Панҷшанбе, 18.04.2024, 08:14
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 5 » Мавлоно ва ояти “Ал-хабисоту лил-хабисин...”
Мавлоно ва ояти “Ал-хабисоту лил-хабисин...”
04:33

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Он фаридуни ҷаҳони маънавӣ,

Бас бувад бурҳони зоташ Маснавӣ.

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест пайғамбар, вале дорад китоб.

Яке аз роҳҳое, ки Қуръони Карим барои фаҳмондани маъное муайян, аз он баҳра ҷустааст, тамсил аст. Мавлавӣ низ, дар Маснавияш, ки бетардид "Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ”, ин шеваро нек ба кор баста. Мавлавӣ маорифи баландеро, ки дар Қуръон омада ва пай бурдан ба маонии он ба осонӣ муяссар нест, бо тамсил ба азҳон наздик кардааст.

Тамсил, яъне мисол задан ва ташбеҳ кардани чизе ба чизе. Масалан, Худованд дар Қуръон дар баёни ҳоли касоне, ки илм доранд, вале ба дониши худ амал намекунанд, чунин касонеро ба хар ташбеҳ намуда, мефармояд: "Достони касоне, ки Таврот бар онҳо ниҳода шуд (яъне мукаллаф шуданд, ки онро ба кор бибанданд), вале онро барнадоштанд ва ба кор набастанд, ҳамчун достони харе аст, ки китобҳоеро бар дӯш бардоштааст; бад (достоне) аст достони гурӯҳе, ки оятҳои Худоро дурӯғ шумурданд ва Худо гурӯҳи ситамкорро роҳ нанамояд.” (Ҷумъа/5).

Мавлавӣ низ дар Маснавии безаволаш барои баёни бархе аз маонӣ, тамсилоти хубе дорад. Ҳол, як намуна аз онҳоро дар ин навиштор ёдовар мешавам.

Дар Қуръони Карим ояте ҳаст, ки мефармояд: "Ал-хабисоту лил-хабисин вал-хабисуна лил-хабисот, ват-тайиботу лит-тайибин ват-тайибуна лит-тайибот...”, яъне "Занони палид барои мардони палиданд ва мардони палид барои занони палид, ва занони пок барои мардони поканд ва мардони пок барои занони пок...” (Нур/26).

Ин оят, дарбардорандаи як маънои бас амиқ ва волое аст, аммо даркаш барои ҳар инсоне ба соддагӣ муяссар нест. Мавлои Рум барои тафҳими ин маънои воло барои инсон, тамсили муносибе меоварад. Достоне нақл мекунад ва зимни ҳикояти он достон, мазмуни ин оятро табйин менамояд. Достон ҳам, достоне ширин аст.

Хулосаи он достон ба ин шарҳ аст, ки даббоғе, ки кораш пиростани пӯсти ҳайвон аз мадфуъ (саргин) ва касофатҳо буд, рӯзе гузораш ба бозори атрфурӯшон афтод. Бӯи хуши атрҳои рангоранг фазои бозорро пур карда буд. Ин даббоғ, аз онҷо ки шоммааш ба бӯи мадфуъу саргин одат карда буд, аз бӯи атр беҳуш ва ҳамонҷо бар замин афтод.

Он яке уфтод беҳушу хамид,

Чун ки дар бозори атторон расид.

Бӯи итраш зад зи атторони род,

То бигардидаш сару бар ҷо фитод.

Ҳамчу мурдор уфтод ӯ бехабар,

Ними рӯз андар миёни раҳгузар...

Сипас, мардум аз чапу рост гирди ӯ ҷамъ шуданд ва ҳар як аз онон мекӯшид ӯро ба ҳуш оварад; яке гулоб ба сару сураташ мезад ва дигаре уду анбар месӯзонд. Ин дармонҳо ҳеч кадом ҳолашро баҷо наёвард ва ҳамчунон беҳуш бар замин буд. Инон намедонистанд, ки асосан иллати беҳуш шудани ин мард, ба машомми ӯ расидани бӯи ҳамин гулобу атру уд аст.

Ҷамъ омад халқ бар вай он замон,

Ҷумлагон Лоҳавлгӯ, дармонкунон.

Он яке каф бар дили ӯ мебиронд,

Ва-з гулоб он дигаре бар вай фишонд.

Ӯ намедонист, к-андар мартаъа,[1]

Аз гулоб омад варо он воқиъа.

Он яке дасташ ҳамемолиду сар,

В-он дигар каҳгил ҳамеовард тар.

Он бухури уду шиккар зад ба ҳам,

В-он дигар аз пӯшишаш мекард кам.

В-он дигар набзаш, ки то чун меҷаҳад?

В-он дигар бӯй аз даҳонаш меситад.

То ки май хӯрдааст ё бангу ҳашиш?

Халқ дармонданд андар беҳушиш.

Пас хабар бурданд хешонро шитоб,

Ки фалон афтодааст он ҷо хароб.

Кас намедонад, ки чун масруъ[2] гашт,

Ё чӣ шуд, к-ӯро фитод аз бом, ташт.

Як бародар дошт он даббоғи зафт,

Гурбузу[3] доно, биёмад зуд тафт.[4]

То ин ки ин ҷараён ба гӯши яке аз бародаронаш расид. Ӯ ба маҳзи огоҳӣ пайдо кардан, як мушт мадфуъ ва саргини бӯйноки саг ба даст гирифт ва давон-давон худро ба бозори атторон расонид ва бо чолокӣ суфуфи ҷамъиятро аз ҳам шикофт ва бар сари даббоғи беҳуш рафт ва он саргинро ба бинии ӯ наздик кард. Пас аз муддате, даббоғ таконе хӯрд ва сипас ба ҳуш омад ва аз ҷо бархост. Ҳамаи ҷамъомадагон, аз ин амр сахт тааҷҷуб карданд.

Андаке саргини саг дар остин,

Халқро бишкофту омад бо ҳанин.[5]

Гуфт: "Ман ранҷаш ҳамедонам зи чист?

Чун сабаб донӣ, даво кардан ҷалист.[6]

Чун сабаб маълум набвад, мушкил аст,

Доруи ранҷу, дар он сад маҳмил[7] аст.

Чун бидонистӣ сабабро, саҳл шуд,

Дониши асбоб, дафъи ҷаҳл шуд.”

Гуфт бо худ: "Ҳасташ андар мағзу раг

Тӯйи бар тӯ бӯйи он саргини саг.[8]

То миён андар ҳадас[9] ӯ то ба шаб,

Ғарқи даббоғист ӯ рӯзиталаб.

Пас чунин гуфтаст Ҷолинуси меҳ,

Ончи одат дошт бемор, он-ш деҳ.[10]

Гар хилофи одат аст он ранҷи ӯ,

Пас давои ранҷаш аз мӯътод, ҷӯ.

Чун ҷуал[11] гашта-ст аз саргинкашӣ,

Аз гулоб ояд ҷуалро беҳушӣ.

Ҳам аз он саргини саг доруи ӯст,

Ки бад-он ӯро ҳаме муътоду хӯст.

"Ал-хабисот лил-хабисин”-ро бихон,

Рӯву пушти ин суханро боздон...

Яъне, ин оятро, ки мефармояд: "Ал-хабисоту лил-хабисин вал-хабисуна лил-хабисот, ват-тайиботу лит-тайибин ват-тайибуна лит-тайибот...” (Занони палид барои мардони палиданд ва мардони палид барои занони палид, ва занони пок барои мардони поканд ва мардони пок барои занони пок...)[12]-ро бихон ва зоҳиру ботини ин каломро дарк кун. Сипас, мегӯяд:

Мар хабисонро насозад таййибот,

Дархуру лоиқ набошад, эй сиқот![13]

Чун зи атри ваҳй каж гаштанду гум,

Буд фиғоншон, ки "Татаййарно бикум.”

Мақсуди аслии достон, аз ин ҷо ба баъд эрод шудааст. Мегӯяд, аз он рӯ, ки ҳақситезон аз бӯи диловез ва ҷонбахши ваҳйи илоҳӣ гумроҳ ва мунҳариф шуданд, фарёд бардоштанд, ки: "Мо ба шумо (эй паёмбарон!) фоли бад мезанем”. (Юнус/18). Онгоҳ Мавлои Рум аз забони ҳақситезон чунин идома медиҳад:

Ранҷу беморист моро ин мақол,

Нест некӯ ваъзатон моро ба фол.[14]

Гар биёғозед нусҳе ошкор,

Мо кунем он дам шуморо сангсор.[15]

Мо ба лағву лаҳв фарбеҳ гаштаем,

Дар насиҳат хешро насриштаем...

Хулоса

Хулоса, Мавлои Рум аз забони ҳақситезон мегӯяд, мо одамоне нестем, ки агар шумо ба панду андарз дар ҷомеа бипардозед ва мардумро ба ороста шудан ба ахлоқи ҳамида даъват кунед, мо сукут кунем, балки сангсоратон хоҳем намуд. Мақсуди аслии ин ҳикоят, ки дар тафсири ояти мавриди назар оварда шудааст, ҳамин аст.

Яъне, агар мебинем дар ҷомеа бархе аз мардумон аз паёми илоҳӣ ва маорифи динӣ ва гуфтори паёмбару бузургони дин, хашмгин мешаванд ва динмадорони покро, ки коре ҷуз давъат ба ахлоқи ҳамида ва ороста шудан ба одоти писандида надоранд, мавриди шиканҷа қарор медиҳанд ва талош мекунанд ононро аз минбару суханронӣ маҳрум намоянд, сабабаш он аст, ки сиришти онҳо нопок аст; ба майгусориву хушгузарониву зишткорӣ одат ва хӯ кардаанд; мехоҳанд дар ҷомеа фақат рақсу суруду андомҷунбонӣ пиёда бошад, на панду андарзу насиҳат.

Зеро ҳаргоҳ ҷомеа бо бӯи атри ваҳй, хушбӯву дилангез шавад, онон басон ҳашараи ҷуал беҳуш ва беҷон мегарданд, аммо ҳаргоҳ бо бӯи гандида ва наҷиси касофаткориҳо ва зиштрафториҳо мутааффин ва бадбӯй шавад, ҷон мегиранд.

Бинобар ин, агар мебинем, бархе, бо ин ки дам аз демукросиву озодиву ҳуқуқи башар мезананд, аммо тобу тоқати дидани як хоҳари сатрпӯшро надоранд ва ё таҳаммули дидани як ҷавони ришдорро надоранд, ва ё аз мушоҳидаи чеҳраи исломӣ ҳолашон баҳам мехӯрад, иллаташ ҷуз ин нест, ки ба қавли Мавлоно:

Мо ба лағву лаҳв фарбеҳ гаштаем,

Дар насиҳат хешро насриштаем...

Кимиёи саодат


[1] Мартаъа: чарогоҳ. Инҷо манзур, бозори атторон аст, ки маҳалле хушбӯ ва дилнавоз аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, Карими Замонӣ).

[2] Масруъ: он касе ки дучори ғаш шудааст. (Ҳамон манбаъ)

[3] Гурбуз: зирак, доно, ҳушёр. (Ҳамон манбаъ)

[4] Тафт: тунд, тез, боҳарорат, шитоб. (Ҳамон манбаъ)

[5] Ҳанин: фарёд задан аз рӯи андӯҳ ва ё шодӣ. (Ҳамон манбаъ)

[6] Ҷалӣ: рӯшан, пайдо, ҳувайдо.

[7] Маҳмил: ончи ки дар он чизе ва ё касеро ҳамл кунанд. (Ҳамон манбаъ)

[8] Яъне бародари даббоғ бо худ гуфт: "Бӯи тааффуни ин мадфуъи саг дар аъмоқу лобалои рагу мағзаш нуфуз кардааст.” (Ҳамон манбаъ)

[9] Ҳадас: ҳамон наҷосат ва мадфуъ аст. Мегӯяд, ӯ ҳар рӯз то шаб барои имрори маош, то камар худро ғарқи наҷосат мекунад ва ба кори даббоғии пӯст мепардозад.

[10] Яъне, ба ҳамин хотир аст, ки Ҷолинуси бузург гуфтааст, барои дармони бемор бояд аз чизҳое истифода кард, ки бемор ба он одат кардааст. (Ҳамон манбаъ)

[11] Ҷуал: ҳашарае сиёҳ шабеҳи суск, ки дар ҷоҳои касиф зиндагӣ мекунад ва мадфуъ захира мекунад ва аз бӯи хуш беҷон мешавад ва чун ба зуболадоне андозанд, ҷон мегирад. (Ҳамон манбаъ)

[12] Нур/26.

[13] Сиқот: ҷамъи сиқа ба маънои касе, ки мавриди эътимод аст.

[14] Яъне, ҳақситезон ба паёмбарон гуфтанд: "Ин суханони шумо барои мо асбоби ранҷу нороҳатӣ аст, зеро мо андарзҳои шуморо ба фоли бад мегирем.”

[15] Яъне, агар ошкоро ба андарзи мо шурӯъ кунед, фавран шуморо сангборон мекунем.

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 2035 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz