Шанбе, 23.09.2017, 12:14
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 23 » Кабирӣ: Тасвиби бархе қавонин паёмадҳои нохушояндеро ба дунбол хоҳад дошт
Кабирӣ: Тасвиби бархе қавонин паёмадҳои нохушояндеро ба дунбол хоҳад дошт
23:58

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон нисбат ба авоқиби манфии сиёсатҳои зиддидинии давлати Тоҷикистон ҳушдор дод.

Муҳйиддин Кабирӣ дирӯз (22.01.2011) бо ҳузур дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Душанбе гуфт: «Тасвиби бархе қавонини муғойир бо қонуни асосӣ, асноди байналмилалӣ ва арзишҳои динӣ, паёмадҳои нохушояндеро ба дунбол хоҳад дошт».

Ба гузориши хабаргузории Форс, вай бо ишора ба ироаи лоиҳаи пешниҳодии "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд” аз сӯи раиси ҷумҳур ба маҷлис гуфт: «Таҳлили амиқи лоиҳаи мазкур нишон медиҳад, ки ин лоиҳа бо ҳадафи таъмин ва тазмини рушди наслҳои ояндаи кишвар таҳия ва тадвин шудааст, аммо бархе аз бандҳои он бо арзишҳои динии мусалмонон мухолиф аст, ки бояд ислоҳ шавад».

Кабирӣ изофа кард: «Дур нигаҳ доштани фарзандон то синни 18 солагӣ аз масоҷид ва созмонҳои динӣ, мухолифи фармоишоти Паёмбари Гиромии Ислом (с) аст, ки амр кардани фарзанд ба намозро яке аз масъулиятҳои динии ҳар мусалмон медонанд».

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар идома тасреҳ кард: «Ҳузур дар масоҷид ва ширкат дар маросими динӣ дар рӯзҳои таътил ва соатҳои фароғат, ҷузъе аз ҳуқуқи фитрии шаҳрвандии ҳар тоҷик аст ва ба тарбияти наслҳои ҷадид дар чорчӯби ахлоқ ва фарҳанги миллӣ ва исломӣ кӯмак хоҳад кард».

Вай бо ишора ба ин ки масҷид ва иттиҳодияҳои расмӣ бояд ба унвони шарики стратегии системаи маориф шинохта шаванд, хотирнишон кард: «Масъалаи "ё мактаб ё масҷид” ба маънои дар муқобили ҳам қарор додани ду сарчашмаи илму ахлоқ ва маънивият аст, ки ба нафъи ҳеҷ кадом нест».

Кабирӣ дар бахши поёнии суханони худ бо ишора ба зарфияти қавии масоҷид дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки давлат бояд аз потенсиали қавии масҷид ва иттиҳодияҳои динӣ дар тарбияти дурусти фарзандон бо риояти комили низоми таълиму тарбияти кишвар истифода кунад».

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 344 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz