Душанбе, 26.10.2020, 10:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 30 » Масъалаи чандҳамсарӣ аз дидгоҳи ислом
Масъалаи чандҳамсарӣ аз дидгоҳи ислом
00:43

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чанд сабоҳест масъалаи дузанагӣ ва серзанагӣ дар ҷомеаи мо ба як масъалаи доғ ва ҷанҷолӣ табдил гардида ва зеҳни бисёре аз ҳамватанони моро ба худ машғул сохтааст. Яке аз хоҳарон, зимни номае, аз камина дархост карданд назари исломро дар ин мавзӯъ ба сурати шаффоф баён намоям. Камина, дар посух ба ин хоҳар, лозим дидам дар ин мавзӯъ андаке муфассалтар баҳс намоям.

Дар баҳсе, ки ҳаминак пешкаши хонандаи гиромӣ хоҳад шуд, назару дидгоҳи ислом қатъи назар аз дидгоҳҳои ифротгароёна ва ё тафритӣ дар ин замина, баён хоҳад гардид.

Ногуфта намонад, роқими сутур дар ин мақола, аз таҳқиқу пажӯҳишҳои донишманди фарзона ва муфассири огоҳ Аллома Таботабоӣ камоли истифодаро намудааст, зеро ба назари нигоранда, эшон лар тафсири худ; яъне тафсири Ал-мизон, дар зайли ояти 3 сураи Нисо, комилтарин ва ҷомеътарин баҳс дар ин мавзӯъро ба амал овардааст.

Инак, баҳси мазбур:

Вазъи чандҳамсарӣ дар умматҳои пешин

Инсон, аз қадимулайём ва дар бештари умматҳои қадим чун Миср, Ҳинд, Форс ва ҳатто Руму Юнон низ, чандҳамсариро суннати худ карда буд, ва чи басо баъд аз гирифтани як ҳамсар ва барои ин ки ӯ танҳо намонад, мусоҳибоне дар манзил меоварданд то мӯниси ҳамсарашон бошанд ва дар баъзе умматҳо ба адади муайяне мунтаҳӣ намешуд.

Масалан, яҳудиён ва аъроб гоҳ мешуд, ки бо даҳ зан ва ё бист зан ва ё бештар издивоҷ мекарданд. Бештар, ин бисёрзанагӣ дар миёни қабоил ва хонадонҳое, ки зиндагияшон қабилаӣ буд, монанди деҳнишинон ва кӯҳнишинон, иттифоқ меафтод. Ин ҳам, бад-он ҷиҳат буд, ки соҳиби хона ҳоҷати шадиде ба нафарот ва ҳамкории дигарон дошт, ва аз ин рӯ, мақсудашон аз бисёрзанагӣ, зиёдтар шудани фарзандони писар буд то ба василаи онон, ба амри дифоъ, ки аз лавозими зиндагии онон буд, беҳтар ва осонтар бипардозанд.

Гузашта аз ин, василае барои риёсат ва оқоӣ бар дигарон ҳам шумурда мешуд; яъне вақте ҳамсарони зиёд ихтиёр мекарданд, як ҷамъиятеро низ хешованд ва ҳомии худ менамуданд.

Илова бар ин ду, як омили асосии дигаре низ дар байни ин тоифа барои мутадовал шудани серзанагӣ вуҷуд дошт. Ва он ин ки дар байни эшон адади занон ҳамеша беш аз адади мардон буд, зеро умматҳои пешин ҳамвора дар маърази ҷангу куштору ғорат қарор доштанд, ва ин худ омили муассире буд барои зиёд шудани теъдоди занон аз мардон, ба гунае ки ҷуз бо чандҳамсарӣ, ниёзи табиии он ҷомеа бароварда намешуд. Пас ин нуктаро ҳам набояд аз назари дур дошт.

Чаҳор ишкол бар ҳукми рухсати чандҳамсарӣ ва посух ба онҳо:

Ислом қонуни издивоҷ бо як занро ташреъ ва бо бештар аз як ҳамсар; яъне то чаҳор ҳамсарро, дар сурати тамаккун ва риояти адолат дар байни онҳо рухсат дода ва фармуда: "Ва барои занон ҳуқуқе аст монанди он чи (аз вазифа) бар мардҳост ба шеваи некӯ”. (Сураи Бақара, ояти 228).

Баъзеҳо ба ин ҳукм; яъне рухсати ислом барои чандҳамсарӣ, чанд ишкол матраҳ кардаанд.

Ишколи аввал: ин ҳукм осори баде дар ҷомеа ба бор меоварад, зеро боиси ҷариҳадор шудани отифа ва эҳсосоти занон мешавад ва орзуҳои ононро ба бод дода, фаварони ишқ ва алоқа ба шавҳарро хомӯш мекунад ва ҳисси ҳубби ӯро мубаддал ба ҳисси интиқом мегардонад. Дар натиҷа, дигар ба кори хона намепардозад ва аз тарбияти фарзандон шона холӣ мекунад, ва чи басо дар муқобили хатое, ки шавҳар бо ӯ карда, дар мақоми талофӣ бармеояд ва бо мардони аҷнабӣ зино мекунад, ва ҳамин амал боиси зиёдии аъмоли зишт ва низ густариши хиёнат дар молу обрӯву ғайра мегардад ва табиатан ҷомеа ба инҳитот кашида мешавад.

Ишколи дуввум: чандҳамсарӣ мухолифи ҷараёни табиат аст, чун оморгириҳое, ки дар қарнҳои паёпай аз умматҳо шудааст нишон медиҳад, ки ҳамвора адади марду зан баробар буда ва ё мухтасар ихтилофе доштааст, ки маълум мешавад табиат барои як мард як зан таҳия карда. Пас, агар мо хилофи инро таҷвиз кунем, бар хилофи вазъи табиат рафтор кардаем.

Ишколи сеюм: ташреъ ва қонунӣ кунонидани чандҳамсарӣ, мардонро ба ҳирс дар шаҳватронӣ ташвиқ намуда ва ин ғаризаи ҳайвонӣ (шаҳват)-ро дар ҷомеа густариш медиҳад.

Ишколи чаҳорум: ин қонун мавқеияти иҷтимоии занонро дар ҷомеа поин меоварад ва дар ҳақиқат арзиши чаҳор занро баробар бо арзиши як мард мекунад, ва ин худ як арзёбии золимонае аст, ҳатто бо мазоқи худи ислом созгор нест, чаро ки ислом дар қонуни мерос ва дар масъалаи гувоҳ шудан, як мардро баробари ду зан қарор дода. Бо ин ҳисоб, бояд издивоҷи як мардро бо ду зан таҷвиз кунад, на бештар. Пас, рухсати издивоҷ бо чаҳор зан ба ҳар ҳол аз адолат хориҷ шудан аст; он ҳам бидуни далел.

Ин чаҳор ишкол, эътирозҳоест, ки масеҳиён ва ё тарафдорони баробарии ҳуқуқи зану мард, бар ислом ворид кардаанд.

Посухи ишколи аввал:

Ислом зербинои зиндагии башар ва бунёни ҷомеаи инсониро бар зиндагии ақлӣ ва фикрӣ бино ниҳодааст, на зиндагии эҳсосӣ ва отифӣ. Пас, ҳадафе, ки бояд дар ислом думбол шавад, расидан ба салоҳи ақлӣ дар суннатҳои иҷтимоӣ аст, на ба салоҳ ва шоистагии он чи эҳсосот дӯст медорад ва мехоҳад ва отифаҳо ба сӯяш кашида мешавад.

Ин маъно ба ҳеҷ ваҷҳ мусталзими кушта шудани отифаҳо ва эҳсосоти рақиқи занон ва ботил сохтани ҳукми мавҳибатҳои илоҳӣ ва ғароизи табиӣ нест, зеро дар мабоҳиси илмуннафс (психология) мусаллам шудааст, ки сифатҳои руҳӣ ва отифаҳо ва эҳсосоти ботинӣ аз назари каммият ва кайфият, бо ихтилофи тарбиятҳо ва одатҳо, мухталиф мешавад, ҳамчунон ки ба чашми худ мебинем, ки бисёре аз одоб дар назари шарқиҳо писандида ва дар назари ғарбиҳо нописанд ва мазмум аст. Баръакс, бисёре аз расму одатҳо вуҷуд дорад, ки дар назари ғарбиҳо писандида ва дар назари шарқиҳо нописанд аст, ва ҳеҷ гоҳ ёфт намешавад, ки ду уммат дар ҳамаи одобу русум назари воҳиде дошта бошанд.

Тарбияти динӣ дар ислом занро ба гунае бор меоварад, ки ҳаргиз аз аъмоле монанди чандҳамсарӣ нороҳат нагашта ва отифаҳояш ҷариҳадор намешавад.

Бале, як зани ғарбӣ ва ё тарбиятёфта ба тарбияти ғарбӣ, ки одат карда ба ин ки танҳо ҳамсари шавҳараш бошад ва қарнҳо ин маъноро дар худ талқин намуда, як отифаи козиб дар руҳаш ҷойгир шуда, ва он отифа бо чандҳамсарӣ зиддият мекунад.

Далел бар ин маъно он аст, ки зани ғарбӣ ба хубӣ иттилоъ дорад, ки шавҳараш бо занҳои ҳамсоягон зино мекунад ва ҳеҷ нороҳат намешавад, пас ин отифае, ки имрӯз дар миёни занони ба ном мутамаддин пайдо шуда, отифаест талқинӣ ва дурӯғин.

Ин на танҳо марди ғарбӣ аст, ки ҳар занеро дӯст дошта бошад (чи бокира ва чи бева, чи бешавҳар ва чи шавҳардор) зино мекунад, балки зани ғарбӣ низ бо ҳар марде, ки дӯст бидорад тамоси ғайри машрӯъ барқарор мекунад, ва аз ин болотар он ки зану марди ғарбӣ бо маҳрами худ ҷамъ мешаванд ва метавон иддао кард, ки ҳатто як инсони ғарбиро нахоҳӣ ёфт, ки аз нанги зино барҳазар монда бошад (чи мардаш ва чи занаш).

Инсони ғарбӣ ба ин ҳам қонеъ нест, балки амали зишти ливот ва ҳамҷинсбозиро ҳам муртакиб мешавад ва шояд марде ёфт нашавад ва ё камтар ёфт шавад, ки аз ин нанг солим монда бошад. Ин расвоиро то бад-он ҷо расониданд, ки дар ин чанд соли ахир, порлумонҳои кишварҳои ғарбӣ ва ба ном мутамаддин, дар талошанд то издивоҷи мард бо мард ва ё зан бо занро қонунӣ кунанд, ки албатта дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ҳаминак ин падида қонунӣ аст.

Ҷои бисёр шигифт аст, ки чӣ гуна занони ғарбӣ аз ин ҳама беномусие, ки аз шавҳаронашон мебинанд мутаассиф намегарданд ва дилҳо ва отифаҳояшон ҷариҳадор намешавад?!

Чӣ гуна аст, ки эҳсосот ва отифаҳои мардон аз ин ки дар шаби арӯсӣ ҳамсарашонро бева меёбанд нороҳат нашуда ва отифаҳояшон ҷариҳадор намегардад?!

На танҳо нороҳат намешавад, балки ҳар қадр ҳамсараш бештар зино карда бошад ва мардони бештаре аз ӯ ком гирифта бошанд, ӯ бештар мубоҳот ва ифтихор мекунад, ва мантиқаш ин аст, ки ман ҳамсаре дорам, ки ошиқони зиёде дорад ва шефтагонаш бар сари ҳамхобӣ бо ӯ бо якдигар ҷангу ситез доранд; ҳамсари ман касест, ки даҳҳо ва балки садҳо дӯсту ошно дорад.

Вале агар он нукта, ки хотирнишон кардем дар назар гирифта шавад, ин шигифтиҳо аз байн меравад. Гуфтем, отифаҳо ва эҳсосот, бо ихтилофи тарбиятҳо мухталиф мешавад. Ин аъмоли номбурда аз он ҷо ки дар сарзамини Ғарб такрор шуда ва мардум дар иртикоби он озодии комил доранд, дилҳояшон нисбат ба он хӯ гирифтааст то ҷое ки як одати маъмулӣ шуда ва дар дилҳо реша давонда. Ба ҳамин ҷиҳат, отифаҳо ва эҳсосот ба он мутамойил ва аз мухолифат бо он ҷариҳадор мешавад.

Аммо ин ки гуфтанд: чандҳамсарӣ боиси дилсардии занон дар идораи хона ва берағбатии онон дар тарбияти фарзандон мешавад, ва низ ин ки гуфтанд: чандҳамсарӣ боиси ривоҷи зино ва хиёнат мегардад, дуруст нест, зеро таҷриба хилофи онро исбот кардааст.

Дар садри ислом ҳукми чандҳамсарӣ ҷорӣ шуд ва ҳеҷ таърихнигоре нест, ки иддао кунад дар он рӯз занон ба кор кардан дар хона берағбат шуданд ва корҳо муаттал монд ва ё зино дар ҷомеа ривоҷ пайдо кард, балки таърих ва таърихнигорон хилофи инро исбот мекунанд.

Илова бар ин ки заноне, ки бар сари занони аввал шавҳар мекунанд, дар ҷомеаи исломӣ ва соири ҷомеаҳое, ки ин амалро ҷоиз медонанд, бо ризо ва рағбати худ зани дуввум ё севвум ё чаҳоруми шавҳар мешаванд, ва ин занон, занони ҳамин ҷомеаҳо ҳастанд ва мардон онҳоро аз ҷомеаҳои дигар ва ба унвони барда намеоваранд, ва ё аз дунёе ғайри ин дунё ба фиреб наёвардаанд, ва агар мебинем, ки ин занон ба чунин издивоҷе тамойул пайдо мекунанд, ба хотири иллатҳоест, ки дар ҷомеа ҳукмфармост.

Ин худ далели рӯшан аст бар ин ки табиати ҷинси зан имтиное аз чандҳамсарӣ надорад ва қалбаш аз ин амал озурда намешавад, балки агар озурдагие ҳаст, аз лавозим ва оризаҳоест, ки ҳамсари аввал пеш меоварад, зеро ҳамсари аввал, чун танҳо ҳамсари шавҳараш мебошад, дӯст надорад, ки ба ғайри ӯ як зани дигаре ба хонааш ворид шавад, зеро ки метарсад қалби шавҳараш мутамойил ба ӯ шавад ва ё ӯ бар вай волоӣ ва риёсат пайдо кунад ва ё фарзанде, ки аз ӯ падид меояд, бо фарзандони вай носозгорӣ кунад. Амсоли ин гуна тарсҳост, ки мӯҷиби адами ризоят ва озурдагии руҳии зани аввал мешавад, на як ғаризаи табиӣ.

Масъалаи чандҳамсарӣ аз дидгоҳи ислом (2)

Масъалаи чандҳамсарӣ аз дидгоҳи ислом (3)

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 1120 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz