Панҷшанбе, 28.03.2024, 11:57
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 25 » Бозор Собир аз оғоз як чапи родикол буд
Бозор Собир аз оғоз як чапи родикол буд
05:10

(ё таҳлиле мунсифона аз мавозеи Бозор Собир)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар қарор бошад афродро бар асоси дидгоҳҳо ва мавозеи сиёсиашон радабандӣ кунем, бо таваҷҷӯҳ ба андеша, гуфтор, навиштор ва мавозеи сиёсии Бозор Собир - шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик, сазовор аст ӯро дар радаи чапгароён; он ҳам аз навъи родиколаш, қарор бидиҳем.

Мавозеи ду даҳаи ахири Бозор Собир; аз пайкор бо низоми фосидшудаи Шӯравии собиқ гирифта то мавзеъгириҳои тунду тез дар баробари низомҳои сармоядорӣ ба вижа Амрико ва низ дидгоҳҳои хасмона дар қиболи кишварҳои исломӣ ба вижа Эрони Исломӣ, бархеро бар ин бовар овардааст, ки ӯ дорои мавзеи собите набуда ва нест; ба гунае ки бо гузашти айём ва ихтилофи шароит, мавзеъгириҳояш мураттаб дигаргун ва тағйир меёбанд.

Аммо, мутолиаи дақиқи навиштаҳо ва нигоҳе жарф ба сӯҳбатҳои ӯ, чи дар гузашта ва чи дар ҳоли ҳозир, нишон медиҳанд, ӯ дар мавозеи сиёсии худ то ҳудуде як чапгарои родикол аст. ([1])

Роқими сутур, бо ин шахсияти хабарсоз ошноии шахсӣ надорад; на боре ӯро дида ва на аз наздик бо вай ҳамсӯҳбат шудааст; огоҳии ман бо ӯ, танҳо аз лобалои навиштор, ашъор ва гуфтугӯҳои расонаии ӯст, ки то андозае тавонистаам аз хилоли он навиштору гуфтор, бо пояҳои фикрӣ ва ақидатии ӯ ошно бишавам. Аз ин рӯ, дар оғоз, эътироф мекунам, ки шояд дар арзёбиҳои худ аз ин шахсият, дучори иштибоҳ шуда бошам; зеро чи басо арзёбии шахсият аз лобалои гуфтору навиштори сирф, бидуни ошноии наздик бо худи ӯ, холӣ аз иштибоҳ набошад.

Дар ибтидои кор, лозим медонам, таърифе мухтасар аз гароиши чап ироа бидиҳам, то дар партави он, барои хонандаи гиромӣ арзёбии дидгоҳҳои роқими сутур дар бораи ин шахсият, осонтар гардад.

Чап ё чапгаро дар адабиёти сиёсӣ, ба мавозеъе итлоқ мешавад, ки хоҳони тағйироти родикол дар ҷиҳати эҷоди баробарӣ дар тақсими сарват ва қудрат ҳастанд. Решаи ин истилоҳ ба инқилоби Фаронса бозмегардад ва ба касоне гуфта мешуд, ки дар самти чапи порлумон менишастанд ва аз ислоҳоти родикол пуштибонӣ мекарданд. Чап дар адабиёти сиёсии муосир, маъмулан ба коммунистҳои ислоҳталаб (мисли тротскистҳо ва ё тарафдорони идеяҳои родиколии Че Гевара), ё сусиёл-либеролҳо ва ё сусиёлистҳо ва ҳатто исломхоҳони ислоҳталаб (дар ҳавзаи исломи сиёсӣ) ба кор меравад. ([2])

Аз назари ҷаҳонбинии эътиқодӣ, наметавон чапиҳоро дар як саф қарор дод. Масалан, комунистҳои чапгаро (тротскистҳо) ҳамагӣ атеист ва аз тарафдорони сахти идеяҳои Марксу Энгелсу Ленин дар мавриди дину мазҳаб ҳастанд. Яке аз интиқодҳои онон нисбат ба соири коммунистҳо (хусусан коммунистҳои даҳаи охири низоми Шӯравӣ) ин аст, ки мӯътақиданд, ки онон беш аз ҳад нисбат ба дину мазҳаб аз худ кӯтоҳӣ нишон медоданд. Аммо дар миёни сусиёл-либеролҳо ва ё сусиёлистҳо, касоне, ки дорои ақидаи динӣ бошанд ёфт мешаванд.

Албатта дар робита бо дину мазҳаб, як масъала ҳаст, ки ҳамаи чапгароён (ба истиснои чапи исломӣ) перомуни он иттифоқи назар доранд, ва он, мухолифати эшон бо дахолати дину мазҳаб дар умури сиёсӣ мебошад.

Ҳол, аз ин манзар, зоҳиран Бозор Собири даврони Шӯравӣ, ҳамин Бозори Собири даврони кунунист; ӯ дар он даврон, як атеисти ба тамоми маъно буда ва ҳанӯз бар ҳамон ақида устувор аст ва ҳеч тағйире дар ин ҷиҳат дар ӯ рух надодааст. Бинобар ин ва ба ин лиҳоз, метавон ӯро як тротскист донист, ки аз худ ҳеч кӯтоҳӣ дар баробари дину мазҳаб нишон намедиҳад. (Нигоҳ кунед ба гуфтаҳои ӯ дар хусуси фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи "Миллат”).

Аз ин рӯ, мухолифати ӯ бо низоми Шӯравии собиқро низ, наметавон дар ҷиҳати мазҳаб ва озодиҳои мазҳабӣ донист, балки чи басо (ва шояд қатъан) ношӣ аз интиқодҳои ӯ нисбат ба амалкарди нодурусти табақаи фосиди ҳокимаи он замон бошад, ки дар ҷиҳати идеяҳои марсистӣ-ленинӣ, ки асосан низоми Шӯравӣ бар пояи он идеяҳо бино ниҳода шуда буд, хиёнат ва ба як табақаи истисморгар, аммо бо шиорҳои коммунистӣ, табдил шуда буданд.

Яке аз вижагиҳои чапи коммунист (ки имрӯз танҳо ҳаминонро метавон коммунистҳои воқеӣ ва ҳомилони идеяҳои Марксу Энгелсу Ленин донист), мухолифати шадиди онон бо низоми сармоядории ғарбӣ ва бавижа султаи иқтисодӣ-сиёсии саҳюнистҳои сармоядор бар ҷаҳон аст; мӯътақиданд, чунин низоме ҳеч хайре барои саодати башарият ба армуғон намеоварад ва бояд аз реша нобуд гардад, ки дар ин ҷиҳат дидгоҳҳои Бозор Собир барои ошноён рӯшан аст. (Нигоҳ кунед ба мақолаи ӯ таҳти унвони "Ленинободиҳо миллат сохта натавонистанд, инҳо ҳам наметавонанд, агар…” дар нашрияи "Миллат”).

Дар ин миён, шояд чанд пурсиш худнамоӣ кунад: яке он ки агар Бозор Собирро як чапгаро (он ҳам аз навъи родиколаш) бидонем, пас чаро Бозори даҳаи 90; он ҳангом ки алайҳи давлати ба ном коммунистӣ мубориза мекард, гаҳ-гоҳе Ғарб ва ҳатто Амрикоро таърифу тамҷид менамуд?

Посух он аст, ки Бозор Собир дар он ҳангом, басон соири шаҳрвандони тоҷик, ҳанӯз бо моҳият ва ҳақиқати Амрико ва Ғарб ошно набуда ва танҳо замоне бо Амрикову Ғарб ошно гардида, ки ба онҷо мусофират ва аз наздик бо моҳияти воқеии он ошно шуда. (Нигоҳ кунед ба мақолаи ӯ таҳти унвони "Шаҳристони иморатҳои осмонхарош”).

Ва ё ҳадди ақал, тамҷиду ситоиши ӯ аз Ғарбу Амрико дар он бурҳа аз замонро метавон ба навъе ба ҷиҳати хусумати иғроқомезаш бо низоми ба ном коммунистии ҳоким дар он замон донист. Инсон (хусусан касе, ки дидгоҳҳои родиколӣ дорад), ҳаргоҳ бо касе душмании сахт дошта бошад, ин хусумат, ба гунае чашмони ӯро хира хоҳанд сохт, ки ҳозир аст дар канори ҳар касе, ки дар душманӣ бо ӯ муштарак аст, қарор бигирад. Ба иборати дигар, дар он замон, ӯро бо Амрикову Ғарб, танҳо душмании муштарак бо низоми ҳокими он замон, якҷо ҷамъ мекард.

Чунин мавзеъгирии Бозор Собир, дар ҳамин авохир низ ба вузӯҳ мутабалвир шуд. Ӯ, бо ин ки ҳанӯз аз мухолифони сарсахти ҳукумати кунунии кишварамон ба шумор меравад, аммо мавозеи ҷонибдоронае аз ин ҳукумат дар робита бо сиёсатҳои динситезонааш аз худ ба намоиш гузошт; ҳатто тундтар аз худи ҳукумат дар ин замина. (Нигоҳ кунед ба гуфтаҳои ӯ дар хусуси фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи "Миллат”).

Пурсиши дигаре, ки нохудогоҳ инҷо худнамоӣ мекунад, дар иртибот бо дидгоҳҳои Бозор Собир нисбат ба Эрону Афғонистон аст, ки агар ӯ ба унвони як чапгарои родикол, аз мухолифони сарсахти низом ва ҷомеаи динист, пас чаро, аз Бозори даҳаи 90, таърифу тамҷидҳое аз Эрону Афғон медидем?

Посухи ин пурсиш ҳам, бо таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳои гаҳ-гоҳ миллигароёнаи ӯ, рӯшан аст. Ончи ӯро бо Эрону Афғонистон якҷо ҷамъ мекард (ва зоҳиран имрӯз низ мекунад), ҷуз иштироки забониву фарҳангии мо тоҷикон бо миллати ин ду кишвар нест.

Албатта, зикри ин нукта дар инҷо лозим ба назар мерасад, ки ибрози дидгоҳҳои миллигароёна ва ҳатто гаҳ-гоҳ нажодпарастона тавассути Бозор Собир, аҳёнан чапгаро будани ӯро зери суол бурда ва аз ӯ як шахсияти дорандаи андеша ва мавозеи мутаноқиз ба намоиш мегузорад. Масалан, ӯ, бо ин ки сареҳан – ва ба унвони як фарди дорои андеша ва мавозеи чапгароёна - мухолифати худро бо низоми сармоядориву султаи саҳюнистҳо бар ҷаҳони Ғарб иброз медорад, аммо вақте навбати Эрони даврони Паҳлавӣ мерасад, гӯи ин ки ба куллӣ чапияти худро фаромӯш карда ва танҳо аз зовияи як шахсияти нажодпараст мавзеъ мегирад.

Эрони замони Паҳлавӣ, дар навъи сиёсатҳои иқтисодӣ ва робитааш бо ҷаҳони саҳюнизм, ҳеч тафовуте бо Ғарбу Амрикои имрӯз надошт. Ҳамон гуна ки фазои сиёсӣ ва иқтисодии ҳоким бар Ғарбу Амрико, имрӯз ҳар чапгаро ва тарафдори "баробарӣ дар тақсими сарват ва қудрат”-ро мушмаиз мекунад, ҳамчунин фазои сиёсӣ-иқтисодии ҳоким дар замони Паҳлавӣ низ, эрониҳои чапгарои он давронро мутанаффир месохт.

Ин ки Бозор Собир мегӯяд: "Ризошоҳи Паҳлавӣ форсгарою ориёигарои таърихи ахири Эрон буд. Баъд аз Сомониён ҳеҷ шоҳу амире ҳамчун ӯ Аҷамро зинда ва аз гарду ғубори арабтозию турктозӣ пок накардааст... Ва дар ин бозсозии ӯ, охундони озарбойҷонию туркман худро ҳақиру бечора эҳсос мекарданд. Бар ин бино, дингароиро пеш гирифтанд. Ошкорою пинҳонӣ тӯҳмат мезаданд, ки шоҳ зардуштист. Ниҳоят тазоҳурот бархост, зеро шаст дарсади мардуми Эрон бесавод буд. Ва ин издиҳому фавҷи бесаводу бешуур бо охундҳо пайвастанд. Хулоса, бо ҳамин минвол туркҳо ғалаба карданд. Ва инак, сӣ сол аст, ки Эрон дубора зери истилои турку арабҳои хонагӣ қарор дорад.” ҷуз бархоста аз дидгоҳҳои миллигароёна ва нажодпарастонаи ӯ намебошанд.

Аммо, бо вуҷуди ин, боз диққати бештар дар мавзеъгириҳои ин шахсияти ба зоҳир мутаноқиз нишон медиҳанд, ӯ дар ниҳоят як чапгарост. Хусусан онҷо ки мегӯяд: "Аслан аз сафоратҳои шарқӣ манфиати казоие ба назар намерасад, албатта, бидуни сафорати Хитой”, ва ё он ҷо ки иброз медорад: "Хулас, империализм яҳудиро бениҳоят хушбахт кард. Дар сари роҳи ин ангал бидуни Девори Хитой дигар монеа нест. Ва бидуни Хитой илоҷи инро наметавон ёфт.”

Зеро, касе, ки миллигарост ва ба масоил аз зовия миллату нажод нигоҳ мекунад, барои ӯ набояд тафовуте байни сафорати Амрикову Русияву Эрон ва байни сафорат ва сиёсатҳои Чин вуҷуд дошта бошад. Ҳамон тавр ки сафорати Амрико ба дунболи пиёдасозии манофеи худ аз ҳисоби миллати мо тоҷикон аст, сафорати Чин низ дар ин васат "як созмони хайрия” маҳсуб намегардад; ӯ низ, басон соири кишварҳои фаъол дар дохили Тоҷикистон, дар пайи манофеи калони кишвари худ аст. Ин ҷост, ки мегӯем, ҷаноби Бозор Собир, як чапгарои ба тамоми маъност.

Ба ҳар ҳол, дар поёни ин навиштор низ, боз ёдоварии ин нуктаро лозим мешуморам, ки афкору андешаҳои ин шахсияти хабарсози тоҷик (дар ин чанд даҳаи ахир) ниёз ба мутолиа ва баррасиҳои бештаре доранд ва чи басо арзёбии камина аз эшон ҳатто аз назари худи ӯ ҳам нодуруст қаламдод бишаванд, ки нишон медиҳад, дигарон гом дар ин майдон ниҳанд ва ба муаррифии дақиқи шахсиятҳои торихсози мо - тоҷикон бипардозанд, ва чунин нашавад, ки бо гузашти рӯзгор ва дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳии моён, чеҳраҳои тоҷик ба фаромӯшӣ супурда шаванд.

Кимиёи саодат


[1] Родикол, аз назари луғавӣ, ба маънои «аслу реша» аст ва дар истилоҳи улуми иҷтимоӣ, ба он андешаҳое мегӯянд, ки иқдомоти тунду сахт ва решаиро дар беҳбуди ҷомеа хоҳонанд ва дигаргуниҳои бунёдиро дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ талаб мекунанд. (Донишномаи озоди Википедиё).

[2] Донишномаи озоди Википедиё, вожаи чап (гароиши сиёсӣ).

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 1315 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 2.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz