Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳусайнҷон! Чӣ қадр дар ин рӯзгорон ба яке мисли ту ниёзмандем! Ниёзмандем то биёяд ва ин уммати саргардону хештаннашносро таконе диҳад ва бедораш созад, чунон ки ту дар рӯзгорони худ ононро бар шинохти хештану Худояшону Паёмбарашон водорашон сохта будӣ...
Ниёзмандем то биёяд ва ба инон, чи
"шиаёнаш”, ки дам аз пайравии ту мезананд ва чи "сунниҳояш”, ки туро
нашнохтанд, бифаҳмонад, ки бероҳа мераванд...
"Шиаён”, ки дар ин моҳ бароят азо
мегиранд, баъзеяшон бо амалкарди худ дар ин айём, он чиро ки барояш қиём
карда будӣ, ба фаромушӣ супурданд ва ҳошия мераванд; Муҳарраму Ошуро
барояшон ҷуз занҷир задану гиряҳои бемаъниву туҳӣ аз ҳар мазмуну паём
чизе дигар дарбар надорад...
"Суннияш” ҳам, ки ҳанӯз мондааст ва
намедонад, ту кӣ ҳастиву Язид кист!?.. Яъне мондааст, ки бибинад, оё
кори ту дуруст буда, ё кори Язид!? Ҳайҳот! Ҳатто бархе аз ишон аз ту
мехоҳанд бипурсанд, ки чаро қиём кардӣ!?.. Чаро бо қиёмат қудрати
"хилофати исломӣ”-ро тазъиф намудӣ!?.. Оё намешуд мутавассил ба шевае
дигар бишавӣ ва бо панду насиҳат каҷиҳоро рост намоӣ!?.. Инаш ҳам
бимонад, ки дар васати ишон олимнамоёне ҳам пайдо шуданду мешаванд, ки
қиёми туро ба боди интиқод кашиданд ва накӯҳишат карданд, ки кори
дурусте накардӣ!?..
Ҳусайнҷон! Мутаассифона, ҳеҷ яке туро нашнохтанд ва надонистанд, ки чаро гуфтӣ: "Ҳайҳот минназ зилла!”; яъне Дур аст аз домани мо зиллату хорӣ!..
Ҳанӯз надонистанд, ки мазмуни ин гуфтаҳоят чӣ паёмҳоеро дарбар дорад, ки гуфтӣ: "Ман аз марг боке надорам. Марг роҳаттарин роҳ барои расидан ба иззат аст. Марги боиззат, ҳаёти абадист, ва зиндагии зиллатбор, марги воқеист. Оё маро аз марг метарсонед? Чӣ хаёли ботил! Ҳаргиз аз тарси марг, зулму зиллатро таҳаммул намекунам. Дуруд бар марг дар роҳи Худо! Шумо бо куштани ман, наметавонед шукӯҳу иззату шарофати маро аз байн бибаред. Ҳеҷ ҳаросе аз мурдан надорам...”!?
Оре, ниёзмандем ба яке мисли ту, ки
биёяд ва ойини рӯшангари исломро руҳи тозае бибахшад ва иззату шарофат
бар ин уммат бозгардонад; уммате, ки бо амалкарди худ ойини поки исломро
таҳриф ва паёми нуронии Қуръону муҳтавои суханони гуҳарбори ҷаддатро
воруна сохтанд...
Уммате, ки давлатмадорону
сиёсатпешагонаш асири хостаҳои нафсонӣ, мутеи бечунучарои бегона, аммо
зӯргӯ бар сари фарзандони хеш гардидаанд... Давлатдороне, ки корашон то
бад-ин ҷо кашида, ки бақояшон бар арши қудрат, марҳуни итоат аз фаромини
абарқудратҳо шуда, на мадюни раъю орои мардумонашон...
Уммате, ки нухбагонаш орои бегонаро бар
афкору андешаҳои ноби фарзандони хеш муқаддам гузоштанд; то бад-он ҷо ки
андешаҳои фарзандонашон барои онҳо кӯҳнаву иртиҷоӣ менумояд, гарчи
дарбардорандаи нуктаҳост, аммо орои бегона тару тоза, ҳарчанд ҳовии
матолибе пуч!..
Уммате, ки аз бегона ҷуз зоҳир
нагирифтанд, ки эй кош асбоби пешрафти бегона дар бар мекарданду зоҳири
фиребандаи ӯ канор мениҳоданд!...
Уммате, ки олимони ба ном динияш ойини
муқаддаси исломро "василае” барои дастёзӣ ба матои пасти дунё қарор
доданд ва дин назди эшон, ба қавли ту, эй Имоми Озода, ин аст, ки: "Мардум бардаи дунё ҳастанд ва бар дин монанди чизе, ки таъму мазза дошта бошад нигоҳ мекунанд ва то маззаи онро бар забони худ эҳсос мекунанд, онро нигоҳ медоранд, аммо ҳангоме ки бинои имтиҳон бошад, шумори диндорон андак мешавад”.
Ҳусайнҷон! Ниёзмандем ба яке мисли ту,
ки биёяд ва мафоҳиму ҳақоиқи баланди исломиро, ки инон бо амалкарди хеш
ҳамаро мақлубу воруна намудаанд, ба ҷояш баргардонад...
Шаҳодат, ки арзиш буд, аблаҳоне аз
уммати ҷаддат, бо маргхоҳиву худкушӣ аз барои баровардани хостаҳои
нафсонӣ ва ё расидан ба мақосиди дуни сиёсӣ, табдилаш намуданд ба зидди
арзиш...
Агар ту шаҳид гардидӣ то ислом
сарбаланду азиз ва озодиву озодихоҳӣ пирӯз шавад, инон хештанро бо номи
ислом ба куштан медиҳанд, ки самарааш ҷуз ваҳни ислому беэътибории
озодихоҳӣ намебошад...
Ҳусайнҷон! Имрӯз, ки аз шаҳодати туву
шаҳодатталабии ёрони бовафоят сухан ба миён меоварам, ҳароси он дорам то
касе бигӯяд: Накунад маргталабиҳои аблаҳони тундрави имрӯз, сарчашма аз
қиёми ту гирифта?..
Оре, танҳо ҳаминаш мондааст, ки туро "тундрав” бихонанд...
Ҳусайнҷон! Ман ҳаргиз аз бегона
наменолам. Одат надорам айбу костии худ бар гардани ӯ андозаму бигӯям,
ҳар чи бадбахтам, ҳама аз ӯст. Агар бегона сари душманӣ бо ойинамон
кардаву Қуръонамон месӯзонаду таҳқирамон менамояд, ин одати ӯст. Аз ӯ
ҷуз ин интизор намеравад. Магар аз душман интизор он аст, ки сарбаландии
мо бихоҳад?..
Балки гилаи ман аз худиҳост, ки бо
амалкарди хеш ин баҳона ба дасти бегона доданд, ки "террористамон”
бихонаду ойинамону Қуръонамон ба боди интиқод бикашад...
Оре, ниёзмандем ба касе мисли ту, ки
биёяд ва ба ин уммат калимаи тавҳид ёдаш оварад ва тавҳиди калимааш
биёмӯзад... Инон, ки ба амри Ӯ Таоло мебоист "Ашиддоу алал-куффор, руҳамоу байнаҳум”
(яъне сахтгир бар кофирону меҳрубон бо ҳам) бошанд, дуруст акси ин
дастур, сахтгиру бераҳм нисбат ба якдигар, аммо гушодарӯву меҳрубон бо
бегона гардидаанд... "Суннияш” бар "шиаяш” метозаду ҳадафе ҷуз нобудии ӯ
бар сар надорад, ва "шиаяш” бар "суннияш” ҳуҷум меовараду ҷуз ба умеди
маҳви ӯ ба сар намебарад... Он ҳам фақат ба хотири ихтилофоте андаку
ночиз...
Оре, Ҳусайнҷон! Имрӯз ба касе мисли ту
ниёзмандем, ки биёяд ва амри ин уммат сомон бибахшад, зеро барояш дигар
ҳоле бадтар аз ин, ки инак дорад, қобили тасаввур нест...
Кимиёи саодат
|