Чоршанбе, 22.11.2017, 06:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 13 » Боқирулу: “Иқдомоти қудратҳо ба суди манофеъи миллии Қирғизистон нест”
Боқирулу: “Иқдомоти қудратҳо ба суди манофеъи миллии Қирғизистон нест”
22:24

Турсунбой Боқирулу намояндаи порлумони Қирғизистон ва яке аз раҳбарони фраксиони Ор-номус, бо ишора ба ин ки қудратҳо бидуни истисно дар ҳамаи кишварҳои минтақа ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва Қирғизистон муносибтарин шароит барои анҷоми озмоишоташонро дорад, гуфт: "Бидуни тардид, иқдомоти қудратҳо ба суди манофеъи миллии Қирғизистон нест ва шароит барои давлати Бишкек сахттар хоҳад шуд”.

Матни комили мусоҳибаи хабарнигори хабаргузории Форс бо Боқирулуро, ки масоили дохилӣ ва хориҷии ин кишварро дарбар гирифтааст, дар зер мехонед:

- Оқои Боқирулу, қатъи назар аз нақши авомили хориҷӣ дар вуқӯъи ду инқилоби гузашта дар Қирғизистон, оё акнун бо иҷрои барномаҳои мутааддиди сиёсӣ назири ҳамапурсӣ, тағйири низоми сиёсӣ, интихоботи раёсати ҷумҳурии муваққат ва интихоботи порлумони Қирғизистон метавон иддаои тағйири шароитро дошт?

- Мутаассифона, он чи дар гузашта дар низоми мудирияти худкома вуҷуд дошт, бо он чи имрӯз дар ҷараён аст, тафовути зиёде бо якдигар надорад ва ҳамчунон барномаҳои мавриди ишораи шумо натавонистааст бар фазои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии кишвар таъсири матлубе бар ҷой гузорад.

Гузашта аз ин, давлати муваққат, ки баъд аз кудатои моҳи апрели соли 2010 ташкил шуд, муртакиби иштибоҳоте буд, ки ба чеҳраи мудирияти ҷадиди Қирғизистон латмаҳои шадиде ворид сохт.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, бояд ба вуқӯъи даргириҳои байниқавмӣ дар ҷануби кишвар ишора кард. Қатъи назар аз он ки давлати муваққат дар ҷиҳати пешгирӣ аз бурузи даргириҳо иқдоми хоссе наҷом надод, пас аз вуқӯъи он низ барномаҳои номуназзамеро дунбол кард. Намояндагони давлат танҳо дар чаҳорӯмин рӯзи даргирӣ дар вилояти Ӯш ва Ҷалолобод ҳузур пайдо карданд, ки мӯҷиби нороҳатӣ ва ҳатто беэътимодии мардум нисбат ба давлати муваққат шуд.

Дар муқобил, бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ назири ҳизби Ота Журт, ки аз нахустин соатҳои вуқӯъи ин ҳодиса дар канори мардум қарор гирифта ва талош карданд то пеши роҳи хунрезӣ ва беназмиҳо гирифта шавад, пас аз бозгашти оромиш, мардуми ҷануби Қирғизистон низ бо ҳимояти худ аз ин ҳизб дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ, маротиби қадрдонии худро аз иқдоми онон анҷом доданд.

Дар ҳамин ҳол, амалкарди заифи давлати муваққат мӯҷиб шуд то ҷойгоҳи иҷтимоии ҳизби ҳоким тазъиф шавад, ки натоиҷи интихоботи порлумонии 10 октябр дар ҳамин росто қобили баррасӣ аст.

Мавриди дигаре, ки ба амалкарди мудирияти ҷадиди кишвар бозмегашт, ин буд, ки тайи ҳукмронии давлати муваққат, сатҳи зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар на танҳо беҳбуд наёфт, балки вахимтар аз гузашта низ шуд. Дар ин давра камбуди будҷа ба рақами бесобиқаи 28 миллиард сӯм расид.

Аъзои давлати муваққат ҳамеша аз фасодзадагии давлати пешина интиқод мекарданд, вале ба маҳзи ба қудрат расидан, роҳи давлати қаблиро рафта ва ба тақсими курсиҳо дар байни наздикон ва аъзои аҳзоби худ машғул шуданд.

Ин раванд пас аз баргузории интихоботи порлумонӣ дар ҷараёни ташкили эътилофи ҳоким дар порлумон низ ба назар расид ва ин воқеиятро таъйид кард, ки то замоне ки андеша ва тафаккури мардум ва ба хусус сиёсатмадорон мутаҳаввил нашавад, ҳеҷ гуна тағйири низоми сиёсӣ корсоз нахоҳад буд. Дар замони вуҷуди низоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон танҳо як нафар муддаии ҳукумат буд, аммо акнун дар шароити истиқрори низоми мудирияти порлумонӣ, амалан 120 нафар намоянда муддаии ҳукумат шудаанд, ки барои кишвар паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.

- Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки адами пирӯзии аҳзоби вобаста ба давлати муваққат нишон медиҳад, ки мақомоти давлати муваққат дар раванди интихоботи порлумонӣ мудохилае надоштанд.

- Ин назар чандон қобили қабул нест, зеро давлати муваққат дар ҳадди тавони худ саъй кард дар раванди интихобот таъсиргузор бошад, вале ин ки то куҷо муваффақ шуд, баҳси дигарест. Ҳамон гуна ки маълум буд, дар замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар моҳи октябр, дар бештари курсиҳои мудириятии сатҳи кишвар ва манотиқи Қирғизистон намояндагони ҳизби Ота Мекен, Сусиёл демукрот, Оқ Шамқор ва Бек қарор доштанд ва онҳо аз тариқи мухталиф талош карданд, ки аз имконоти худ барои ҷалби орои мардум истифода кунанд.

Далоил ва шавоҳиде низ аз вуҷуди тақаллуб дар ин интихобот ҳикоят мекард, аммо ба хотири ошуфта накардани фазои сиёсии кишвар бисёре аз тарҳи чунин мавориде мунсариф шуданд.

Мушкил он ҷое буд, ки давлати муваққат ба ҷои эътилофи аҳзоби вобаста, ҳамзамон чандин ҳазбро вориди корзори интихобот кард, ки дар натиҷа орои тарафдорони худро, ки дар пайи ҳаводиси қавмӣ теъдодашон коҳиш ёфта буд, мутаваққиф намуд, ки ин амр иртиботе бо мудохила дар раванди баргузории нитихобот надошт.

- Баҳси дигар ин аст, ки чаро дар ҳамапурсии моҳи июл беш аз 80 дар сади интихобкунандагон аз тағйири низоми ҷадиди сиёсӣ, яъне низоми порлумонӣ ҳимоят карданд, вале сипас дар интихоботи порлумонӣ, аз аҳзоби мухолифи ин низом ҳимоят ба амал оварданд. Ба назари шумо мардум дар робита бо ин низом тағйири дидгоҳ додаанд?

- Ин ҷо баҳси тағйири дидгоҳи раъйдиҳандагон матраҳ нест, балки дар таноқуз қарор гирифтани натоиҷи ҳамапурсии моҳи июл бо интихоботи порлумонии моҳи октябри соли 2010 ба ин маъност, ки аз ин ду барнома ҳатман яке бо тақаллуб сурат гирифтааст.

Ба унвони як шаҳрванд ва сиёсатмадори кишвари Қирғизистон мутмаин ҳастам, ки ҳамапурсии тағйири низоми мудириятӣ ҳамроҳ бо тақаллуб будааст.

Аслан дар баргаҳои ҳамапурсӣ матраҳ кардани беш аз сад маврид ғайри мантиқӣ буд. Аз ин тарҳи аҷибу ғариб ва он ҳам дар шароити ҳассоси кишвар қабл аз ҳама Амрико ва Иттиҳодияи Урупо ҳимоят карданд ва кӯмакҳои лозимро барои давлати муваққат анҷом доданд.

Бетардид, дар пайи даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ва оворагии даҳҳо ҳазор нафар, ки имкони ширкат дар ҳамапурсиро надоштанд, баргузории чунин барномае салоҳ набуд. Аммо бо ҳимояти Амрико ва Иттиҳодияи Урупо муқарраротеро ба мавриди иҷро гузоштанд, ки бар асоси он бидуни муаррифии ҳеҷ гуна санади таъйидкунандаи ҳувияти интихобкунандагон, ҳаққи ширкат дар ҳамапурсӣ фароҳам шуда буд, ки ин амр ба сурати табиӣ роҳи тақаллубро боз кард ва ин далели аслии натиҷаи 80 дар садии ширкати мардум дар ҳамапурсӣ буд.

Ҳамон гуна ки ишора кардем, чунин натиҷае дар шароити ҳарҷу марҷи сиёсӣ ва амниятӣ ва адами ширкати даҳҳо ҳазор нафар буд, ки ҳамагӣ ҳикоят аз тақаллуби ошкор дар интихоботро дорад.

Агар чунин набуд, пас чӣ тавр дар интихоботи порлумоние, ки дар шароити субот ва оромиши нисбие баргузор шуд, 29 ҳизби сиёсӣ бо ҳазинаҳои сарсомовар ва бо анҷоми барномаҳои бисёр густардаи таблиғотӣ, тавонистанд танҳо 56 дар сади интихобкунандагонро пои сандуқҳои раъй бикашонанд? Банда тардиде надорам, ки ин ҳамапурсиро Амрико ва Иттиҳодияи Урупо дар ростои баровардани манофеъи худ тартиб дода буданд, то аз ин тариқ битавонанд раванди тағйири низоми мудириятӣ дар минтақаро таҷриба кунанд, ки аз ин назар Қирғизистон дорои муносибтарин шароит буд.

- Оқои Боқирулу, шумо нақши Амрико ва Иттиҳодияи Урупо дар таҳаввулоти сиёсии Қирғизистон ва ба хусус вазъи низоми ҷадиди сиёсӣ ишора кардед, вале тарафҳои дигари хориҷӣ назири Русия ва Қазоқистон низ тайи ин муддат фаъол буданд ва ҳатто дар остонаи интихоботи порлумонӣ ба таври аланӣ аз бархе аҳзоби мухолифи низоми порлумонӣ ҳимоят карданд. Оё бархӯрди манофеъи бозикунони хориҷӣ дар Қирғизистон, ба манофеъи миллии кишвари шумо латма намезанад?

- Ин бархӯрди манофеъ бисёр ошкор ба назар мерасид ва қатъан манофеъи миллии кишвари моро таҳти таъсир гузоштааст.

Бо фурӯпошии Шӯравӣ контроли Осиёи Миёна аз дасти Маскав хориҷ шуд ва Амрико, Чин, Урупо ва дигар кишварҳои зинафъ вориди минтақа шуданд ва бо вуҷуди гузашти ҳудуди ду даҳа аз замони касби истиқлол, ҳанӯз ҳам шиддати рақобатҳо барои дастёбӣ ба вазъи бартар дар минтақа коҳиш наёфтааст. Дар канори мулоҳизоти жеополитикӣ, захоири табиии Осиёи Миёна мавриди таваҷҷӯҳи бозикунони хориҷӣ аст.

Ба таври маълум Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон аз захоири саршори энержӣ бархӯрдоранд ва Тоҷикистону Қирғизистон дар канори маодини мутааддид, манобеъи аслии оби минтақаро дар ихтиёр доранд.

Қудратҳо ва беш аз ҳама Амрико ва Урупо ба хотири дар ихтиёр доштани контрол бар минтақа, аз абзорҳои мухталифе истифода мекунанд. Ба унвони мисол, бо истифода аз мабоҳисе назири демукросӣ ва ҳуқуқи башар, таҳаввулоти минтақаро на танҳо таҳти назорат қарор медиҳанд, балки бо баҳрабардорӣ аз ин мавзӯъ дар таъйини масири таҳаввулот низ саҳим мешаванд. Онон танҳо қавонин ва арзишҳои худро милок медонанд ва ба арзишҳо ва суннатҳои кишварҳои минтақа, ки ҳамагӣ мусалмонанд, таваҷҷӯҳ надоранд.

Қудратҳо бидуни истисно дар ҳамаи кишварҳои минтақа ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва Қирғизистон муносибтарин шароит барои анҷоми озмоишоташонро дорад. Масалан, чунончи дар Тоҷикистон танҳо пойгоҳи низомии Русия вуҷуд дорад, пас дар Қирғизистон дар фосилаи 40 километрӣ ду пойгоҳи Амрико ва Русия қарор гирифтаанд. Ҳамчунин мутталеем, ки баҳси эҷоди пойгоҳи ҷадиди низомии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҷануби Қирғизистон дунбол мешавад, ки амалан як пойгоҳи чинӣ хоҳад буд.

Бидуни тардид, иқдомоти қудратҳо ба суди манофеъи миллии Қирғизистон нест ва шароит барои давлати Бишкек сахттар хоҳад шуд. Фикр мекунам Қирғизистон бояд баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, монанди Туркманистон сиёсати бетарафиро дунбол мекард, вале роҳеро баргузид, ки имрӯз шоҳиди натоиҷи манфии он ҳастем ва ба таври ногузир бояд яке аз ду тарафи таъсиргузори хориҷиро, ки Русия ва Амрико ҳастанд, ба унвони муттаҳиди аслӣ интихоб кунад.

Дар ин ҳолат низ фикр мекунам, ки бояд Русия бар Амрико тарҷеҳ дода шавад, ки ин масъала қатъан ба манофеъи миллии Қирғизистон ва ҳамчунин суботу амнияти минтақа хоҳад буд.

Зоҳири қазия чунин аст, ки гӯё Қирғизистон бо ҳамаи тарафҳои муҳимми хориҷӣ иртиботи наздике дорад ва ҳатто ҳузури низомии қудратҳо дар кишвар низ бозгӯкунандаи вуҷуди ин навъ иртибот дониста мешавад. Дар асл мо бо тарафҳои зинафъи хориҷии худ ва бахусус қудратҳо равобити хубу наздике надорем ва шикоятҳои мутааддиди расонаҳо ва коршиносон аз мудохилаи қудратҳо дар умури дохилии Қирғизистон ҳикоят аз ин воқеият дорад.

- Дар масоили иқтисодӣ низ шумо авлавиятро бо Русия медонед?

- Ҳатман Қирғизистон ҳисоби тавсиъаи иқтисодии худро бар рӯи энержии об гузошта ва дар ростои эҳдоси зарфиятҳои ҷадиди энержӣ ва бахусус ниругоҳҳо умеди худро ба сармоягузории кишварҳои хориҷӣ маътуф кардааст. Тайи чанд соли гузашта аз ҷумла дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ бархе аз аҳзоб аз эҳтимоли кӯмакҳои молии Амрико ва Урупо сӯҳбат карданд. Аммо мусаллам аст, ки Амрико барои барномаҳои иқтисодии кишвари мо наметавонад ба таври мустақим кӯмаки молӣ анҷом диҳад. Амрико маъмулан ҳар навъ кӯмакеро худ аз тариқи созмонҳои ғайри давлдатӣ ироа мекунад, ки бо баҳси сохти тарҳҳои муҳимме назири ниругоҳ мутафовит аст.

Дар муқобил, Русия ва кишварҳои муттаҳиди он метавонад ба сурати мустақим барои иқтисоди миллии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистон сармоягузорӣ кунад, ки дар авлавияти равобити хориҷии давлати ҷадид қарор дода шудани Русия бо ин мавзӯъ муртабит аст.

Ҳизби Ор-номус дар канори такид бар зарурати мушорикати амиқи роҳбурдӣ бо Маскав, ҷонибдори баргузории монуврҳои муштарки низомӣ бо Русия дар манотиқи марзии кишвар аст, ки эҳтимоли тааррузи гурӯҳи террористӣ аз ин манотиқ вуҷуд дорад.

Дар мавриди равобити хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ҷаҳони ислом барои мо аз авлавият бархӯрдор аст.

Мо алоқаманди ҳузури сармояи бонкҳои кишварҳои исломӣ дар Қирғизистон ҳастем. Ҳамчунин ба эҷод ва тақвияти бахши исломӣ дар иқтисоди миллии худ ниёз дорем ва ин мавзӯъро дар ростои манофеи миллии Қирғизистон медонем.

- Вале дар маҷмӯъ кишварҳои исломӣ таваҷҷӯҳи чандоне ба Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қирғизистон надоранд ва чунин ба назар мерасад, ки ин фазоро феълан махсуси қудратҳои ҷаҳонӣ ва фароминтақаӣ медонанд.

- Мутаассифона имрӯза амалан ҳеҷ як аз кишварҳои исломӣ наметавонанд ба таври мустақим нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёна таъсиргузор бошанд, зеро ҳар кадом аз онҳо иқдомоти худро бо таваҷҷӯҳ ба тамоюлоти шуракои стратежии худ, ки Амрико, Урупо, Русия ва Чин аст, анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа манофеъи асили миллии онҳо пушти сари манофеъи қудратҳо қарор мегирад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои исломӣ дар қиёс бо қудратҳои ёдшуда аз муштаракот ба маротиб амиқтаре бо кишварҳои Осиёи Миёна бархурдоранд.

Албатта мадди назар қарор додани манофеъи шуракои стратежӣ барои кишварҳои исломӣ қобили дарк аст, вале ин амр набояд монеъи тавсиъаи равобити дуҷониба бо Осиёи Миёна шавад.

- Шумо ишора кардед, ки кишварҳои исломӣ бо таваҷҷӯҳ ба манофеъи қудратҳо иқдом мекунанд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар таъйини наҳваи равобити худ бо кишварҳои исломӣ низ мақомоти қирғиз аз ҳамин равиш истифода мекунанд.

- Ин нуктаро қабул дорам, вале асли ҳар кишваре бояд ба фикри пайдо кардани дӯстони сиёсӣ бошад. Чунончи кишварҳои исломӣ ба таҳаввулоти минтақаи мусалмони Осиёи Миёна бетаваҷҷӯҳӣ нишон бидиҳанд ва танҳо дар мавқеъияти як нозири бетараф қарор бигиранд, қатъан дар ин ҷо иттифоқоте рух хоҳад дод, ки матлуби яҳудиёну масеҳиён хоҳад буд.

Инро бояд кишварҳои исломӣ бидонанд. Бояд ба мавзӯи ваҳдаи исломӣ нигоҳи воқеӣ дошта бошанд ва Осиёи Миёнаро бахше аз худ бидонанд ва кӯмаки худро аз ин кишварҳо дареғ накунанд.

Ман аз бештари кишварҳои арабӣ ба ин хотир гила дорам, ки нисбат ба мушкилот ва мӯъзалоти ҷаҳони ислом бетафовутӣ нишон медиҳанд. Онҳо беш аз дигарон муваззаф ба кӯмак ва ҳамдилӣ бо уммати исломӣ ҳастанд.

Қатъан кишварҳои Осиёи Миёна дер ё зуд рӯи пои худ хоҳанд истод ва ҳеҷ кӯмакеро бидуни посух нахоҳанд гузошт.

Имрӯз мо шоҳиди ранҷу хории бародарони худ дар Фаластин ҳастем, вале мутаассифона кишварҳоямон дар мавқеияте қарор надоранд, ки битавонанд барои онҳо кӯмакҳои лозимро анҷом диҳанд. Қатъан агар мо кӯмакҳои исломиро ба таври ҷиддӣ эҳсос мекардем, таваҷҷӯҳи мо ба масоили Ховари Миёна ва аз ҷумла Фаластин бештар мешуд.

Дар масоили арзишӣ бояд кишварҳои исломӣ дар канори мулоҳизоти марбут ба равобити стратежии худ бо қудратҳо, дастури Қуръон ва аҳодиси набавӣ дар мавриди ваҳдати умматро фаромӯш накунанд. Аз Худо бим дошта бошанд, на аз Амрико ва ё қудрати дигаре.

Заъфи кишварҳои исломӣ ба марзе расидааст, ки имрӯз мардуми минтақаи Осиёи Миёнаро аз ислом меҳаросонанд. Гӯё ҷамъияти минтақа пойбанди дини дигаре ҳастанд, ки бояд ҳарос аз нуфузи исломро дошта бошанд. Ҳатто зарурати истиқрори пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар минтақа низ ба ин мавзӯъ иртибот дода мешавад, ки ҷои таассуф дорад!

- Дар авоили моҳи декабри соли гузашта вазири умури хориҷаи Амрико зимни боздид аз Бишкек таъкид кард, ки ҳузури низомии кишвараш дар Қирғизистон на танҳо барои мубориза бо терроризм дар Афғонистон, балки барои дифоъи кишварҳои минтақа дар баробари нуфузи террористҳо лозим аст.

- Дар дурустии ин иддао тардид дорам. Мутаассифона имрӯз ба таври мустақим ва ғайри мустақим талош мешавад то терроризмро бо ислом иртибот диҳанд ва аз ин тариқ заминаро барои расидан ба манофеъи номашрӯи худ дар манотиқи мухталифи дунё фароҳам кунанд.

Имрӯза кишварҳои минтақаро аз Афғонистон метарсонанд ва муддаӣ мешаванд, ки агар кӯмаки онҳо набошад, Толибон Осиёи Миёнаро ғасб хоҳанд кард. Ин беҳтарин баҳона барои бақои ҳузури низомии Амрико дар Қирғизистон аст. Роҳи ҳалли мушкили Афғонистон ин аст, ки кишварҳои хориҷӣ аз мудохила дар умури дохилии он даст бикашанд то мардуми Афғонистон худашон сарнавишташонро таъйин кунанд.

- Маълум аст, ки Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ бо нуфузе, ки бар рӯи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ доранд, метавонанд ба ҳар шакле заминаи чолиш дар водии Фарғона ба манзури тавҷеҳи ҳузури низомии худ дар минтақаро фароҳам кунанд.

- Бале, Толибонро худи амрикоиҳо эҷод карда буданд то тавассути онҳо алайҳи Шӯравӣ биҷанганд ва имрӯз низ мехоҳанд ҷангро бо достони дигаре идома диҳанд. Дар Қирғизистон ҳузури низомӣ доранд ва муддаӣ ҳастанд, ки танҳо ҳавопаймоҳои ғайри низомии онҳо дар фурудгоҳи он мустақарранд. Вале ҳавопаймоҳое, ки сӯхташон тавассути ин пойгоҳ таъмин мешавад, қабл аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, афроди одии Афғонистонро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд.

Вуҷуди пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи Манас метавонад кишвари моро ба ҳадафи ҳамла аз хориҷ табдил кунад. Масалан Эрон бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидҳои мавҷуд дар робита бо эҳтимоли ҳамлаи Амрико, эълом мекунад, ки ин ҳамла аз ҳар сарзамине сурат бигирад, посухи қотеъ ба он хоҳад дод. Пас ба хотири ҳузури низомии Амрико дар Қирғизистон мо бояд дар ҳолати рӯёрӯӣ бо Эрон қарор бигирем? Дар сурате ки дар сиёсат набояд чунин иқдомоти ғайри мантиқӣ сурат бигирад. Мардуми қирғиз бо ҳеҷ як аз миллатҳои минтақа хусумат надорад ва зарурате нест то Клинтон моро аз ноҳияи Афғонистон ё кишвари дигаре битарсонад.

Мардуми минтақа низ ба чунин афсонаҳое марбут ба таҳдидот аз хориҷ ба минтақа ва зарурати ҳимояти Амрико аз Осиёи Миёна эътимоде надоранд. Ҳамон гуна ки ишора кардем, шарти таъмини субот ва оромиш дар Афғонистон, даст кашидани хориҷиҳо аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон аст, вале чунончи бихоҳанд аз тариқи кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Осиёи Миёна дар Афғонистон биҷанганд, ин мавзӯъ метавонад минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад.

- Тарҷеҳ додани Русия бар Амрико ва кишварҳои ҳамсӯи Маскав, ки мавзеъи ҳизби шумост, оё дар ҷомеъаи Қирғизистон низ мавриди ҳимоят хоҳад буд?

- Бидуни тардид, мардуми кишвари мо ҷонибдори тақвияти равобит ва ҳамкорӣ бо Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа ҳастанд. Албатта мо намегӯем, ки хостори қатъи равобит бо Амрико ҳастем, равобит бояд ҳифз шавад, вале манофеъи асили миллӣ набояд қурбонии манофеъи бегонагон шавад.

Пешниҳод мекунам, ки амрикоиҳо ба хиёбонҳои Бишкек, Душанбе, Тошканд, Остона ва Ишқобод бираванд ва аз мардум посухи ин саволро бихоҳанд, ки ҳузури Русияро мепазиранд ё Амрикоро?  Дар рӯзи сахт ба кадом як аз ин ду кишвар метавон умед баст? Мутмаиннам беш аз навад дар сади мардуми минтақа, Русияро бар Амрико тарҷеҳ хоҳанд дод.

- Оқои Боқирулу, шумо ояндаи Қирғизистонро чӣ гуна тасаввур мекунемд?

- Дар ибтидои даҳаи навад, мегуфтам, ки Қирғизистон баъд аз соли 2015 тавсиаи воқеии худро шурӯъ хоҳад кард, манзур ин аст, ки аз соли 2015 амалан раванди таъвизи наслҳо шурӯъ хоҳад шуд, ки арсаҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангиро фаро хоҳад гирифт.

Бо таъвизи наслҳо арзишҳо низ тағйир хоҳанд кард. Ҷои хушҳолист, ки ҳоло беш аз пеш ҷавонони таҳсилкарда ба ислом ва арзишҳои исломӣ рӯй меоваранд. Нуктаи дигар ин ки теъдоди болои ҷавонони қирғиз дар кишварҳои мухталифи хориҷӣ таҳсил мекунанд ва бо донишу таҷрибиёти пешрафта бармегарданд ва камари ҳиммат барои хидмат ба мардуми худро бармебанданд.

Мо дигар ниёз ба инқилоби ҳамроҳ ба хунрезӣ ва харобӣ надорем, балки ниёзи аслии мо таҳаввул аст; таҳаввул дар андеша ва тафаккури ҷомеа. Ин таҳаввул қатъан замоне иттифоқ меафтад, ки мардум ба Худо бозгарданд ва аз вуҷуди худ шайтонро, ки душмани қасамхӯрдаи инсон аст, берун кунанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 320 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz