Душанбе, 26.10.2020, 10:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 9 » Худошиносӣ аз забони Алӣ ибни Абӯтолиб (к)
Худошиносӣ аз забони Алӣ ибни Абӯтолиб (к)
00:45

Ситоиш сазовори Худовандест, ки ҳавосси панҷгона[1] ӯро дарк накунанд, маконҳо ӯро дарбар нагиранд, чашмҳо ба ӯ нангаранд ва пӯшишҳо ӯро пинҳон накунанд.

Бо падид овардани офариниш, азалӣ (доимӣ ва беохир) будани худро собит кард ва бо пайдоиши падидаҳои гуногун, вуҷуди худро исбот намуд.

Бо ҳамонанд доштани махлуқот, собит шуд, ки Худо ҳамонанде надорад.

Худо дар ваъдаҳои худ ростгӯ ва бартар аз он аст, ки бар бандагонаш ситам кунад.

Миёни махлуқот бо адолат рафтор кард ва дар иҷрои аҳком одилона фармон дод.

Ба вуҷуд омадани чизҳо, гувоҳ бар азалӣ будани ӯ ва нотавонии падидаҳо далели қудрати бемонанди ӯ ва нобудии падидаҳо, гувоҳи доимӣ будани ӯст.

Худо яке аст на бо шумориш, ҳамешагӣ аст на бо ҳисоби замон, барпост на бо нигаҳдорандае.

Андешаҳо ӯро мешиносанд на бо дарки ҳавосс, нишонаҳои хилқат ба вуҷуди ӯ гувоҳӣ медиҳанд на бо ҳузури моддӣ, фикрҳо ва андешаҳо ба зоти ӯ иҳота надоранд, балки бо осори азамати худ, бар онҳо таҷаллӣ карда ва нишон дод, ки ӯро наметавонанд тасаввур кунанд ва доварӣ бар ин нотавониро бар ӯҳдаи фикрҳо ва андешаҳо гузошт.

Худо бузурге нест, ки дорои дарозӣ дар паҳно ва жарфо бошад, то дорои ҷисми бузурге бошад ва бо азамате нест, ки ҷусса (колбуд)-аш бениҳоят калон бошад, балки бузургии Худо дар мақом ва азамати ӯ дар қудрату ҳукумати ӯст.

Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Худо ва паёмбари баргузида ва амонатдори писандидаи ӯст. Худо ӯро бо ҳуҷҷатҳои қотеъ ва пирӯзии ошкор ва роҳи рӯшан фиристод. Пас, рисолати худро ошкоро расонд ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят кард ва онро ба ҳамагон нишон дод ва нишонаҳои ҳидоятро баланд кард ва чароғҳои рӯшанро бар сари роҳи одамон гузошт ва риштаҳои исломро устувор кард ва дастгираҳои имонро маҳкам ва пойдор намуд.

Агар мардум дар азамати қудрати Худо ва бузургии неъматҳои ӯ фикр мекарданд, ба роҳи рост бозмегаштанд ва аз оташи сӯзон метарсиданд. Аммо дилҳо бемор ва чашмҳо маъюб аст.

Мӯрча

Оё ба махлуқоти кӯчаки Худо нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна онҳоро мустаҳкам офарид ва таркиби андоми онҳоро барқарор кард ва гӯшу чашм барои онон падид овард ва устухону пӯсти муносиб халқ кард?

Ба мӯрча ва ҷуссаи хурди он бингаред, ки чӣ гуна латофати хилқати ӯ бо чашм ва андешаи инсон дарк намешавад, нигоҳ кунед чӣ гуна рӯи замин роҳ меравад ва барои  ба даст овардани рӯзии худ талош мекунад?

Донаҳоро ба лонаи худ интиқол медиҳад ва дар ҷойгоҳи махсус нигоҳ медорад; дар фасли гармо барои зимистон талош карда ва ба ҳангоми дарун рафтан, берун омаданро фаромӯш намекунад.

Ризқу рӯзии мӯрча тазмин гардида ва ғизоҳои муносиб бо табъаш офарида шудааст. Худованди маннон аз ӯ ғафлат намекунад ва парвардигори подошдиҳанда маҳрумаш намесозад, гар чи дар дили санги сахт ва соф ё дар миёни саҳроҳои хушк бошад.

Агар дар маҷроҳои хӯрок ва қисматҳои боло ва поёни дастгоҳи гувориш ва он чи дар даруни шиками ӯ аз устухонҳои нарм овехта аз банди сина то шикам ва он чи дар саросари ӯст аз чашму гӯш, андеша намоӣ, аз офариниши мӯрча дучори тааҷҷуб шуда ва аз васфи ӯ сахтӣ хоҳӣ кашид.

Пас бузург аст Худое, ки мӯрчаро бар рӯи дасту пояш барпо дошт ва пайкараи вуҷудашро муҳкам нигаҳ дошт, дар офариниши он, ҳеҷ қудрате ба Худо ёрӣ накард ва ҳеҷ офаринандае кӯмакаш накард.

Агар фикратро ба кор гирӣ то ба рози офариниш пай бурда бошӣ, далелҳои рӯшан ба ту хоҳанд гуфт, ки офаринандаи мӯрчаи хурдакак ҳамон офаридгори дарахти бузурги хурмост ба ҷиҳати ин ки дар офариниши ҳар чизе диққати фаровон ба кор рафта ва ихтилофу фарқҳои печидае, ки дар хилқати ҳар падидаи ҳаётӣ, нуҳуфта аст.

Ҳамаи  мавҷудоти сангин ва сабук, бузург ва кӯчак, нерӯманд ва нотавон, дар усули ҳаёту ҳастӣ яксонанд ва хилқати осмон, бодҳо ва ҳавою об, яке аст.

Пас фикр кун дар офтобу моҳу дарахту гиёҳ ва обу сангу ихтилофи шабу рӯз ва ҷӯшиши дарёҳо ва зиёдии кӯҳҳою баландии қуллаҳо ва гуногунии луғатҳо ва тафовути забонҳо, ки нишонаҳои рӯшани парвардигоранд.

Пас вой бар он кас, ки тақдиркунандаро напазирад ва тадбиркунандаро инкор кунад!

Гумон карданд, ки ҳамчун гиёҳҳонанд ва зироаткунандае надоранд ва ихтилофи суратҳояшонро созандае нест, бар он чи иддао мекунанд ҳуҷҷат ва далеле надоранд ва бар он чи дар сар мепарваронанд, таҳқиқу тадқиқе намекунанд.

Оё  мумкин аст сохтмоне бидуни созанда ё ҷинояте бидуни хиёнаткор башад?

Малах

Ва агар хоҳӣ, дар шигифтии малах сухан гӯ, ки Худо барои ӯ ду чашми сурх, ду мардумаки чашми ҳамчун моҳи тобон офарид ва ба ӯ гӯши пинҳон ва даҳони муносиби андомаш бахшида аст, дорои ҳавосси нерӯманд ва ду дандони пеш аст, ки гиёҳонро мечинад ва ду пойи досмонанде, ки чизҳоро бар медорад.

Кишоварзон барои зироат аз онҳо метарсанд ва қудрати дафъи онҳоро надоранд, гар чи ҳама муттаҳид шаванд. Малахҳо нерӯмандона вориди киштзор мешаванд ва он чи майл доранд мехӯранд дар ҳоле, ки тамоми андомашон ба андозаи як ангушти борик нест.

Нишонаҳои Худо дар табиат 

Пас бузург аст Худованде, ки тамоми мавҷудоти осмону замин хоҳ ва нохоҳ ӯро саҷда мекунанд ва дар баробари ӯ хоксорона чеҳра бар хок мениҳанд ва риштаи итоати ӯро дар тандурустию нотавонӣ ба гардан мениҳанд ва аз рӯи тарсу ҳарос банди ихтиёри худро ба ӯ месупоранд.

Паррандагон роми фармони ӯянд ва аз теъдоди парҳо ва нафасҳои паррандагон огоҳ аст, баъзеро паррандаи обӣ ва гурӯҳеро паррандаи хушкӣ офарид ва ризқу рӯзии онҳоро бо тақдир муайян фармуд. Ва ақсоми гуногуни онҳоро медонад; ин зоғ аст ва он уқоб, ин шутурмурғ аст ва он кабӯтар. Ҳар парандаеро бо номи хоссе фаро хонд ва рӯзиашро фароҳам кард.

Худое, ки абрҳои сангинро эҷод ва боронҳои пайдарпайро фиристод ва саҳми боронро дар ҳар ҷое муайян фармуд, заминҳои хушкро обёрӣ кард ва гиёҳонро пас аз хушксолӣ рӯёнид.[2]

Поёни навиштор

Фароҳамоваранда: Илёс Қосимов

 


[1] Чашоӣ, шунавоӣ, биноӣ, бӯёӣ ва басовоӣ ё худ ломиса.

[2] Тарҷумаи хутбаи 185 Наҳҷул-балоға.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 959 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz