Ҷумъа, 26.04.2024, 03:38
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 26 » Ҷузъиёти тарҳи мусолиҳа бо Толибон дар Афғонистон фош шуд
Ҷузъиёти тарҳи мусолиҳа бо Толибон дар Афғонистон фош шуд
17:43

Рӯзномаи 8 субҳи Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе (26.05.2010) санади маҳрамонаеро фош кард, ки дар он шароити мусолиҳа ва идғоми муҷаддади гурӯҳи шӯришии Толибон аз сӯйи ҳукумати Кобул пешбинӣ ва мушаххас шудааст.

Ин рӯзнома менависад: "Дар ин санади 36 сафҳаӣ, раванди мусолиҳа ва идғоми муҷаддади Толибон ба ду бахш тақсим шуд, ки як бахши он тактикӣ ва амалиётӣ таъриф шудааст”.

Ба навиштаи ин рӯзнома, дар ин бахш талош мешавад то фармондеҳони радаи пойини Толибон, гурӯҳҳои кучак ва раҳбарони маҳаллӣ, ки баданаи аслии гурӯҳи Толибонро ташкил медиҳанд, ба зиндагии ғайри низомӣ ташвиқ шаванд.

Ин нашрия идома дод: Бахши дуюми санад, стратегӣ ва сиёсӣ ном дорад, ки ҳадафи аслӣ, раҳбарони шӯришиён аст, ки ин мавзӯъ бисёр ҳассос хонда шуд, ки ниёз ба таваҷҷӯҳи густарда дорад.

Ин нашрия изофа кард: Дар ин бахш масъалаи паноҳгоҳҳои раҳбарияти Толибон, шароити дастрасӣ ва музокира бо онон, ҳазфи номҳои сарони ин гурӯҳ аз рӯйхати сиёҳи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, қатъи иртибот бо шабакаи Алқоида ва ҳатто заминасозӣ барои паноҳандагӣ ба як кишвари сеюмӣ матраҳ аст.

8 субҳ дар идома навишт: Санади ёдшуда шароити муофият аз пайгирди қазоиро барои он идда аз Толибон, ки ба раванди сулҳ мепайванданд, пешбинӣ карда ва таъкид шудааст, ки бояд барои ин афрод амнияти ҷонӣ, омӯзишҳои ҳирфаӣ ва ҳатто заминаи пайвастан ба нерӯҳои амниятии Афғонистон фароҳам шавад.

Дар ин санад эҷоди як "Шӯрои олии сулҳ” барои танзими умури сиёсатгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки риёсати онро шахсе бар ӯҳда хоҳад дошт, ки мақоми вай дар ҳадди вазир аст.

Ҳамчунин, ба навиштаи ин рӯзнома, замина барои узвияти толибоне, ки қонуни асосиро пазируфтаанд, дар ин Шӯро низ пешбинӣ шудааст.

Бар асоси ин санад, таркиби аъзои Шӯрои олии сулҳ, шомили мақомҳои низомӣ, ғайри низомӣ ва аъзои порлумон хоҳанд буд ва Шӯро масъулияти татбиқи кулли барномаи мусолиҳа ва идғоми муҷаддадро бар ӯҳда хоҳад дошт.

8 субҳ идома дод: Ҳамчунин, масъулияти назорат ва ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои давлати Афғонистон низ, бахше аз салоҳиятҳои ин ниҳод аст.

Бар асоси ин санад, қарор аст кумитаҳои ҷудогонае дар сатҳи ҳар вилоят барои иҷрои ин раванд эҷод шаванд, ки таҳти фармони Шӯрои олии сулҳ кор хоҳанд кард.

Рӯзномаи ёдшуда меафзояд: Ин дар ҳолест, ки қаблан Ландан санади тақрибан мушобеҳеро бо ҷузъиёти камтаре ба Афғонистон ироа карда буд, ки шароити мушобеҳеро барои мусолиҳа ва идғоми муҷаддади Толибон мушаххас карда буд.

Ин нашрия изофа кард: Санади давлати Англис дар се бахш пешбинӣ шуда буд, ки дар бахши тактикии он, ҷангҷӯёни радаҳои пойин ва фармондеҳони пойинрутбаи Толибон, ба зиндагии ғайри низомӣ бозгардонда шаванд.

Дар бахши амалиётии он, фармондеҳони мутавассит ва аршади Толибонро шомил мешуд ва дар бахши роҳбурдӣ, шомили мусолиҳа бо "Шӯрои Кувита”-и Покистон мешуд.

Ҷузъиёти санади ҷадид ҳанӯз аз сӯйи ҳеҷ манбаи расмӣ дар давлати Афғонистон таъйид нашудааст.

Расман тарҳи мусолиҳа бо Толибон, тобистони соли 2006 дар сафари се мақоми ҳизби ҷумҳурихоҳ ба вилояти Зобули Афғонистон матраҳ шуда буд.

Қарор аст, чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда, 1600 нафар ба намояндагӣ аз гурӯҳҳои мухталиф дар 14 гурӯҳ аз 34 вилоят дар Кобул ҷамъ шаванд.

Онон бо ширкат дар нишасти машваратии сулҳ, механизми сулҳро, ки аз сӯйи давлат барои тарҳи миллии мусолиҳаи миллӣ ва идғоми муҷаддади Толибон дар ҷомеа пешниҳод шудааст, ройзанӣ хоҳанд кард.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 531 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz