Панҷшанбе, 18.10.2018, 16:23
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 10 » Раҳмонов: “Муқассири аслии таъвиқи сафари устодони тоҷик ба Эрон, Душанбе аст”
Раҳмонов: “Муқассири аслии таъвиқи сафари устодони тоҷик ба Эрон, Душанбе аст”
22:09

Вазири маорифи Тоҷикистон иллати ба таъвиқ афтодани сафари устодони забони форсии Тоҷикистон ба Эронро кӯтоҳии яке аз бахшҳои ин вазорат дар анҷоми иқдомоти қонунии лозим донист.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маорифи Тоҷикистон, имрӯз (10.01.2011) бо эъломи ин матлаб дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарӣ афзуд, ҳеҷ далели дигаре дар бораи адами анҷоми ин сафар вуҷуд надорад.

Раҳмонов аз намояндагони асҳоби расона хост то аз шарҳу тафсирҳои мавриди назари худ, ки ҳеҷ интибоқе бо воқеият надорад бипарҳезанд, зеро мақоми марбута дар Вазорати маориф, ки масъули пайгирии ин сафар буд, бидуни анҷоми иқдомотии қонунии лозим, иқдом ба барномарезӣ барои ин сафар кард, ки мӯҷиби таъхир дар анҷоми он шуд.

Вазири маорифи Тоҷикистон таъкид кард, дар ҳамин росто Раҷабалӣ Сангов, ки масъулияти ҳамоҳангии сафари гурӯҳи 71 нафарии устодони забони форсиро бар ӯҳда дошт, ба далели адами анҷоми ҳамоҳангиҳои лозим бо дастгоҳҳои зирабти ҳукумат, аз симати худ барканор шудааст.

Раҳмонов гуфт, баъд аз тайи мароҳили қонунӣ ва ҳамоҳангӣ бо дастгоҳҳои зирабти ҳукуматӣ, Вазорати маориф бо ҳамкории сафорати Эрон ин мавзӯъро пайгирӣ хоҳанд кард.

Вай афзуд, дар таъвиқи сафари ҳайъати устодони тоҷик ба Теҳрон, сафорати Эрон дар Душанбе муқассир нест, балки ин Вазорати маорифи Тоҷикистон аст, ки натавонист иқдомоти идориву қонунии лозимро ба сурати дақиқ ва ба мавқеъ анҷом диҳад.

Вазири маорифи Тоҷикистон дар поён зимни ибрози алоқамандии тарафи тоҷикӣ ба анҷоми сафари гурӯҳи устодони ин кишвар ба Эрон, гуфт, мо хостори тақвият ва густариши ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи эронӣ ва ба хусус Вазорати омӯзишу парвариш ва ҳамчунин Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ҳастем ва тарафҳои эронии мо низ ба дунболи афзоиши теъдоди донишҷӯёни бурсияи тоҷик дар Эрон ҳастанд.

Гуфтанист, душанбеи ҳафтаи гузашта ба гунаи ғайри мунтазира сафари як гурӯҳи 71 нафарӣ аз устодони забони форсии Тоҷикистон ба Теҳрон дар ҳоле лағв шуд, ки танҳо чанд соат ба парвози онҳо боқӣ монда буд.

Вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамроҳи Алиасғари Шеърдӯст сафири Эрон дар ин кишвар, пеш аз сафари ин ҳайъати 71 нафарӣ, бо ҳузур дар як конфронси матбуотӣ дар маҳалли Вазорати маорифи Тоҷикистон, баргузории давраи донишафзоӣ ва омӯзиши хатти форсӣ дар Теҳронро маҳсули талошҳои муштараки ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ва далеле бар тақвияти равобити омӯзишӣ ва фарҳангӣ миёни Душанбе ва Теҳрон донистанд.

Дар тӯли баргузории ин нишаст, ҳама чиз тибқи барнома дар ҳоли анҷом буд ва сӯҳбате аз эҳтимоли лағви парвози ин гурӯҳ ба Эрон шунида намешуд ва ё ҳадди ақал Шеърдӯст аз он ки соате баъд чӣ иттифоқе хоҳад афтод, иттилое надошт, зеро агар чунин буд, сафорати Эрон дар Душанбе қатъан аз расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон барои пӯшиши хабарии ин рӯйдод, даъват ба амал намеовард то худро мавриди иттиҳом қарор диҳад.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 388 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2018
Бесплатный хостинг uCoz