Якшанбе, 28.04.2024, 10:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 12 » Дастгирии омили террори донишманди ҳастаии Эрон
Дастгирии омили террори донишманди ҳастаии Эрон
15:59

Вазири иттилооти Эрон бо шарҳи ҷузъиёте аз чигунагии дастгирии авомили террори Масъуди Алимуҳаммадӣ, донишманди ҳастаии Эрон, ки чанде пеш террор шуда буд, муваффақияти дастгоҳаш дар ин дастгириро ҳосили нуфузи дастгоҳи иттилоотии Эрон дар системи иттилоотии "Исроил” (Моссад) донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳайдари Муслиҳӣ, вазири иттилооти Эрон, рӯзи сешанбе (11.01.2011) дар як нишасти хабарӣ, нуфузро муҳимтарин дастоварди иттилоотии Эрон дар мувоҷиҳа бо системи иттилоотии "Исороил” донист ва гуфт: "Дастгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Исломӣ бо нуфуз дар дохили ташкилоти иттилоотии режими саҳюнистӣ, муваффақияти хубе дар ишрофи иттилоотӣ бар системи ҷосусии режими саҳюнистӣ ба даст овард ва бо кӯмаки иттилоотии мардум, тавонистем авомили душманро шиносоӣ кунем”.

Вай афзуд: "Дастгоҳи иттилоотӣ бо истифода аз нуфуз дар системи иттилоотии Моссад, шабакаҳои мухталифе, ки ин режим тарроҳӣ карда ва омӯзишҳои қобили таваҷҷӯҳеро ба онҳо дода буд, шиносоӣ карда ва дарҳам кӯбида, ки аз авомили яке аз ин шабакаҳо шаби гузашта дар телевизион ба мардум муаррифӣ шуд”.

Муслиҳӣ идома дод: "Режими саҳюнистӣ, режиме аст, ки бар асоси ғасб, ваҳшат ва террор шакл гирифта ва тасаввур мекунад, ки метавонад аз ин тариқ ба аҳдофи палиди худ бирасад, аммо биҳамдиллоҳ Вазорати Иттилоот бо нуфуз дар шабакаи ҷосусии ин режим, муваффақияти бузурге касб кард”.

Вай гуфт: "Дастгоҳи иттилоотӣ бо шиносоии авомили террори шаҳид Алимуҳаммадӣ, шабакаҳои дигареро мавриди шиносоӣ қарор дод, ки бахше аз онҳо дастгир шуданд ва дар мавориди дигаре низ дунболи баҳрабардориҳои иттилоотӣ ҳастем, ки иншоаллоҳ пас аз ҳусули натиҷа, ба иттилои мардуми азиз хоҳад расид”.

Муслиҳӣ афзуд: "Сервиси иттилоотии режими саҳюнистӣ манотиқи олудаи иттилоотии атрофи Ҷумҳурии Исломиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки ин манотиқ шиносоӣ шуда ва канори онҳо пойгоҳҳои иттилоотии қобили таваҷҷӯҳе эҷод кардаем”.

Чигунагии муқобилаи иттилоотии Эрон бо иқдомоти ҷосусии "Исроил”

Муслиҳӣ дар посух ба ин суол, ки: "Оё Ҷумҳурии Исломӣ ба ҷои шикоят дар маҷомеи байналмилалӣ, ки ба далели нуфузи саҳюнистҳо ба ҷое намерасад, бо режими саҳюнистӣ муқобилаи ба мисл хоҳад кард?” гуфт: "Дар муқобила бо иқдомоти режими саҳюнистӣ, дақиқан ва қатъан муқобилаҳои иттилоотӣ ва иқдомотӣ хоҳад шуд”.

Вазири иттилооти Эрон идома дод: "Асноди қобили таваҷҷӯҳе, ки дар ихтиёри мо қарор дорад, собит мекунад режими саҳюнистӣ бо ҳар гуна пешрафти илмӣ дар кишварҳои исломӣ ва минтақа ва ба вижа Эрон мухолиф аст”.

Муслиҳӣ афзуд: "Донишмандони барҷастаи кишварҳои минтақа дар маърази таҳдид ва террори режими саҳюнистӣ ҳастанд, ки бар асоси вазифаи худ, ба ин кишварҳо дар ин замина иттилоърасонӣ хоҳем дошт”.

Вай тасреҳ кард: "Режими саҳюнистӣ аҳдофи иттилоотии худро бо истифода аз муздурони береша ва варшикастагони сиёсӣ ва иҷтимоӣ пайгирӣ мекунад”.

Бар гурӯҳакҳои террористӣ ишрофи комил дорем

Вазири иттилооти Эрон, аз гурӯҳаки террористии Регӣ, гурӯҳаки террористии мунофиқин ва гурӯҳакҳои дигар, ба унвони пиёданизоми Моссад ёд кард, аммо дар айни ҳол гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ бар ин гурӯҳакҳо ишрофи иттилоотӣ дорад.

Муслиҳӣ идома дод: "Гурӯҳҳое, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ зарбаҳои сангине хӯрдаанд, дар кишварҳои урупоӣ ва ғарбӣ, бо сарони режими саҳюнистӣ ва НАТО нишастҳоеро баргузор ва дар ин ҷаласот ин мабоҳисро дунбол мекунанд, ки чӣ гуна метавон аз ин муздурон дар ҷиҳати муқобила бо низоми исломӣ баҳрабардорӣ кард”.

Ҷузъиёти омӯзиши террори Алимуҳаммадӣ аз забони омили террор

Ба гузориши Ҷоми Ҷам онлайн, Маҷиди Ҷамолӣ, омили террори дуктур Алимуҳаммадӣ, дар мусоҳибае, ки бахшҳои каме аз он, сешанбешаб (11.01.2011) дар садо ва симои Эрон пахш шуд, гуфт: "Дар сафаре, ки ба Тел-авив анҷом додем, дар подагоне дар роҳи Уршолим – Тел авив бо чанд афсари аршади исроилӣ ошно шудам ва дар он ҷо омӯзишҳои мухталиф аз ҷумла таъқиб ва гурез, зидди таъқиб ва часпондани бомби зери мошинро фаро гирифтам”.

Ба гуфтаи ин террорист, барои тамрини амалиёти бомбгузорӣ бо истифода аз мутур, дар ин подгон омӯзишҳои хоссе ба ӯ дорда шудааст.

Ҷамолӣ дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба бо ташреҳи ҷузъиёти бештар гуфт: "Пас аз ин ки дар бораи террори дуктур Алимуҳаммадӣ аз завоёи мухталиф тавҷеҳи равонӣ ва амалиётӣ шудам ва чанд бор амалиёти бомбгузориро дар подагоне дар наздики Тел-авив тамрин кардам, макети бисёр дақиқе аз манзили дуктур Алимуҳаммадӣ ва муҳити атрофи манзили вай дар ихтиёри ман қарор гирифт то комилан бо муҳит ва шароити воқеии амалиёти террори вай ошно шавам”.

Мушоҳидаи тасвирии ин мусоҳиба

Эътирофи зимнии "Исроил” ба амалиёти террори Муҳаммадӣ

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретз, пас аз интишори хабари шиносоии шабакаи саҳюнистии масъули террори Масъуди Алимуҳаммадӣ, донишманди ҳастаии эронӣ, ба гунаи зимнӣ ин матлабро таъйид кард.

Ин рӯзномаи исроилӣ дар гузорише бо унвони "Эрон шабакаи ҷосусии исроилиро, ки пушти пардаи террори донишманди ҳастаӣ қарор дошт, ба дом андохт”, навишт: "Исроил барномаи махфиро барои ба қатл расондани донишмандони ҳастаии Эрон, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳҳои мамнуъа пиёда мекунад”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 474 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz