Шанбе, 23.09.2017, 12:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 20 » Талоши Арабистон барои бозгардондани раиси ҷумҳури фирории Тунис
Талоши Арабистон барои бозгардондани раиси ҷумҳури фирории Тунис
00:11

Манобеъи саудӣ аз талоши Арабистон барои бозгардондани Занулобидин бин Алӣ, раиси ҷумҳури фирории сарнагуншудаи Тунис ба қудрат хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алватан, Ҷунбиши исломӣ барои ислоҳ-и Арабистон, бар асоси манобеъи худ дар Вазорати кишвар, эълом кард, ки шоҳзода Ноиф бин Абдулазиз ба Бин Алӣ қавл дод, ки ҳамаи тавонмандии молӣ, сиёсӣ, фаннӣ ва расонаии Арабистонро дар ихтиёри вай қарор медиҳад то бозгашти вай ба ҳукуматро тазмин кунад.

Пойгоҳи Алватан ба нақл аз Ҷунбиши исломӣ барои ислоҳ таъкид кард, ин тадобир бо водоштани даҳҳо ҳазор нерӯи иттилоотии ҳизби ҳоким дар Тунис ба амалиёти чаповул, ғорат ва тахриб дар ақсо нуқоти Тунис шурӯъ шуд ва ҳадаф аз он қонеъ кардани миллати Тунис ба ин мавзӯъ аст, ки ҳузури Бин Алӣ зарурӣ ва иҷтинобнопазир аст ва вай танҳо касест, ки метавонад низомро тадбир кунад.

Дар ин росто, раиси ҷумҳури барканоршуда, гурӯҳи ҳукуматии худро дар Тунис нигоҳ доштааст то бо мушорикат дар давлат идораи кишварро дар даст дошта бошанд то ин ки худаш низ ба ин кишвар бозгардад.

Бин Алӣ қабл аз тарки Тунис, ин ҳамоҳангиро бо вазири кишвари Арабистон ба амал оварда буд ва утоқи амалиётӣ дар Арабистон барои тамосҳои Бин Алӣ бо дастгоҳи иттилоотии Тунис муҷаҳҳаз шуда буд ва акнун дастгоҳи иттилоотии Арабистон аз Ҷадда дастур мегирад, ки ҳамчунон ба амалиёти тахриб, чаповул ва нобудии амволи умумӣ ва хусусӣ идома диҳанд ва Бин Алӣ бо мобақии гурӯҳи ҳукуматии худ, ки дар Тунис ҳастанд, ҳамоҳанг амал мекунад.

Шоҳзода Ноиф ҳамчунин қавл додааст, ки сервисҳои иттилоърасонии Арабистон ҳаводиси ғорату чаповул ва тахриби амволи умумӣ ва хусусӣ дар шаҳрҳои Тунисро бузургнамоӣ кунад ва кишварро дар шароити ҳарҷу марҷ нишон диҳад, то мардум барои бозгашти Бин Алӣ тарғиб шаванд.

Ҷунбиши исломии Арабистон ҳамчунин аз миллати Тунис ба далели паноҳ додани Арабистон ва сарзамини ваҳй ба диктаторҳо узрхоҳӣ кард ва гуфт: "Бори дигар эълом мекунем, ки миллати саудӣ аз ин иқдоми давлат мубаррост”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 761 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz