Шанбе, 27.04.2024, 00:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 23 » Эҷобиҳои даврони ҳукумати “Ленин”
Эҷобиҳои даврони ҳукумати “Ленин”
05:32

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз (22.04.2011), зодрӯзи поягузори Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Влодимир Илич Ленин аст; касе, ки як давлати ба тамоми маъно тотилатарӣ бино ниҳода буд ва ҳудуди 75 сол, диёри мо низ зери парчами ӯ басар бурд. Баъд аз фурӯпошии ин абарқудрат, дар бораи салбиёти он даврон, зиёд шунидем ва фаровон навиштанд, ки эй кош дар замони худаш менавиштанд. Роқими сутур дар ин навиштор, бар онам, то аз эҷобиҳои он даврон бинависам.

Лозим ба тазаккур аст, ки ёдоварии эҷобиҳои он замон, ҳаргиз ба маънои таъйиди навъи ҳукумати ҳоким бар он даврон нест, бавижа тавассути касе мисли роқими сутур, ки хонаводаи мо, шояд беш аз дигарон, мавриди озору азияту шиканҷаи ҳукумати он замон қарор гирифтааст. Бародари падарбузургам (Эшони Сайидабдулқодирхон) ба хотири раҳбарии гурӯҳи муборизони ноҳияи Истаравшан ва атроф алайҳи болшевикҳо ва пайкораш, ба гунае фаҷеъ ба дасти артиши сурх кушта ва ба шаҳодат расид ва падарбузургам (Эшони Сайидбурҳонхон) солҳои тӯлонӣ ва то замони ба сари кор омадани Хрушеф, умри худро дар табъид дар Сибириё сипарӣ кард, марҳуми қиблагоҳӣ (падарам) низ ҷавонии хешро дар сардиҳои Сибириё гузаронид ва ...

Аммо, бо вуҷуди ин, инсоф аз мо металабад ҳар падидаро ба ҳамон сурате ки ҳаст арзёбӣ намоем. Даврони Шӯравӣ, бо вуҷуди салбиҳои фаровон, ки қобили шумориш нестанд, эҷобиёте низ дошт, ки феҳрествор ба порае аз онҳо ишора мекунам.

Аз ҷумла, дар ҷомеаи он даврон, инсон – то ҳудуде ва дар бархе ҷиҳот – сарфи назар аз ҷойгоҳи иҷтимоияш, дорои каромат буд; масалан агар бемор мешуд, ҳаргиз пулу дороӣ, таъйинкунандаи масири ӯ дар муолиҷа ва бистарияш дар бемористон набуд. Инсофан, ҷомеаи Шӯравӣ дар ин ҷиҳат мисолзаданӣ аст. Ин нуктаро бад-он ҷиҳат мутазаккир шудам, ки имрӯза вазъ ба куллӣ тағйир кардааст. Имрӯз, чи дар Тоҷикистон ва ё ҳатто бархе кишварҳои пешрафта, агар як бандаи худое мариз бишавад ва роҳаш ба сӯи бемористон биафтад, то пули муолиҷа напардозад, пизишкон ҳозир ба дармони ӯ нестанд. Ҳатто дар ҳамин Эрони исломӣ, ки муддатест зиндагӣ мекунам, шоҳиди як чунин ҳолате ҳастам.

Ва ё, барои камина ва касоне, ки он давронро дарк кардаанд, падидае ба номи "хидматгузор”, шояд манфуртарин чизе бошад, ки бо шуниданаш, ҳоламон баҳам мехӯрад; бар хилофи касоне, ки пас аз даврони Шӯравӣ омадаанд ва ё касоне, ки дар ҷавомее ғайр аз ҷомеаи Шӯравӣ бузург шудаанд. Шӯравӣ, инсонро ба гунае мепарварид, ки ба инсон, ҳар кӣ ҳаст; раис, маръус, масъул, коргари оддӣ ва .., нигоҳе баробар бишавад. Дар он замон, агар касе каси дигареро ба хидмат мегуморид, ҳаргиз ба унвони "хидматгузор” ба ӯ нигоҳ намекард. Бар хилофи соири ҷавомеъ, ки доштани "хидматгузор” аз барои як фарди доро ва сарватманд, падидае оддӣ аст. Ман намедонам, шояд иштибоҳ кунам, аммо чунон бузург шудаам, ки инсон ҳаргиз "хидматгузор” номида нашавад. Ба назари қосирам, ин як навъ иҳонат ва ҳақорат аст барои инсон.

Ва ё, дар даврони Шӯравӣ, пулу дороӣ, ҳаргиз таъйинкунандаи ҷойгоҳи иҷтимоии фард набуд, ки агар пул дошта бошӣ, ҷойгоҳ дорӣ ва ҳамагон туро эҳтиром хоҳанд кард ва агар пул надорӣ, дигар аз ҳеч эътиборе бархӯрдор нестӣ. Албатта истисноҳое буд, намегӯям набуд. Ин ҷо аз истисноҳо сӯҳбат намекунам, балки аз ҷавву фазои ҳоким сухан мегӯям. Фазои ҳоким бар он ҷомеа, ба гунае инсонро мепарварид, ки пулро ҳамакора надонанд. Меъёрҳои таъйинсозандаи ҷойгоҳи иҷтимоӣ дар он даврон, милокҳое аз қабили илму дониш ва ахлоқу одоб буданд. Далелаш ҳам, ҷойгоҳ доштани муаллимон, устодони донишгоҳ, пажӯҳишгарон, нависандагон , шоирон ва ... дар ҷомеаи он замон буд. Аммо, имрӯз чӣ? Оё муаллим, нависанда, шоир ва устоди донишгоҳ аз ҷойгоҳи бештаре бархӯрдор аст, ё пулдор, тоза ин пулдор ҳар кӣ бошад; ҳатто кавдантарини кавданҳои рӯи замин бошад? Кадомин?

Албатта, ин суханон ба маънои он ҳам нест, ки пул доштан, як падидаи манфӣ бошад, абадан чунин гуфтанӣ нестам. Пул доштан хуб аст, аммо пулу сарват набояд таъйинкунандаи ҷойгоҳи инсон қарор бигиранд. Ин, ниҳояти суқути ҷомеаест, ки як чунин ҳолат домангираш бишавад.

Яке дигар аз эҷобиҳои он даврон, вуҷуди ахлоқу одоби ҳамида дар ҷомеа буд. Иштибоҳ мекунанд касоне, ки фикр мекунанд дар замони Шӯравӣ ахлоқ ҳоким набуда. Касоне, ки он замонро дарк кардаанд, бо қиёси он даврон бо ин замон, ки бебандуборӣ ба авҷи худ расидааст, сухани бандаро таъйид мекунанд.

Дар сафаре, ки соли пеш ба кишвари азизам доштам, бо дидани вазъи мардум, хусусан ҷавонон ва навҷавонон ва мушоҳидаи рафтору кирдору гуфторҳои онон, ҳолам ба ҳам хӯрд. Ин чӣ вазъест, ки фаҳҳошӣ ва мукаррар ба забон ҷорӣ намудани алфози зишту ракик тавассути ҷавонони имрӯз, шуғли шоғили онон шуда! Ба Худо, инсон хиҷолат мекашад аз вазъи имрӯзи ҷавонони тоҷик! Лафзи ".... очат”, як падидае оддӣ гардида ва ҳатто бузургтароне, ки ба гӯшашон чунин алфоз мерасад, ҳеч вокунише аз худ нишон намедиҳанд ва намегӯянд, чунин накун! Дар замони Шӯравӣ чунин набуд, лоақал дар муҳите, ки банда бузург шудам, ҳаргиз чунин набуд.

Сухан дигар ба дарозо намекашам. Аммо дар поён ёдовар мешавам, ки бо вуҷуди ин эҷобиёт, ҳаргиз намехоҳам як чунин ҳукумати тоталитарӣ ва ситампешае бори дигар бар сари мо биёяд; ҳукумате, ки инсонро аз ҳаққи баён ва озодии андеша маҳрум сохта буд, ки ба назарам, ҳатто агар ҳазорон эҷобиёти дигар дошта бошад, боз ба хотири ҳамин вижагияш, мустаҳиққи умеди зистан дар чунон фазои хафақонро надорад.

Кимиёи саодат

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 797 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz