Шанбе, 20.04.2024, 03:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 5 » Охирин васияти Саддом ба подшоҳи Арабистони Саудӣ
Охирин васияти Саддом ба подшоҳи Арабистони Саудӣ
04:32

Диктотури Ироқ дар вопасин рӯзҳои зиндагиаш дар номае ба подшоҳи Арабистони Саудӣ эътироф кард, ки бозичаи дасти Амрико шуда ва Кувайтро бо чароғи сабзи Амрико ишғол кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Аннахил, пас аз сипарӣ шудани ҳашт сол аз суқути режими Саддом дар Ироқ, ҳар рӯз садҳо ва ҳазорон рози ҷадид аз иқдомот ва расвоиҳои ӯ ифшо мешавад.

Яке аз ин аснод, марбут ба номаи диктотури Ироқ ба Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистон, пеш аз эъдомаш аст, ки дар он, Саддом эътироф мекунад, ки бо ҳамоҳангии Амрико ва Кохи Сафед ба Кувайт ҳамла кардааст.

Бо чароғи сабзи Амрико Кувеятро ишғол кардам

Саддом Ҳусайн дар ин нома, пас аз аҳволпурсӣ, дар ибтидо эътироф мекунад: "Ман пеш аз ин бо амрикоиҳо ҳамдаст шудаам ва ба як абзор барои иҷрои тарҳҳояшон табдил шудам. Ман дар торихи 25 июли соли 1990 бо Април Глосбӣ (April Glaspie), сафири Амрико дар Ироқ, дидор кардам ва Амрико аз тариқи сафираш ба ман барои ишғоли Кувайт чароғи сабз нишон дод. Ӯ ба ман гуфт: "Мо дар бораи ихтилофотат бо бархе аз арабҳо, аз ҷумла, мушкилат бо Кувайт, ҳеҷ назаре надорем. Вай сипас лабханд зад ва ман фаҳмидам, ки манофеи мо ва Амрико дар як сӯ аст ва тасаввур кардам, ки онҳо ҳампаймони ман ҳастанд. Як ҳафта пас аз ин дидор, Кувайтро ишғол кардам, аммо дидам, ки ин зинозодагон (амрикоиҳо) назари худро иваз карданд ва тамоми нерӯҳои худро алайҳи ман муттаҳид карданд ва ман аз иқдом ғофилгир шудам.

Онҳо ба мо ҳамла карданд ва бо бомбборонҳои паёпай Бағдодро ба ҷаҳаннам табдил карданд. Онҳо паноҳгоҳи Ал-амморияро бомбборон карданд ва занону кӯдаконро зинда-зинда сӯзонданд ва тамоми зерсохтҳои моро тахриб карданд. Сипас Ироқро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд ва садҳо ҳазор кӯдаки ироқиро куштанд. Сипас Ироқро дар соли 2003 ишғол карданд ва маро ба асорат гирифтанд...”

Сарони араб ё зиддиисломанд ё бозичаи Амрико

Диктотури мақбури Ироқ идома медиҳад: "Аммо баъд, эй Абдулло бен Абдулазиз, ман ин номаро танҳо барои ту навиштам, зеро ман туро танҳо ҳокими арабӣ медонам, ки шоистаи хондани ин нома аст ва бақияи сарони араб ё касоне ҳастанд, ки дар гилу лойи душманӣ бо ислом ғалт мезананд ё бозичае дар дасти Амрико ҳастанд.”

Амрико бадтарин хиёнатро дар ҳаққи ман раво дошт

"Ман туро аз ин Амрико барҳазар медорам. Ҳамон тавр ки мебинӣ онҳо бадтарин хиёнатро дар ҳаққи ман раво доштанд ва маро барағми ин ки дар ҷанг бо Эрон таҳти ҳимояташон будам, дар як чашм ба ҳам задан, канор гузоштанд.”

Аз ҳампаймонии ман бо Амрико дарси ибрат бигир

Саддом дар идома менависад: "Ин Амрикое, ки акнун ту бо он ҳампаймон ҳастӣ, ба андозаи як зарра низ барои ту арзише қоил нест ва ҳаргоҳ ки бихоҳад туро иваз хоҳад кард ва ҳамон кореро бо ту хоҳад кард, ки бо ман кард ва ҳамон гуна ки маро мекушад, туро, хонаводаат ва миллататро хоҳад кушт ва нафт ва дороиҳоятро чаповул хоҳад кард ва обрӯи занонатро хоҳад рехт. Аз ончи ки бар сари ман омад, ибрат бигир ва аз амрикоиҳои хабис дурӣ кун! Ин акнун барои ту як фурсат аст!”

Тавсияи охири Саддом ба подшоҳи Арабистон

Дар идомаи ин нома омадааст: "Далели ин ки туро дар ин нома хитоб қарор додам ин аст, ки ту рӯи табақе аз тилло нишастаӣ ва ҷавонони Арабистонро дар ихтиёр дорӣ.”

Диктотури мақбур дар идома аз подшоҳи Арабистон мехоҳад, то рӯи ҷавонони худ сармоягузорӣ кунад ва иҷоза надиҳад, ки онҳо майдони набард ва ба истилоҳи ӯ майдони ҷиҳодро холӣ кунанд ва ба лаҳву лаъиб рӯй оваранд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 1850 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
13.12.2011
1. максад [Материал]
салом

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz