Ҷумъа, 29.03.2024, 01:15
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 30 » ҲНИТ, адабиёти ҳизбӣ ва дуктур Абдуллоҳи Раҳнамо
ҲНИТ, адабиёти ҳизбӣ ва дуктур Абдуллоҳи Раҳнамо
05:33

(ё тааммулоте перомуни доштан ва ё надоштани адабиёти ҳизбӣ аз барои ҲНИТ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пӯшида нест, ки яке аз авомили такомул ва пешрафти ҳар ниҳоду дастгоҳ, аз ҷумла як ҳизб, таваҷҷӯҳ ба нақди мунтақид ва ислоҳи хештан бар асоси он аст, ҳол, чи аз дарун бархоста ва ба забони касе эрод шуда бошад, ки ҷуз аз рӯи дилсӯзӣ лаб ба интиқод боз накарда ва ё ҳатто аз берун ва тавассути таҳлилгаре бегона сурат пазируфта бошад, ки дар ин сурат низ таваҷҷӯҳ ба наққодиҳои ӯ холӣ аз фоида нахоҳад буд.

Порае аз интиқодот, ки ахиран тавассути бародари азизамон дуктур Абдуллоҳи Раҳнамо нисбат ба рӯйкардҳои ҲНИТ дар ҳамоиши солонаи ин ҳизб матраҳ шуд, баҷост, ва рӯшан аст, ки ҷуз аз рӯи дилсӯзӣ гуфта нашуданд. Аз ин рӯ, бар ҲНИТ лозим, балки воҷиб аст, ки ба гуфтаҳои эшон таваҷҷӯҳ ва камар ба бартараф сохтани он нуқсон ва камбудиҳо, ки эшон ишора фармуданд, бибандад; ба истиснои як маврид (ба зудӣ ишора хоҳам кард, ки кадом аст), ки ҳарчанд ба унвони як нуқтаи заъфи ҲНИТ қобили инкор нест ва бояд дар ин ҷиҳат кор анҷом бигирад, аммо ба назари ман, дар ин ноҳия, ҳизб, ба гунае даст ба кор шавад, ки паёмадҳои манфие, ки домангири аҳзоби исломии дигаре, ки дар ин майдон нодуруст гом ниҳодаанд, гиребонгираш нашавад.

Ва он маврид, марбут аст ба доштани адабиёти ҳизбӣ. Дуктур Раҳнамо, мукаррар, чи дар ин ҳамоиш ва чи дар соири навиштаҳо ва суханрониҳои хеш, фармудаанд, ки ҲНИТ дар ноҳияи адабиёти ҳизбӣ, фақир ва балки надор аст. Ҳатто агар иштибоҳ накунам, дар ҷое гуфтанд, ки Ҳизбут таҳрир-е, ки чандон воқеъбинона амал намекунад, дорои адабиёти ҳизбии худ аст ва барои як таҳлилгар, ошноӣ бо аҳдоф ва барномаҳои он, бас осонтар аст то шиносоӣ бо барномаҳои ҳизбе чун ҲНИТ, ки аз ин ҷиҳат бизоате надорад. Аз ин рӯ, дуктур Раҳнамо таъкид мекунанд, ки ҲНИТ бояд дар ин росто гом ниҳад ва аҳдоф ва барномаҳои худро ба сурати навиштор дароварад ва пешкаши дигарон намояд. Аммо...

... дар ин миён чанд нукта ҳаст, ки набояд аз зеҳни ҳизбиёни гиромии мо дур бимонад:

1. Аҳдофи калон ва собит ва аҳдофи мутавассит ва мутағайир:

Имрӯза, ҷаҳони ислом аҳзоб ва ҳаракатҳои исломии мутааддидеро дарбар дорад ва миёни онҳо ихтилофоте ба чашм мехӯрад. Ҳол, маншаи ин ихтилофот дар чист? Мусалламан, ҳеч як аз онҳо, дар хусуси аҳдофи калон ва собити исломӣ, бо ҳам ихтилофе надоранд, зеро аҳдофи калони исломӣ ҳамон аст, ки мавриди таъкиди Қуръони Карим ва ба гунаи сареҳ дар ин китоби осмонӣ баён гардидаанд.

Вақте шумо аз ҳар ҳизб ва ё ҳаракате исломӣ бипурсед, ки ғоят ва ҳадафи ниҳоии ту чист, бетардид хоҳад гуфт, ҳадафи ман ҳамон аст, ки Қуръони Карим мегӯяд; яъне расондани паёми тавҳид ва яктопарастӣ ба гӯши так-таки шаҳрвандон ва барпоии адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа. Ин ду, аз муҳимтарин аҳдофи калон ва собиту тағйирнопазири ислом маҳсуб мегарданд, ва ҳеч ду ҳизбе дар мавриди он бо ҳам ихтилофи назар надоранд.

Ҳол, агар ҳамаи ҳаракоти исломӣ дар ин меҳвар бо ҳам муттафиқ бошанд, пас чаро миёни эшон ихтилоф вуҷуд дорад? Ихтилофоте, ки ҳатто аҳёнан мунҷар ба такфиру тафсиқи якдигар мешавад.

Посух он аст, ки ихтилофи аҳзоб, маъмулан дар мавриди аҳдофи мутавассит, ва ё дурусттараш, васоили расидан ба он ғояти ниҳоӣ иттифоқ меафтад; васоиле, ки дар воқеъ аҳдоф нестанд, балки ҳадафнумоянд.

Яке, расидан ба ғояти ниҳоиро ин медонад, ки даст ба пайкор (ҷиҳод) бизанад, дигаре дар фаъолияти мусолиматомези сиёсӣ мепиндорад, то дар сурати пирӯзӣ дар порлумон, аҳдофи худро пиёда кунад, севвуме на ин медонад ва на он, балки як роҳи севвумеро бармегузинад ва ғайра... Албатта, ҳар як, барои роҳи баргузидаи хеш, далел аз Қуръону гуфтори кирдори Расули Акрам (с) ва пешвоёни дин меоваранд.

Тамоми ихтилоф аз ҳамин ҷо сар мезанад. Аммо, оё имкон дорад дар ин хусус бо ҳам ихтилоф надошта бошанд? Посух он аст, ки оре, имкон дорад, аммо ба як шарт, ва он ин ки агар ҳаводоронаш бидонанд, ки аҳдофи мутавассит (ё худ васоили расидан ба ҳадафи ниҳоӣ), басон ҳадафи ниҳоӣ, собит ва тағйирнопазир нестанд, балки мутағайиранд, ва ин шароити берунӣ аст, ки чанг задан ба он васоилро таҳмил мекунанд, на матни дин. Ҳатто агар дар матни омӯзаҳои динӣ, порае аз ин васоил мавриди таъкид қарор гирифтаанд, ба унвони василаи расидан ба ҳадаф мавриди таъкид ҳастанд, на ба ҳайси як ҳадафи ниҳоӣ.

Ин ки бархе аз ҳаракоти динӣ мӯътақид ҳастанд, ки ҳар ҷунбише исломӣ бояд масиреро тай бикунад, ки Расули Акрам (с) дар расидан ба ҳадафи худ он масирро пушти сар гузаронидаанд (мисли он ки мӯътақиданд, убур аз мароҳиле чун даъват, ҳиҷрат ва ҷиҳод ҳатмист), иштибоҳ аст. Чаро?

Мисоле мезанам, то масъала рӯшантар бишавад. Масалан, агар Расули Акрам (с) замоне (аз Макка ба Мадина) муҳоҷират кардаанд, ин муҳоҷират як амри таҳмилӣ буд ва бад-ин ҷиҳат буд, ки чун шароит дар Макка барои он ҷаноб (с) танг буд ва аз озодии лозим ва ҳаводорони кофӣ барои анҷоми вазоифи рисолат бархӯрдор набуданд. Агар шароит барои он ҷаноб (с) дар Макка фароҳам буд, чи басо муҳоҷирате дар пеш надоштанд. Ва ё агар Расули Акрам (с) аҳёнан даст ба пайкор (ҷиҳоди мусаллаҳона) задаанд, бад-ин хотир буд, ки ҷанг аз берун бар мусалмонони садри ислом таҳмил шуд, на ин ки ислом дар гавҳари худ, хостори ҷангу кушту куштор бошад. Қуръон ба сароҳат эълом медорад, ки ҷанг, ба худии худ, амре нописанд аст, аммо вақте таҳмил мешавад, барои дифоъ чорае ҷуз даст бурдан ба силоҳ надоред: "Бар шумо пайкор воҷиб гардид ва ҳол он ки падидаест номатлуб барои шумо...” (Бақара/216).

Пас, гузиниши василаро ва ин ки барои расидан ба ҳадаф аз чӣ василае истифода намуд, танҳо ва танҳо, шароити берунӣ, ки пайваста дар тағйиру таҳаввуланд, таъйин мекунанд. Оре, танҳо қайде, ки шариати муқаддаси ислом дар ин росто пеши рӯи аҳзоб қарор додааст ин аст, ки онҳо аз чанг задан ба васоили номашрӯъ (хилофи шариат) барои расидан ба ҳадаф, бипарҳезанд.

Боз такрор мекунам, ҳиҷрату ҷиҳоду ва ғайраву золик, ҳама ва ҳама, аз қабили васоиланд, на аҳдоф.

2. Адабиёти аҳзоби динӣ бештар перомуни аҳдофи мутавассит (васоил) нигошта шудаанд:

Нуктаи дигар он аст, ки чун дар хусуси аҳдофи калон (чунон ки ишора шуд) аҳзоби исломӣ иттифоқи назар доранд, ва ин аҳдоф дар кутуби уламо ва соҳибназарони динӣ (чӣ ҳизбӣ бошанд ё ғайри ҳизбӣ) мундараҷ аст; ҳамон матолибе, ки умдатан кутуби ақоидиву фиқҳӣ ӯҳдадори баёни онҳоянд, аз ин рӯ, агар дар адабиёти аҳзоби то имрӯз матраҳи ҷаҳони ислом (чун Ихвонул муслимин, Ҷамоати исломӣ, Ҳизут таҳрир ва ғайра) диққати лозим ба харҷ дода шавад, хоҳем дид, ки бештари ин адабиёт, перомуни аҳдофи мутавассит ва васоили расидан ба ғояти ниҳоӣ ба нигориш даромадаанд.

Ба унвони намуна, ихтилофи ҷамоати Ихвонул муслимин ва Ҳизбут таҳрир (ки худ аз батни Ихвон зоида шудааст) дар ин нест, ки масалан ихвониҳо бигӯянд, ҳадафи мо барпоии адолати иҷтимоист ва таҳририён мухолифи ин ғоят бошанд; ҳар ду хоҳони барқарории адолати иҷтимоӣ ҳастанд. Ихтилофи ин ду дар хусуси василаҳои расидан ба ҳадаф аст, ки яке бар он аст, ки бояд дар чорчӯби қонуни мавҷуд фаъолият намоем ва дигаре мухолифи як чунин равиш аст ва ғайра.

Ва ё масалан, дар замони марҳуми Сайид Қутб, ихвониҳо ибтидо бо давлати вақти Миср ҳамкорӣ ва дар чорчӯби қонуни асосии ин кишвар фаъолият мекарданд, вале корашон ба ҷое нарасид; диданд давлат пушти сари ҳам аз ҳамкории эшон суистифода мекунад. Ин ҷо буд, ки марҳуми Сайид Қутб бар ин бовар расид, ки танҳо роҳи мумкин барои расидан ба ҳадаф, муборизаи мусаллаҳона бо ҳукуматҳост ва шурӯъ намуд ба нигорши адабиёти сиёсӣ-исломӣ бар ҳамин мабно.

Гарчи сирф шароити он даврони Миср амсоли марҳуми Сайид Қутбро бар он водошта буд, ки як чунин дидгоҳе иброз бидорад, аммо рафта-рафта адабиёти ӯ бо гузашти замон наслеро ба бор овард, ки мӯътақид шуданд, ки барои расидан ба ҳадаф, фақат бояд ҷангиду бас. Аз миёни Ихвон ҷамоате ҳам ба номи Қутбиҳо зуҳур карданд ва аз Ихвон ҷудо шуданд, чунон ки таҳририён дар натиҷаи изҳори назарҳо ва иҷтиҳодоти марҳуми Тақиюддин Набиҳонӣ аз Ихвон муншақ шуда буданд.

3. Аҳдофи ҳизби динӣ, аҳдофест дорои қадосат:

Ҳол, чаро ин гурӯҳ ҷудо шуд? Сирраш дар ин аст, ки яке аз тафовутҳои умдаи як ҳизб ва ниҳоди динӣ бо соири аҳзоб ва ниҳодҳои дунявӣ (ва ё ғайридинӣ) он аст, ки маъмулан, аҳдофи ҳизби динӣ, либоси қадосат бар тан мегирад ва ҳаводоронаш пойбандӣ ба онҳоро фаротар аз пойбандӣ ба аҳдофи як ҳизб дониста ва илтизом ба онҳоро навъе пойбандӣ ба аҳдофи шариат қаламдод мекунанд.

Гарчи барои худи марҳуми Сайид Қутб ва ё Тақиюддин Набиҳонӣ рӯшан буд, ки тарҳи эшон ҷуз як барнома ва ба унвони аҳдофи мутавассит барои расидан ба ғояти ниҳоӣ ироа нашудааст, аммо барои ҳаводорон ва касоне, ки пас аз онҳо омада ва таҳти таъсири он навиштаҳо қарор гирифтаанд, он тарҳҳо худ ҳадаф намоён шуданд, ки сарфи назар кардан аз онҳоро хилофи шариат мепиндоранд.

Агар имрӯз марҳуми Сайид Қутб ва ё Тақиюддин Набиҳонӣ зинда шуда ва медиданд, ки барои онҳо пайравон ва ҳаводороне пайдо шуда, ки навиштаҳои он дуро басон ваҳйи мунзал медонанд ва тарҳи он дуро на ба унвони васоил ва ё аҳдофи мутавассит, балки басон ҳадаф ва ғоят баргирифтаанд, мегуфтанд, ҳон мардум, ончи мо навиштаем бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва мутолиботи ҳамон замон буд, ва имрӯз, шароит тағйир кардааст; бояд ба васоиле дигар чанг зад.

Пас, натиҷа он ки ҳизби динӣ, дар айни он ки лозим аст адабиёт ва шиноснома аз худ дошта бошад, аммо мувозиб бошад мабод навиштаҳои ӯ фардо наслеро ба бор оварад, ки он навиштаҳоро басон ваҳйи мунзал дониста ва тахаттӣ ва таҷовуз аз онҳоро гуноҳ бишуморанд.

4. Парвариши муҷтаҳид ва соҳибназар ба ҷои адабиёти ҳизбӣ:

Ончи дар мавриди ҲНИТ ва ё ҳар ҳизби исломии дигаре воҷибтар ва лозимтар ба назар мерасад, парвариши соҳибназарон ва муҷтаҳидони исломист, ки битавонанд бо таваҷҷӯҳ ба тағйиру таҳаввули замона, машрӯият ва ё адами машрӯияти роҳу равишеро, ки ҳизб барои расидан ба ҳадаф дар як мақтае аз мақотеъ, бармегузинад, аз дидгоҳи шариат баён бидорад. Онгоҳ бигузор дидгоҳҳи ӯ ба унвони "иҷтиҳодоти мақтаъӣ”, на "аҳдоф”, ба сурати рисола нашр ва мавриди истифода қарор бигирад. Ба иборати дигар, имрӯз ҲНИТ бояд он ниҳодеро, ки дар баданаи ин ҳизб ӯҳдадори баёни мавозеъи шаръии ӯст тақвият бикунад.

Сухан дигар ба тӯл анҷомид, иншоаллоҳ дар як фурсати дигар, перомуни ин мавзӯъ бояд ба баҳс нишаст.

Кимиёи саодат

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1202 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz