Узви аршади Фарҳангистони забон ва адаби форсии Тоҷикистон, таъвиқи сафари устодони забон ва адабиёти форсии кишвари Тоҷикистон ба Эронро мухолифи руҳи пӯёи равобити Душанбе – Теҳрон донист.
Муҳаммадҷон Шакурӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, бо ишора ба ин ки ҳеҷ фард ва гурӯҳе дар Тоҷикистон мухолифи тавсиъаи равобит бо Эрон нест, гуфт, ки муносиботи ду кишвар зинда ва пӯё аст.
Шакурӣ иқдомоти фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро муассир унвон кард ва хостори таъмиқи муровидоти илмӣ, адабӣ, пажӯҳишӣ ва омӯзишӣ байни ду кишвар шуд.
Ин донишманди тоҷик бо ишора ба интихоби Алиасғари Шеърдӯст ба унвони сафир, сеюмин соли мутаволӣ иқдомоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон чашмгиртар аз кишварҳои дигар арзёбӣ кард ва густариши равобит дар тамомии арсаҳоро дар ростои манофеъи ду кишвари ҳамзабон унвон кард.
Шакурӣ бо баёни ин ки дар Тоҷикистон ҳеҷ фард ё гурӯҳе мухолифи тавсиъаи равобити Теҳрон – Душанбе нест, мардуми ду кишварро пуштибони аслии пойдории равобити ду кишвар донист ва изҳор дошт: "Таърих, тамаддун, фарҳанг ва забони муштарак беш аз ҳар омили дигаре, заминаҳои ҳамкорӣ ва ҳамдилиро фароҳам кардааст”.
Ин устоди барҷастаи тоҷик, зимни тавсифи мусбат аз дурнамои муносиботи Тоҷикистон ва Эрон, хотирнишон кард: "Иншоаллоҳ бо талош ва иродаи қотеъе, ки давлатҳои ду кишвар доранд, дар оянда шоҳиди шукуфоӣ ва тавсиъаи ҳарчи бештари равобити дӯстона ва бародаронаи Душанбе ва Теҳрон бошем.