Ҷумъа, 26.04.2024, 23:20
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 31 » Хумайнӣ, “номумкин”-ро “мумкин” сохт
Хумайнӣ, “номумкин”-ро “мумкин” сохт
02:10

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳар сол дар ҳамин айём, дар саросари Эрон, маросими солгарди вафоти поягузори инқилоби исломӣ Оятулло Руҳуллоҳи Хумайнӣ дар ин кишвар баргузор мегардад; шахсияте, ки бо инқилоби худ, таҳаввули бузурге дар ҷараёни таърихи муосир эҷод намуд. Нигоранда, ҳамин муносибатро баҳона қарор дода, дар ин навиштор бар он аст андешаҳои худ роҷеъ ба ин шахсияти таърихиро баён намояд.

Роҷеъ ба ин шахсият, мардумони зиёде сухан рондаанд; бархе дӯстдор ва шефтаи ӯ, бархе ҳам душман ва касе ки вайро чашми дидан надорад, ва бархе низ бетараф, яъне на шефтаи ӯ ва на душмани вай, балки бо чашми инсоф роҷеъ ба шахсияташ ба сухан пардохтааст.

Нигоранда, ҳарчанд дилбастагӣ ва алоқаи худ ба ин шахсияти бузургро пинҳон намедорам, аммо дар ин навиштор, бар онам то ба унвони як бетараф дар бораи Хумайнӣ андеша ронам.

Хумайнӣ чӣ кор кардааст, ки душманонаш то ба ин ҳад аз ӯ нафрат доранд, ки барои касе ҳам пӯшида нест, ва дӯстонаш ба андозае дар бораи ӯ муболиға кунанд, ки ҳаргоҳ исмаш бурда шавад, дуруду салавот бар паёмбар (с) ва хонадонаш фиристанд?

Оё ба ин ҷиҳат аст, ки вай инқилобе роҳандозӣ карда ва чун ҳар инқилобе барои худ душман мепарваронад, табиист, ки душман дошта ва аз ӯ бадгӯйӣ кунад? Ҳамчунин, аз он ҷо ки ҳар инқилобе, барои "инқилобиҳо” заминаи расидан ба молу манолу мансабро фароҳам менамояд, табиист, ки баҳрамандшудаҳо аз ӯ мадҳу ситоиш кунанд?

Аммо мебинем чунин нест. Яъне, на иллати душмании душманонаш ба хотири фақат шакли инқилоби ӯст, ки исломист, ва на дӯстӣ ва шефтагии дӯстдоронаш ба ин иллат аст, ки бо инқилоб ва ҳукумат барпо кардани Хумайнӣ, дорои мақому мансаб шуда бошанд, балки баръакс, дӯстдорону шефтагонаш дар Эрон ғолибан ҳамон вазъу ҳолатеро доранд, ки пеш аз инқилоб доштанд, балки шояд бадтар бошад, ва ҳатто касоне аз дӯстдоронаш ҳам, ки масъулияте бар дӯш доранд, ҳамеша зери маломат қарор доранд.

Пас, иллат чист?

Ба назари нигоранда, Хумайнӣ, дар қарни бистум, коре кард, ки таҳаққуқи он барои башар, хусусан адолатхоҳони ҷаҳон, тақрибан "номумкин” ва "маҳол” ба назар мерасид. Башари оддӣ, ҳамвора ва дар тӯли таърих, ин умед ба сар дошт, ки кош зимомдори вай касе бошад мисли худаш! Аммо бо таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳо, таҳаққуқи чунин орзуеро "маҳол” мешумурд.

Ҳукамо ва андешмандон, ҳамвора ва дар тӯли таърих, орзу доштанд, ки пешво, дар навбати аввал, ҳаким бошад. "Мадинаи фозила”-и Афлотуну Форобӣ, ҷуз гӯёи ҳамин орзуҳояшон намебошад.

Хумайнӣ, пеш аз ин ки як инсони сиёсатмадор қаламдод шавад, як ҳаким буд; ҳаким ба тамоми маъно. Ҳикмати ӯ айни сиёсаташ буд ва сиёсати ӯ айни ҳикматаш.

Хумайнӣ, қабл аз он ки як сиёсатмадор ва касе ки инқилоб роҳ андохт дониста шавад, як диндор буд; он ҳам на як диндори оддӣ, балки ба унвони марҷаи динии миллионҳо мусалмон ба шумор мерафт ва мардум дар динашон аз ӯ тақлид мекарданд. Инқилоби сиёсӣ ҳам, ки роҳ андохт, ҳаргиз динашро қурбони сиёсаташ накард. Ҳеҷ маслиҳати сиёсие дар пеши вай, бар маслиҳати динӣ ва он чи ки Худо аз бандааш мехоҳад, начарбид. Сиёсати ӯ ҳамон динаш буд ва дини ӯ ҳамон сиёсаташ.

Доктор Алиакбари Вилоятӣ, собиқ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар даврони Имом Хумайнӣ, нақл мекунад, ки замони пас инқилоб, ба хотири муҳосираҳои ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва сиёсие, ки гиребонгири Эрон шуд ва бар замми он, эрониён бо ҷанги таҳмилӣ рӯбарӯ гардиданд, айёми бисёр сахте барои Эрону эрониён мегузашт. Дар ҳамин авон, китоби "Оёти шайтонӣ” тавассути Салмон Рушдии муртадд навишта шуд. Рушдӣ дар ин китоб бар соҳати муқаддаси паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммад (с) иҳонат кард. Имом Хумайнӣ фатво бар иртидоди ин нависанда содир намуд. Ман (Вилоятӣ) ва чанд нафар аз масъулон ҳузури имом расидем ва ба ӯ пешниҳод кардем феълан ин фатво эълом нашавад, зеро дар ин рӯзгор ин кор ба нафъи Эрон нест ва мо аз ин ҳам бадтар зери фишор ва дар муҳосира қарор хоҳем гирифт. Аммо имом фармуд, ман ба вазифаи диниям амал мекунам, ин шахс (Рушдӣ) бар паёмбари мо (с) иҳонат раво дид ва бояд ҷазои кардаи хеш бибинад. Агар муҳосира шавем, рӯза мегирем, ба мардум ҳам пешниҳод мекунам рӯза бигиранд. Мардуми мо ба хотири паёмбари хеш, на танҳо тан ба рӯза медиҳанд, балки ҳозиранд аз гуруснагӣ бимиранд, вале бар паёмбарашон иҳонат нашавад.

Оре, Имом Хумайнӣ як чунин шахсияте буд. Оре, ҳеҷ маслиҳати сиёсие садди роҳи динаш намешуд. Маҳдии Бозаргон, нахустин сарвазири Эрон пас аз инқилоб, ки гаройишҳои миллӣ дошт, сабаби истеъфои худ пас аз шаш моҳ аз нахуствазирии худро, вақте аз иллати он суол карданд, чунин посух дод, ки "Ман фикр мекардам Хумайнӣ исломро барои Эрон мехоҳад, аммо инак фаҳмидам, ки ин мард Эронро мехоҳад қурбони ислом намояд”.

Фарзанди Имом Хумайнӣ Сайид Аҳмади Хумайнӣ, ки ҳамеша дар канори падар буд, мегӯяд, "Имом ҳаргиз намози аввали вақт ва намози шабашро тарк нагуфт, ҳатто дар сахттарин авқот, намоз барои ӯ муқаддам буд. Ҳангоми маризӣ ва чанд рӯз пеш аз вафоташ, пас аз амали ҷарроҳӣ, ки беҳушӣ ӯро фаро гирифта буд, аз ман хост ҳангоми намози шаб ҳар тавр ки шуда ӯро бедор кунам. Аммо аз он ҷо ки вазъи бисёр нороҳаткунандае дошт ва наметавонист ҳаракат кунад, дилам нашуд ӯро бедор кунам. Сипас, каме пеш аз азони субҳ, ки бедор шуд, аз ман пурсид чаро ӯро бедор накардам. Гуфтам, ҳоли хубе надоштед. Фармуд, ин бори аввал дар ҳаётам аст, ки намози шабам тарк мешавад ва гуноҳи он ҳам бар гардани туст”.

Оре, як ҳамчунин шахсияте, бо шиори "На ғарбӣ, на шарқӣ, ҷумҳурии исломӣ”, дар Эрон инқилоб роҳ андохт. Дар он авон, ҳатто тасаввури ин ки кишваре на зери нуфузи лагери ғарб қад алам кунад ва на таҳти нуфузи шарқ, тақрибан тасаввуре буд маҳол. Ҳар куҷо инқилобе рух медод, таҳрикунандааш ё блоки шарқ буд ва ё ҷабҳаи ғарб. Аммо Хумайнӣ, коре кард, ки ҳатто инон наметавонистанд хобашро бибинанд. Ӯ давлате бунён ниҳод, ки на реша дар ғарб дошт ва на поя дар шарқ.

Вақте ҳам инқилоб роҳ андохт ва сипас бар пояи он ҳукумат бино ниҳод, ҳаргиз ҳаёташ тағйир накард. Ӯ ҳамон буд, ки ҳамон. Ҷойгоҳаш аз оғози инқилоб то поёни умраш, манзилаке буд дар минтақаи Ҷаморони Теҳрон; касоне ки ӯро зиёрат карданд ва ё пас аз вафоташ муваффақ ба дидани ин хонаи муҳаққар шудаанд, медонанд, ки ин манзил чӣ гуна манзилест.

Хумайнӣ, дар қарни бистум; қарне, ки сиёсат дар он, ҷуз ба маънои найрангу бозӣ қаламдод намешуд ва ҳатто дар марокизи илмӣ вақте "дарси сиёсат” меомӯзанд, мегӯянд: "Сиёсат бозиест шабеҳи бозии шатранҷ ва дар он чизе ба номи "мамнӯъ” вуҷуд надорад, дар ин бозӣ муҳим он аст, ки чӣ гуна (ва бо тавассул ба ҳар василае, чи писандида бошад ва чи нописанд) пирӯз шавӣ, на ҳароме пеши роҳи ту қарор дорад ва на ҳалоле. Ҳар василае барои расидан ба ҳадаф барои ту машрӯъ аст”... барои "сиёсат” мафҳуми тозае бахшид.

Оре, Хумайнӣ мафҳуми "сиёсат”-ро бо мафҳуми "диёнат” оштӣ дод. Агар то он замон гуфта мешуд, ки чун сиёсат палид асту дин пок, аз ин рӯ, марди диндор набояд бо вуруд ба қаламрави сиёсат, хештанро олуда созад, аммо баъд аз Хумайнӣ, динмадор бо талаққии мутафовите аз ин мафҳум дар зеҳн, ки метавон сиёсате ҳам дошта бошем, ки олуда набошад, тавонист по ба ин арса гузорад.

Оре, агар дар як ҷумла хулоса кунем, бояд чунин бигӯем, ки Хумайнӣ, бо инқилоби худ, он чиро ки "номумкин” ва "маҳол” ба назар мерасид, "мумкин” сохт.

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 1631 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz