Панҷшанбе, 18.10.2018, 17:43
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 29 » Инқилоби Тунису Миср; шабоҳатҳо ва тафовутҳо то ин лаҳазот
Инқилоби Тунису Миср; шабоҳатҳо ва тафовутҳо то ин лаҳазот
19:00

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зоҳиран, чунон ки мардуми Миср дар инқилоби худ аз мардуми Тунис таҷруба омӯхт, ба назар мерасад Муборак ҳам, аз он таҷорибе касб кардааст, ва чи басо дар оянда, баид нест таҷрубаи ҷаноби Муборак, барои соири диктотурҳои худкомаи минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад, ҳарчанд то ин лаҳазот, ки камина ин матлаб менависам, рӯшан нест таҳаввулоти Миср то соатҳои дигар чӣ масире хоҳад дошт.

Ҳамчунон ки дар Тунис инқилоби мардумӣ аз худсӯзӣ оғоз шуд, дар Миср ҳам хурӯши мардумӣ, аз худсӯзӣ шурӯъ шуд; албатта на бо худсӯзии як нафар чунон ки дар Тунис рух дод, балки бо ба оташ кашидани беш аз панҷ нафар аз мардуми ҷабрдидаи мисрӣ аз дасти режими ситампешаи Муборак.

Ҳамчунон ки дар Тунис тазоҳуроти мардумӣ дар оғоз бо шиори адами ризоят аз вазъи нобасомони иқтисодӣ шурӯъ шуда ва сипас ранги сиёсӣ ба худ гирифт ва мардум яксадо истеъфои раиси ҷумҳур Зайнулобидин бен Алиро дархост намуданд, ҳамин тавр дар Миср низ хостаи тазоҳуркунандагон дар ибтидо фақат ислоҳоти иқтисодӣ буд, аммо сипас яксадо шиор доданд, ки "Муборак! Истеъфо! Истеъфо!”

Ҳамчунон ки инқилобиҳои тунисӣ дар баробари гулӯлаҳои нерӯҳои амниятии тунисӣ аз худ муқовимати камназир нишон доданд ва кушта шудани чанд тан аз шаҳрвандон, аз ирода ва азимати онон чизе накост, ҳамин тавр инқилобиҳои мисриро низ арбадакашӣ ва бераҳмии нерӯҳои амниятӣ дар таомул бо хурӯшандагон, ба ҳарос наафканд ва кушта ва захмӣ шудани беш аз 800 нафар аз шаҳрвандони мисрӣ, ва он ҳам дар як рӯз, на ин ки аз иродаашон чизе бикоҳад, балки бар азиматашон биафзуд.

Ҳамчунон ки дар Тунис нуқоти муҳимми давлатӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои мухталифи он, яке пас аз дигар, ба дасти инқилобиҳо суқут мекард, ҳамин тавр дар Миср низ шоҳиди суқути марокиз ва мабонии давлатӣ дар Қоҳира ва бархе шаҳрҳои он, яке пас аз дигар, ба дасти хурӯшандагони мисрӣ мешавем, ҳатто бархе шаҳрҳои муҳимми Миср чун Искандария ба куллӣ дар ҳоли ҳозир ба дасти мардум идора мешавад.

Ҳамчунон ки дар авҷи хурӯши мардумӣ дар Тунис, нерӯҳои амниятӣ ақабнишинӣ ва ба ҷои онҳо артиш вориди майдон шуда ва дар канори мардум қарор гирифт, ҳамин тавр дар Миср низ нерӯҳои амниятӣ ақабнишинӣ карданд ва ба ҷои онҳо артиш майдонҳои пойтахт ва шаҳрҳои Мисрро пур карда ва бо истиқболи мардумони инқилобӣ рӯбарӯ гардид.

Ҳамчунон ки дар Тунис эъломи вазъияти фавқулода суде набахшид ва мардум хиёбонҳоро тарк нагуфтанд, ҳамин тавр дар Миср низ эъломи як чунин вазъият фоидае надошт ва мардумон бар тазоҳуроти худ идома дода ва медиҳанд.

Саранҷом, ҳамчунон ки дар Тунис, ҳангоми авҷи хурӯш, аз тариқи расонаҳои давлатӣ, эълом шуд, ки ба зудӣ ва то дақоиқе дигар, хабари муҳимме барои мардум тавассути Раиси Порлумон эълом хоҳад шуд, ҳамин тавр дар Миср низ дишаб (28.01.2011) расонаҳои давлатии Миср эълом карданд, ки то дақоиқе дигар Раиси Порлумон хабари муҳимме барои мардуми Миср эълом хоҳад кард.

Аз ин ҷо ба баъд, дигар ин ду инқилоб, бо ҳам шабоҳат надоштанд. "Хабари муҳим” дар Тунис, эъломи поёни умри режими раиси худкома ва диктотур Зайнулобидин бен Алӣ буд. Ибтидо нахуствазир ва сипас Раиси Порлумони Тунис эълом карданд, ки дигар Бен Алие дар Тунис вуҷуд надорад ва Раиси Порлумон, тибқи Қонуни Асосӣ, маҳори қудрат дар Тунисро ба даст мегирад.

Дишаб (28.01.2011), мисриҳо ва дар канори онҳо, тамоми ҷаҳониён мунтазир буданд, ки "хабари муҳим” дар Миср ҳам дақиқан ҳамон хоҳад буд, ки дар Тунис ба вуқӯъ пайваст. Аммо...

... зоҳиран, чунон ки мардуми Миср дар инқилоби худ аз мардуми Тунис таҷруба омӯхт, ба назар мерасад Муборак ҳам, аз он, таҷорибе барои худ касб кардааст, ва чи басо дар оянда, баид нест таҷрубаи ҷаноби Муборак, барои соири диктотурҳои худкомаи минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад, ҳарчанд то ин лаҳазот (29.01.2011), ки камина ин матлаб менависам, рӯшан нест таҳаввулоти Миср то соатҳои дигар чӣ масире хоҳад дошт.

Билохира, Муборак, бо чашмони хеш дид ва мебинад, ки дӯсташ Бен Алиро чӣ сарнавиште талх гиребонгир гардид, ки ҳатто имрӯза интерпол эълом карда, ки ба зудӣ ӯро ба дасти адолат хоҳад супурд. Ӯ, зоҳиран, то замоне ки қудрат дар даст дорад, хоҳад кӯшид, ки ба ин осонӣ ҷои худ холӣ накунад. Ӯ намехоҳад сарнавишти Бен Алӣ гиребони вайро ҳам бигирад, ҳарчанд на даҳҳо, балки садҳо ва ҳазорон хуни бегуноҳон рехта шавад. Магар барои худкомаҳое чун Муборак, хуни мардум арзиш ва эътиборе дорад? Зоҳиран, дӯстони амрикоӣ ва урупоияш низ ҳанӯз ӯро бар боқӣ мондан дар тахт ташвиқ мекунанд.

Аз ин рӯ, "хабари муҳим” дар Миср ин шуд, ки ба ҷои Раиси Порлумон, худи Ҳусни Муборак баромад ва зимни эъломи истеъфои давлат, "мужда” дод, ки ҳамин фардо (29.01.2011) ҳукумати ҷадид ташкил хоҳад дод ва давлати нав ба гунаи ҷиддӣ хостаҳои мардумро бароварда хоҳад кард.

Аммо, мисриҳо, зоҳиран, гӯли ин бозиро нахоҳанд хӯрд. То ин лаҳазот (асри 29.01.2011), тазоҳурот идома дорад ва мисриҳо камокон хостори канорагирии Ҳусни Муборак аз қудрат ҳастанд. Тамоми коршиносони минтақаӣ бар ин боваранд, ки режими Муборак дигар нобуд шудааст, агар имрӯз рафтанӣ нест, чанд рӯзи дигар хоҳад рафт. Аммо зоҳиран, ҳамоқаташ ӯро намегузорад бо ҳифзи обрӯ макони хешро холӣ кунад.

Оре, воқеан руасои худкома аҳмақанд. Агар аҳмақ набуданд, аввалан худкома намешуданд. Сониян, агар аҳмақ набуданд, магар баъд аз ин ҳама, боз ҳам хоҳони бақо бар сари қудрат мебуданд?

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 213 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2018
Бесплатный хостинг uCoz