Панҷшанбе, 13.05.2021, 03:13
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 10 » “Исроил” мусалмонони Тоҷикистонро аз хатари шиа барҳазар медорад!
“Исроил” мусалмонони Тоҷикистонро аз хатари шиа барҳазар медорад!
00:53

Ахиран, дар пайи дастгирии яке аз ҷосусони "исроилӣ” дар кишвари Лубнон, зимни бозрасии махфигоҳи вай дар шаҳри Бейрут (пойтахти Лубнон), теъдоде китобу наворҳои компютерӣ аз он ҷо кашф мешавад, ки ҳамагӣ дарбардорандаи матолиби исломӣ ва мазҳабӣ мебошанд, вале он чи мояи шигифтии бозрасҳои лубнонӣ мегардад, дидани китобу наворҳое ба забони тоҷикӣ (хатти кириллӣ) дар байни онҳо буда.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии "Баййинот” (Лубнон) ба нақл аз маҷаллаи "Ал-интиқод”, нерӯҳои амниятии Лубнон, дар пайи дастгирии як араби фаластинӣ ба номи А.Р. (нерӯҳои амниятӣ ҷиҳати такмили таҳқиқот ва бозҷӯйӣ, аз бурдани номи комили вай барои манбаъ худдорӣ намудаанд), ки дар хоки Лубнон барои "Исроил” ҷосусӣ мекардааст, махфигоҳеро, ки ҷосуси мавриди назар дар яке аз нуқтаҳои ғарбии шаҳри Бейрут барои фаъолиятҳои ҷосусияш истифода мекардааст пайдо менамоянд.

Нерӯҳои амниятӣ, дар ин маҳалл ба анбӯҳе аз китобу наворҳои компютерӣ бармехӯранд, ки "дар дифоъ аз аҳли суннат аз хатари мазҳаби шиа” будаанд ва ҷолиб ин ки ҳамагӣ бо муҷаввизи расмии вазорати фарҳанги Лубнон чоп шудаанд. Унвони баъзе аз ин китобҳо иборат будаанд аз: "Ва ҷоа даврул-маҷус” (Замони маҷусиҳо фаро расидааст), "Дифоъун анис-сунна” (Дифоъ аз аҳли суннат), "Линудофеъ ан мазҳабино” (Аз мазҳабамон дифоъ намойем), "Ло натрукис-саҳобата ливаҳдиҳим” (Саҳобаро танҳо нагузорем), "Хатаруш-шиа алал-ислом” (Хатари шиа бар ислом) ва ғайра, ба иловаи наворҳои компютерие, ки дар онҳо аз "хатари рӯзафзуни шиа бар минтақаи Ховари миёна” баҳс ба миён омадааст.

Ба гуфтаи маҷаллаи "Ал-интиқод”, А.Р. дар посух ба пурсиши бозрасони нерӯи амниятии Лубнон, ҳадаф аз вуҷуди ин китобҳо ва наворҳоро пахши онҳо дар миёни мусалмонони аҳли суннати Лубнон ва дар натиҷа эҷоди бадбинӣ ва кинаву адоват миёни онон нисбат ба шиаён ва даргирӣ ва ба инзиво кашондани нерӯҳои муқовимат қаламдод карда.

Ҷолиб ин ки дар байни он ҳама матолиби арабӣ, порае аз китобу наворҳо ба забони тоҷикӣ будаанд. Ин масъала, нерӯҳои амниятии лубнониро ба шигифт меоварад. Инак, қисмате аз эътирофҳои он ҷосус дар посух ба пурсиши бозрас аз иллати вуҷуди матолиби тоҷикӣ дар дасти ӯ.

Бозрас: Аммо ин китобу наворҳои тоҷикӣ барои чӣ манзурест?

А.Р: Росташ, маъмурияти ман фақат пахши он китобу наворҳои арабӣ аст миёни лубнониҳо, суриҳо ва ироқиҳо... Аммо ин маводдро фақат қарор буд ба ҳамон робите, ки номашро пештар бароятон гуфта будам ва аз Туркия қарор буд биёяд, ба дасти вай месупурдам.

Бозрас: Барои чӣ?

А.Р: Инаш дигар ба ман марбут нест, яъне кори ман фақат расондани ин китобҳо ба дасти вай буд.

Бозрас: Ин китобу наворҳоро куҷо таҳия кардед?

А.Р: Гуфтам, ки дар Бейрут... ва барои чопу нашри онҳо муҷаввизи расмӣ аз вазорати фарҳанги Лубнон дорам. Ҳеҷ як аз ин матолиб, бидуни муҷаввиз ва ғайри қонунӣ нестанд. Ман ба ҳамкори шумо гуфтам, ки ҳатто барои он чи ки ба забони тоҷикӣ аст, муҷаввиз содир шудааст.

Бозрас: Ин ки муҷаввизи расмӣ доред ё на, баъдан худамон ба ҳисобаш мерасем. Шумо бигӯед, ин ҷо ки тавонистед муҷаввиз барои матолиби арабӣ бигиред, чаро дар худи ҳамон кишвар (Тоҷикистон) барои ин китобҳо муҷаввиз нагирифтед? Чаро дар Лубнон?

А.Р: Инаш дигар ба ман марбут нест. Ба ман гуфтанд дар Лубнон таҳия кунам ва ба дасти робит, ки аз Туркия меояд супорам.

Қобили ёдоварӣ аст, дар тайи 3 соли ахир дар Лубнон, нерӯҳои амниятӣ ва интизомии ин кишвар муваффақ ба кашфи чанд марказу пойгоҳҳои ҷосусии "Исроил” дар Лубнон ва низ дастгирии даҳҳо ҷосуси "исроилӣ” шуданд.

Баййинот

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 728 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
10.05.2010
1. Ilhom [Материал]
Ин чизи наве нест; хамеша исроилихо бар зидди шиа буданд, чун танхо пайравони хамин ягона мазхаб бар зидди онхо муборизаи чидди мебаранд.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2021
Бесплатный хостинг uCoz