. Пас муште обдор ба рӯи он мардак бизад ва гуфт: оё ту бо ин вазъият шоистаи намозу ниёишӣ?

Чун расид он зан ба хона, дар гушод,

Бонги дар дар гӯши эшон дарфитод.

Он канизак ҷаст ошуфта зи соз,

Мард барҷасту, даромад дар намоз.

Зан канизакро пажӯлида[1] бидид,

Дарҳаму[2] ошуфтаву дангу[3] марид.[4]

Шӯйи худро дид қоим дар намоз,

Дар гумон уфтод зан з-он эҳтизоз.[5]

Шӯйро бардошт доман бехатар,

Дид олуда(и) манӣ хуся-в[6] закар.[7]

Аз закар боқии нутфа мечакид,

Рону зону гашта олуда-в палид.

Бар сараш зад силиву гуфт: эй маҳин![8]

Хусяи марди намозӣ бошад ин?

Аз ин ба баъд, Мавлоно ба зикри он нукот, ки дар оғози мақола ёдовар шудем, шурӯъ мекунад. Аз забони зан мегӯяд, оё касе ки олату рону шармгоҳаш наҷис аст, сазовори иқомаи намоз аст? Намоз ва ниёиши ҳақиқӣ, нопокиҳоро мезудояд ва намозгузорро аз вартаи шаҳавот мераҳонад, аммо касе ки дар қайди шаҳвату шикаму зери шикам монда, агарчи намозгузор ҳам бошад, боз намозаш намоз нест, зеро Ҳақ Таоло фармудааст: "Ба ростӣ, намоз одамиро аз табоҳӣ ва зиштӣ бозмедорад.” (Анкабут/45).

Касе ки намоз мегузорад, аммо бо вуҷуди ин, даст ба аъмоли нописанд ва зишт мезанад; дурӯғ мегӯяд, мардумонро фиреб медиҳад, суханчинӣ мекунад, нисбат ба бандагони Худо ситам раво медорад, моли мардум ба ноҳақ мехӯрад, ришва мегирад, аз гуфтани сухани ҳақ дар баробари ситамгар имтиноъ мевразад, аъмоли фаҳшо анҷом медиҳад ва ғайра... намозҳои ӯ намоз нестанд. Он намозе намоз аст ва қабули пешгоҳи Худост, ки одамиро аз анҷоми зиштӣ боздорад, вагарна худашро хаста кардааст.

Агар бархе аз кофиронро кофир хондаанд, на бад-ин ҷиҳат аст, ки ба Худо имон надорад, чунин нест, ӯ низ ба Худо имон дорад. Балки бад-он ҷиҳат ӯро кофир ва мустаҳиққи азоб донистаанд, ки имонаш ба Худо ӯро аз анҷоми корҳои пасту зишту нописанд бознамедорад. Пас, намозе ҳам, ки намозгузорро аз анҷоми афъоли нописанд бознадорад, намоз нест ва қабули даргоҳи Ҳақ нест.

Номаи пурзулму фисқу куфру кин,

Лоиқ аст, инсоф деҳ, андар ямин?

Яъне, оё номае, ки окунда аз ситаму табоҳиву ҳақситезиву кинаварзӣ аст, сазовор ин аст, ки ба дасти рост дода шавад? Ту худ инсоф деҳ ва дар ин бора мунсифона қазоват кун.

Гар бипурсӣ Габрро[9] к-ин осмон,

Офарида(и) кист в-ин халқу ҷаҳон?

Гӯяд ӯ к-ин офаридаи он Худост,

К-офариниш бар худоиаш гувост.

Куфру фисқу истами бисёри ӯ,

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?

Кофир низ мӯътақид аст, ки ҷаҳон офаридаи Худои Ягона аст: "Ва агар аз онон бипурсӣ, чӣ касе осмонҳо ва заминро офарида ва хуршеду моҳро мусаххар кардааст? Албатта мегӯянд: Худо. Пас, бо ин ҳол, чӣ гуна (аз Худованд ва парастиши ӯ) рух барметобед?” (Анкабут/61). Оё ҳақситезӣ, табоҳкорӣ ва ситамгарии беҳадди ӯ, бо чунин иқроре таносуб дорад? Мусалламан надорад, зеро имон агар имон бошад, бояд кирдору ҳолу сиголи одамиро камол бахшад. Пас, сирфи такрори муште алфоз мӯҷиби имон намегардад.

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори рост,

Он фазиҳатҳову он кирдори кост?

Феъли ӯ карда дурӯғ он қавлро,

То шуд ӯ лоиқ азоби ҳавлро...

Кимиёи саодат


[1] Пажӯлида: пажмурда ва афсурда.

[2] Дарҳам: ошуфта, шӯрида.

[3] Данг: аҳмақ, кавдан, фурӯмоя.

[4] Марид: саркаш.

[5] Эҳтизоз: ҷунбидан ва такон хӯрдан.

[6] Хуся: байза ва хояи мард.

[7] Закар: олати ҷинсии мардона.

[8] Маҳин дар инҷо ба маънии хор ва ҳақир.

[9] Габр: ҳамон кофир аст, ки дар баъзе аз лаҳҷаҳои форсӣ ба он "гобур” гуфтаанд.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 822 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2018
Бесплатный хостинг uCoz