Душанбе, 20.11.2017, 12:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 14 » “Пирӯзии диплумосӣ”-и қарни бисту якум
“Пирӯзии диплумосӣ”-и қарни бисту якум
17:33

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар тӯли торих то ба имрӯз, башар системҳои давлатдории гуногунеро - аз низоми ибтидоӣ гирифта то низоми сармоядориву иштирокӣ - пушти сар гузаронида, ва ҳамчунин бо подшаҳҳо ва ҳокимони мухталифе мувоҷеҳ буд; бархе золиму ситамгар ва аз султаи беқайду шарте бархӯрдор буданд ва ҳеҷ шаҳрванде ҷуръати истодан дар баробари тасмимоти онҳоро, чи ғалат бошад ё саҳеҳ, надошт, бархе ҳам, агарчи бо раъйи мардум бар арикаи қудрат нанишаста, аммо то андозае адолатпеша ва боинсоф буданд ва... Ҳарчанд ин ҳокимону руасо, аз назари шеваи ҳукуматдорӣ ва равиши давлатронӣ, бо ҳам тафовут доштанд, ки гуфтем бархе ситамгар буданд ва бархе адолатпеша ва боинсоф, аммо аксари онҳо, чи золимаш ё одилаш  – ба истиснои андаке – дар як нуқта муштарак буданд ва хештанро пойбанд ба он менамуданд, ва он, посдорӣ аз ҳар ваҷаб хоки сарзамине буд, ки идораи он дар дасти эшон қарор дошт.

Подшаҳон, ҳатто ситамгарон ва беинсофҳояш, бар асоси фитрат ва табиате, ки бад-он сиришта шудаанд, басон соири афроди башар, хубӣ ва писандида будани рафторҳое чун "адолат”, "некӯкорӣ”, "шуҷоат”, "вафодорӣ” ва...-ро қабул ва иддао доштанд, ки дар шеваи давлатдории худ пойбанд ба ин рафторҳоянд. Ва ҳамчунин, бадӣ ва нописандии хасоисе чун "ситам”, "беинсофӣ”, "тарсуӣ”, "хиёнат” ва..-ро низ мепазируфтанд ва муддаии дурии хеш аз ин рафторҳо буданд.

Ва дар мавориде ҳам, ки порае аз рафторҳои подшаҳ, ситам ва ё хиёнат қаламдод мешуд, подшаҳ тавҷеҳ мекард ва мегуфт, ин "маврид”-ро ман "ситам” ё "хиёнат” намедонам, ин мухолифони сиёсиам ҳастанд, ки онро "ситам” ё "хиёнат” ташхис медиҳанд. Масалан, дар мавриди муҳокама ва зиндонӣ кардани бархе аз мухолифони сиёсӣ, подшаҳ онро айни "адолат” ва "риояти назми ҷомеа” қаламдод мекард, ҳарчанд аз назари мухолифони сиёсии ӯ, ин аъмол "ситам” ва "хиёнат” буданд.

Аммо як маврид буд (ва ҳаст), ки на подшаҳ дар хиёнат будани он тардид дошт ва на мухолифи сиёсии вай; яъне ҳар ду, кучактарин шакку тардиде дар хиёнат донистани он надоштанд. Ва он, фурӯхтан (ё эъто, ё ҳадия, ё вогузорӣ, хулоса исмашро ҳар чи мехоҳем бигузорем)-и як ваҷаб хоки кишвар ба бегона аст. Ва бад-ин сабаб аст, ки мо дар торих, камтар подшаҳ ва ё ҳокимеро мебинем, ки бар сари тиккае аз хоки кишвараш, бо касе муомила анҷом дода бошад. Чун медонистанд, ки ин кор бузургтарин хиёнат ба кишвар аст ва асосан хиёнате болотар аз он қобили тасаввур нест.

Оре, диктотуртарин подшаҳони торих, ки бадтарин рафторҳоро бо шаҳрвандони худ раво медиданд, дар ин маврид ба худ ҷасорат намедоданд ва ҳозир набуданд ҳатто як ваҷаб аз хоки марзу бумашонро ба касе вогузоранд. Чун медонистанд, ки агар бо суистифода аз ҷойгоҳе, ки доранд, ба як чунин кори ноҷавонмардонае даст бизананд, абадулабад мавриди лаъну нафрини шаҳрвандони кишвар ва насли ояндаи онҳо ва ҳатто фарзандони худашон қарор хоҳанд гирифт.

Дар торих намунаҳое аз ин хиёнат дорем, ки мусаббибони он, то ба имрӯз ва то қиёмат, ба унвони хоинон ва ватанфурӯшони миллат, мавриди лаъну нафрини фарзандони он кишвар ҳастанд. Дар замон Фатҳалишоҳ, яке аз подшаҳони сулолаи қочорӣ дар Эрон, назири чунин хиёнате рух додааст. Имрӯз, ҳар гоҳ номи ин подшаҳ ва ё ҳукуматдорони аҳди вай, бар забонҳо ҷорӣ бишавад, ҳар эроние ба онон лаъну нафрин мефиристад. Зеро, хиёнате, ки дар аҳди ин ҳукмрон анҷом гирифтааст, бадтарин хиёнат ба Эрону эрониён ба шумор меравад.

Шояд имрӯз барои бисёре аз тоҷикон пӯшида бошад, ки то замони начандон дур, марзҳои шимолии Эрон, худи Русия буд, на Озарбойҷону Арманистон. Яъне то даврони Фатҳалишоҳи хоин, кишваре ба номи Озарбойҷон, ё Арманистон, ё Гурҷистон ва ё иёлате ба номи Доғистон (тобеи Русия) рӯи нақшаи дунё вуҷуд надошт, тамоми ин кишварҳо тобеи давлати Эрон буданд. Ин сарзаминҳо, зимни ду аҳднома; яке Аҳдномаи Гулистон ва дигаре Аҳдномаи Туркманчой, ба русҳо вогузор гардид. Эрониён ин ду аҳдномаро, ба унвони аҳдномаҳои нангин ёд мекунанд.

Аҳдномаи Гулистон, соли 1813 милодӣ баъд аз даҳ сол ҷангу муқовимати эрониён дар муқобили русҳои тезорӣ, байни Эрон ва Русия имзо шуд. Бар асоси ин аҳднома, бахшҳои азиме аз Озарбойҷони имрӯз, Гурҷистони кунунӣ ва Доғистон, ба Русияи тезорӣ вогузор гардид.

Ва аммо бар асоси Аҳдномаи Туркманчой, ки соли 1828 милодӣ миёни Эрон ва Русияи тезорӣ ба имзо расид, қаламравҳои боқимондаи Эрон аз Аҳдномаи Гулистон дар Қафқоз, ки шомили Ирвон, манотиқи Толиш ва Ардубод ва бахше аз Муғон ва Ширвон буд, ба Русия вогузор шуд.

Аммо он чи қобили таваҷҷӯҳ дар ин миён мебошад ин аст, ки касоне ки дар он замон мусаббиби ин нанг шуда буданд, медонистанд, ки ин корашон ҷуз хиёнат нест; яъне худашон иқрор бар ин нанг менамуданд, на ин ки дар торих сабт шуда бошад, ки Фатҳалишоҳ ва ё яке аз атрофиёнаш, дар бораи ин ду аҳдномаи нангин ва расво, гуфта бошанд, ки он кор як "пирӯзии диплумосӣ” мебошад. Зеро, агар торих аз онон як чунин суханеро сабт мекард, қатъан лаъну нафрин бар онон ду чандон мешуд; яке ба хотири имзои он ду аҳдномаи нангин, ва дигаре ба ҷиҳати "пирӯзии диплумосӣ” номидани онҳо.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 306 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz