Чоршанбе, 12.12.2018, 12:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 25 » Номзади мавриди ҳимояти Ҳизбуллоҳ дар Лубнон давлат таъсис медиҳад
Номзади мавриди ҳимояти Ҳизбуллоҳ дар Лубнон давлат таъсис медиҳад
20:11

Наҷиб Миқотӣ номзади мавриди ҳимояти Ҳизбуллоҳ барои тасаддии мақоми нахуствазирии давлати ҷадиди Лубнон, ҳимояти аксари намояндагони порлумони ин кишварро ба даст овардааст.

Ба гузориши Presstv, Миқотӣ дар рӯзи дуюми ройзаниҳои порлумон, бо касби 68 раъйи мусбат аз маҷмӯи 128 намояндаи порлумони Лубнон, худро барои нахуствазирии ин кишвар омода мекунад.

Ба ҳамин муносибат, Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ишора ба бархе мавзеъгириҳо алайҳи муқовимат ва номзади гурӯҳи "8 март” (унвони муоризони ҳукумати пешин) барои нахуствазирӣ таъкид кард, ки Ҳизбуллоҳ дар пайи касби қудрат ва ҳукумат нест.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: "Мо бо мухолифони сиёсии худ дар дохил таомули мусбат хоҳем дошт, ҳарчанд ҳамлаи густарда алайҳи мо аз сӯи онҳо бо пушбонии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва бархе пойтахтҳои арабӣ сурат гирифт ва ҳуқуқи моро нодида гирифтанд”.

Насруллоҳ баён дошт: "Баъзеҳо қасд доранд ба ин мавзӯъ сибғаи мазҳабӣ бидиҳанд, дар ҳоле ки чунин нест. Бо омадани Миқотӣ фурсате барои Лубнон ва наҷоти он аз бӯҳрон фароҳам шудааст”.

Вай афзуд: "Ҳеҷ тамоюле барои ташкили давлате бо ранги воҳид надорем. Ин ки гуфта мешавад ҳукумати оянда азони Ҳизбуллоҳ аст, дар идомаи ҳамон тавтиаҳо алайҳи муқовимат ва Ҳизбуллоҳ дар дохил ва хориҷ аст ва ин корест, ки "Исроил” ва Амрико ва бархе дигар ба он доман мезананд”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ баён дошт: "Мо хостори қудрат ва ҳукумат набуда ва нестем, балки мо ба унвони нерӯи муқовимат ҳомии мардуми Лубнон аз таҷовузоти "Исроил” ҳастем ва инро ҳама медонанд. Қабл аз шаҳодати Рафиқ Ҳарирӣ аз мо хоста шуд, ки дар давлат мушорикат кунем, аммо напазируфтем, зеро мо қудратталаб нестем”.

Насруллоҳ таъкид кард: "Танҳо чизе ки аз ҳукуматҳои лубнонӣ мехостем ва ҳоло низ мехоҳем, ин аст, ки алайҳи муқовимат иқдоме наварзанд, мо ҳатто ҳимоят намехоҳем, фақат мехоҳем алайҳи мо иқдом накунед. Мутаассифона, ҳукумати пешин ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ваъда дода буд, ки ба лиҳози сиёсӣ моро нобуд хоҳанд кард. Мо он вақт гуфта будем, ки шумо дар ин кор ноком хоҳед шуд ва ноком шуданд. Дар оянда ҳам ҳар касе нобудии муқовиматро бихоҳад, ноком хоҳад шуд. Мо дар ин робита бо касе сари шӯхӣ надорем”.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ, зимни табрики мардуми Тунис, гуфт: "Мо аз Лубнон ва муқовимати Лубнон ба мардуми Тунис табрик мегӯем ва аз онҳо мехоҳем, ки бо ҳифзи ваҳдат, ба бархе иҷоза надиҳанд, ки дастовардҳо, интифоза ва хуни шаҳидонашонро поймол кунанд”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба сафари Ҷефри Флитман, муовини вазири умури хориҷаи Амрико ба Тунис гуфт: "Шунидаем, ки Ҷефри Флитман, "азиз”-и бархе аз лубнониҳо ва дӯсти онҳо, ба Тунис рафта ва мехоҳад бо давлат дар бораи иқдомоти оянда ва интихобот дар ин кившар гуфтугӯ кунад. Ба мардуми Тунис мегӯем, ки бояд нисбат ба тавтиаҳои аланӣ ва махфиёнаи Амрико ҳушёр бошанд ва бидонанд, ки ӯ бо ҳадафи эҷоди тавтиа, шикоф ва фитна ба Тунис омадааст”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 399 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2018
Бесплатный хостинг uCoz