Ҷумъа, 29.03.2024, 14:45
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 28 » Нигоҳе ба сабабҳои интиқоди Аҳмадинажод аз Русия
Нигоҳе ба сабабҳои интиқоди Аҳмадинажод аз Русия
00:37

Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон, ин ҳафта дар як суханронӣ, ба интиқоди шадид аз сиёсатҳои ахири Русия дар баробари Эрон пардохт.

Интиқодоти ошкори Аҳмадинажод аз рафторҳои ахири Русияро метавон аз чанд ҷиҳат мавриди арзёбӣ ва баррасӣ қарор дод.

Дар солҳои ахир бесабрии мардуми Эрон барои роҳандозии нерӯгоҳи Бушеҳр боис шуда то ҳисси бадбинии онҳо нисбат ба ҳамсояи шимолияшон афзоиш ёбад. Русия борҳо эълом карда буд, ки иллати адами роҳандозии нерӯгоҳи Бушеҳр далоили фаннӣ буда ва ҳеҷ "ангезаи сиёсие” дар паси он қарор надорад. Аммо ин масъала боис намешавад то мардум ва давлати Эрон нисбат ба мавзӯи ирсоли сомонаи мушакии S-300 ҳамон далоилро қабул кунанд. Ҳанӯз эрониён ба ёд доранд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури собиқ ва нахуствазири феълии Русия қавл дод, ки нерӯгоҳи Бушеҳр то поёни соли 2009 такмил шавад ва акнун мақомоти русӣ аз поёни тобистони соли 2010 сухан мегӯянд.

Шакке нест, ки барои мардум ва давлати Эрон, пазириши ин масъала, ки давлати Русия то ҳанӯз аз ирсоли бамавқеи сомонаи мушакии S-300, ки қарордодашро бо Теҳрон кайҳо имзо кардааст худдорӣ меварзад, қобили қабул нест, ба вижа он ки Амрико ва режими саҳюнистӣ, Русияро барои ин масъала таҳти фишор қарор додаанд.

Албатта ин масоил танҳо мавориде нестанд, ки русҳо дар баробари ҳамсояи ҷанубии худ дар робита бо он кӯтоҳӣ карданд.

Кремл дар моҳҳои ахир ва ба вижа пас аз он ки бо Кохи сафед бар сари сомонаи сипари мушакии Амрико дар Аврупо ба тавофуқ расид, мавозееро алайҳи Теҳрон иттихоз карда, ки ҷои бас тааҷҷуб дорад. Русҳо алорағми ин ки муттаҳиди табиии Эрон маҳсуб мешаванд, ҳатто ҷилавтар аз олмониҳо дар роҳи эъмоли таҳримҳои ҷадид дар Шӯрои амният бар сари мавзӯи ҳастаӣ мавзеъ гирифтанд.

Ҳамчунин вақте Ҳиллари Клинтон як рӯз баъд аз имзои баёнияи Теҳрон дар ҷаласаи Сено ба намояндагон дар робита бо тавофуқи ҳастаӣ бо русҳо бар сари коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ сухан мегуфт, ба тарзи аҷибе аз мувофиқати комили русҳо бо пешнависи қатъномаи ҷадид алайҳи Эрон дар Шӯрои амният хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти рус борҳо муддаӣ шудананд, ки ҳеҷ гуна муомилае бар сари мавзӯи ҳастаии Эрон бо тарафҳои ғарбӣ накардаанд.

Дар замоне ки Лула да Силва раиси ҷумҳури Бразил дар Маскав ба сар мебурд, ин Дмитрий Медведев ҳамтои русии ӯ буд, ки аз "эҳтимоли 30 дар садӣ”-и тавофуқ бо Теҳрон бар сари мубодилаи ураниюми камғанишуда бо сӯхти 20 дар садӣ сухан гуфт ва ҳатто эълом кард, ки сафари Лула ба Теҳрон "охирин фурсат” барои Эрон аст.

Ин дар ҳолест, ки худи русҳо беҳтар медонанд, ки ин гурӯҳи Вена буд, ки ҳеҷ гуна "тазмини айнӣ” ба Эрон дар робита бо ураниюми камғанишуда надод ва дар ғайри ин сурат Теҳрон тамойул дошт то дар ҳамон музокироти Женева масъалаи мубодила сурат бигирад, зеро ба сӯхти 20 дар садӣ ниёз дорад.

Улгуи рафтории русҳо аз соли 2006 ба ин тараф, нишон дода, ки онҳо танҳо аз корти Эрон дар бозӣ бо тарафҳои ғарбӣ истифода мекунанд ва баъд аз гирифтани ҳадди аксари имтиёзот аз онҳо, алайҳи Эрон раъй медиҳанд.

Ба ҳамин далел, бисёре аз мардум ва масъулони эронӣ дар замоне, ки русҳо ба қатъномаҳои зидди эронӣ дар Шӯрои амният раъйи мусбат медоданд, ин интиқодро ба давлат доштанд, ки чаро алайҳи ин ҳамсояи шимолӣ вокунише нишон намедиҳад.

Ин масъала ба вижа баъд аз раъйи мусбати русҳо дар Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ алайҳи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, худро бештар нишон дод, зеро дар он ҷаласа, 10 кишвар ба қатъномаи Шӯрои ҳукком раъйи манфӣ ё мумтанеъ доданд.

Иқдомот ва ҷиҳатгириҳои ахири сиёсати хориҷии Русия буд, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро водор кард, ки бигӯяд: "Имрӯз тавзеҳ додани рафтори Медведев ба миллати Эрон барои мо хеле мушкил аст. Мардуми Эрон намедонанд, ки русҳо бо мо дӯст ҳастанд ё бар алайҳи мо. Агар ба ҷои раиси ҷумҳури Русия будам, дар изҳори назар ва тасмимгирӣ дар мавриди мавзӯоте, ки ба як миллати бузург ва муқтадир монанди миллати Эрон марбут мешавад, бо эҳтиёт ва тааммули бештаре амал мекардам”.

Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт: "Наметавонем шоҳид бошем, ки русҳо ба унвони ҳамсояи шимолии кишварамон дар мавоқеи ҳассос дар канори касоне ҳастанд, ки 30 сол аст бо тамоми тавон алайҳи миллати Эрон душманӣ кард”.

Оё барои русҳо пазируфтанист, ки Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба далели он ки таҳти фишор аст, бидуни назар гирифтани ҳамсоягӣ ва танҳо бо дар назар гирифтани манофеи кӯтоҳмуддати худ алайҳи онҳо вориди амал шавад?

Оё русҳо тасаввур намекунанд, ки Эрон низ битавонад дар робита бо муровидоти тиҷорӣ ва энержӣ дар Аврупо бо корти русҳо бозӣ кунад?

Русҳо бояд бидуни дар назар гирифтани манофеи кӯтоҳмуддати худ, ба вижа дар мавриди мавзӯи ҳастаии Эрон, ба манофеи баландмуддат бо Эрон бияндешанд. Русҳо бояд бидонанд, ки дар сурати идомаи раванди мавҷуд, бар мизони бадбинӣ ва беэътимодии мардум ва масъулони эронӣ аз онҳо афзуда хоҳад шуд, ва ин масъала дар баландмуддат бар равобити ду кишвар сояи баланде хоҳад андохт.

Бахши таҳлилӣ

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 550 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz