Шанбе, 23.09.2017, 12:11
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 9 » Рози густариши ойини ислом алорағми исломҳаросӣ
Рози густариши ойини ислом алорағми исломҳаросӣ
21:13

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз замоне ки исломҳаросӣ ва исломситезӣ дар Ғарб шиддат гирифт, ба вижа дар даҳаи ахир, муносибати мағрибзаминиён ба ин ойини осмонӣ, ба хилофи пиндори мо одамиён ва алорағми хостаи доираҳое кучак дар Ғарб, ки падидаи шуми исломҳаросиро роҳ андохтанд, на ин ки рӯ ба бадӣ оварда бошад, балки ҳар андоза, ки мардумони он сарзаминро аз ислом ҳаросониданд, ба ҳамон андоза – ва балки бештар – инсони ғарбӣ рӯ ба ин ойини пок овард.

Мо одамиён, ғолибан бар асоси меъёрҳои заминӣ ашёро арзёбӣ мекунем ва бештари авқот таваҷҷӯҳ ба ҳисобу китобҳои худоӣ надорем. Вақте мебинем касоне шамшери душманӣ алайҳи ислом мекашанд ва ё ба иллати кинае, ки нисбат ба ин ойин дар дил доранд, дини ростини моро воруна нишон медиҳанд; боре "ойини террурисм”-аш мехонанд ва боре ҳам ба "тундравиву ифрогароӣ” муттаҳамаш мекунанд, фикр мекунем чунин кунишҳои ноҷавонмардонаашон таъсиргузор хоҳад уфтод ва таблиғоти заҳрогини онон мояи бадбин шудани мардумони ҷаҳон ба ислом ва сабаби коҳиши густариши он хоҳад шуд ва он гоҳ навъе йаъсу ноумедӣ моро фаро хоҳад гирифт. Аммо, алорағми ин, мебинем ойини мо рӯз аз рӯз дурахшонтар ва бар шумори пайравон ва гаравандагонаш дар ҷаҳон афзунтар мешавад. Розаш чист?

Пеш аз баёни ин роз, лозим медонам ба ин нукта ишора намоям, ки бо диди заминӣ ва бар асоси меъёрҳои хокӣ, мо дуруст меандешем ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки вазифа дорем аз ойинамон дифоъ бинамойем ва диншиносони мо камар ба рафъи ин гуна шубуҳоту иттиҳомоти бепоя бибанданд, на ин ки бо амалкарди нобихрадона, баҳона ба дасти кинатӯзон бидиҳем, ки мутаассифона, бархе аз аҳмақони мусалмоннамо, аҳёнан даст ба корҳое мезананд, ки боис мешавад он иттиҳомот ва шойеъот қувват бигирад.

Оре, мо вазифа дорем заминӣ фикр кунем ва мисли соири хокиён, бо такя бар асбоби заминӣ, дар баробари ин иттиҳомот ба дифоъ аз ойинамон бархезем, аммо амалкарди душманони кинатӯз ва саъю талоше, ки барои костани маҳбубияти ислом дар дилҳои мардумони ҷаҳон ба харҷ медиҳанд, ҳаргиз моро ноумед насозад ва фикр накунем, ки талошашон ба натиҷа хоҳад расид.

Мо набояд лаҳзае ин ҳақиқатро фаромӯш бикунем, ки ин ойин соҳиб дорад. Соҳиби ин ойини ростин худи Худованд аст; Худойе, ки ваъда додааст динашро ҳифз бикунад: "Мо худ зикр (Қуръон)-ро фурӯ фиристодем ва худ ӯҳдадори ҳифзаш ҳастем” (Ҳиҷр/9). Худованд тасреҳ мекунад, ки алорағми хости душманони ин дин, ойинашро пойдор ва шуъои нури онро дар саросари гетӣ бигустаронад: "(Кинатӯзон) мехоҳанд нури Худоро бо даҳонашон хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ин намехоҳад, ки рӯшноии худро тамом ва ошкор созад, агарчи кофирон нахоҳанд”. (Тавба/32). Чаро ки ин ойин, ойини ҳақ аст, ва ҳақ ҳамвора пирӯз ва ботил ҳамеша мағлуб аст: "...Худо мехоҳад ҳақро бо суханони худ устувор ва пойдор кунад ва бунёди кофиронро барандозад, то ҳақ (ислом)-ро пойдор ва ботилро нест гардонад, агарчи бадкорон нахоҳанд”. (Анфол/7-8). Ин аст рози ҷовидонагии ислом ва густариши рӯзафзуни он дар саросари гетӣ, алорағми душманиҳои кинатӯзону бадхоҳон.

Рӯзномаи амрикоии Нью-Йорк таймс (The New York Times) дар гузориши ду рӯз пеши худ (07.01.2011), аз густариши рӯзафзуни ислом дар миёни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Амрико, ба вижа ақаллиятҳои кубоӣ, мексикӣ, испониёӣ ва думиниканӣ, ки 35 дар сад аз раҳбарони Маркази исломии Ҳудсон (North Hudson Islamic Educational Center) дар Нюҷерсиро ташкил медиҳанд, хабар дод.

Дар ин гузориш омадааст: "Бар асоси охирин таҳқиқоти анҷомшуда, ҳар сола 200 000 амрикоӣ ба дини ислом мегараванд, ки бештари онҳо испониёизабон ҳастанд”.

Ва дар ҳолест, ки ҳамагон огоҳ ҳастем, ки дар ин даҳаи ахир, чӣ талошҳое дар ҷиҳати бад нишон додани чеҳраи ойини поки ислом дар Ғарб, ба вижа Амрико, анҷом гирифтааст.

Дар Англистон низ, дар солҳои ахир, шоҳиди гаройиши рӯзафзуни шаҳрвандони ин кишвар ба ойини муқаддаси ислом ҳастем. Бар асоси таҳқиқи ҷадиде, ки тавассути як муассисаи таҳқиқотии англисӣ бо номи Фис Мотерз (Faith Matters) анҷом шуда ва натоиҷи он чанд рӯз пеш (04.01.2011) дар рӯзномаи The Independent мунташир шуд, ҳар сола 5000 нафар аз шаҳрвандони англисӣ ба ислом рӯй меоваранд ба гунае ки теъдоди тозамусалмонон дар солҳои ахир дар ин кишвар ба 100 ҳазор нафар расидааст.

Муждаи густариш ва фарогир шудани ойини ислом дар саросари ҷаҳон, алорағми душмании кинатӯзону бадхоҳон, замоне эълом гардида буд, ки ҳанӯз теъдоди пайравони ин дин ба адади ангуштони даст намерасид. Дар ривояте, ки Бухорӣ аз саҳобии ҷалилулқадр Хаббоб ибни Арат нақл мекунад омадааст: Хаббоб мегӯяд: боре барои шиква аз озору азияте, ки Қурайш тозамусалмононро мерасонид, ҳузури гиромии Расули Худо (с) расидем, дидем, ҳазраташ (с) дар сояи Каъба, такя бар ҷомаи хеш зада, нишаста буд. Гуфтем: оё аз Худо бароямон ёрӣ наметалабед? Ҷанобаш (с) фармуд: мардоне аз умматҳои паёмбарони пешин, чунон мавриди озору азияти душманони дини Худо қарор мегирифтанд, ки ҳатто дар замин барои онон гудол канда шуда ва эшон дар он гузошта мешуданд, он гоҳ арра меоварданд ва бар сарашон гузошта, онро ду пора мекарданд, аммо ин корҳо эшонро аз динашон барнамегардонд. Кофирон бо шонаҳои оҳанин бадани эшонро шона менамуданд ба ҳадде, ки нӯки шона то гӯшту устухонҳояшон мерасид, вале ин аъмол ононро аз ойинашон барнамегардонд. Ба Худо савганд, ин ойин (ислом) тамом ва ошкор хоҳад шуд то он ҷо ки савора аз Санъо то Ҳазрамавт ҳаракат мекунад дар ҳоле ки аз касе ҷуз Худованд нахоҳад ҳаросид. Шумо андаке саросема ҳастед.[1]

Пас, исломситезӣ ва исломҳаросии теъдоде аз душманони ин ойини пок ва талоши онон барои хомӯш кардани нури дурахшони ислом дар Ғарб, ва ё саъйи шуморе аз шогирдони хоми он ғарбиён дар Машриқзамин, ки мекӯшанд бо манъи ҳиҷоб, ё бастани дари масоҷиду мадорис бар рӯи намозгузорону ҷӯяндагони дониши исломӣ, ё озору азияте, ки ба хотири доштани риш ва ё чеҳраи динӣ, ба мусалмонон мерасонанд, натиҷае хоҳад дод? Оё фикр мекунанд, саъйу талоши беҳудаашон, самарае хоҳад дошт? Оё чунин меангоранд, ки бо ин корҳои хому аъмоли аҳмақонаашон, нури фурӯзони ойини исломро хомӯш тавонанд намуд?

Чӣ хаёлу пиндори хом!

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 393 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz