Чоршанбе, 24.04.2024, 23:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 16 » Ҷӯёи яқин
Ҷӯёи яқин
00:24

Дар кишвари азими Салҷуқӣ, Низомияи Бағдод ва Низомияи Нишопур, мисли ду ситораи рӯшан медурахшиданд. Толибони илму ҷӯяндагони биниш, бештар ба яке аз ин ду донишгоҳи азим ҳуҷум меоварданд.

Риёсат ва курсии бузурги тадриси Низомияи Нишопур дар ҳудуди солҳои 450-478 ҳ.қ ба ӯҳдаи Абулмаолӣ Имомул-ҳарамайн Ҷувайнӣ буд. Садҳо нафар донишҷӯи ҷавон дар ҳалқаи тадриси вай ҳозир мешуданд. Дар миёни ҳамаи шогирдони Имомул-ҳарамайн, се нафар ҷавони пуршӯру боистеъдод беш аз ҳама ҷалби таваҷҷӯҳ карда, ангуштнамо шуда буданд: Муҳаммад Ғазолии Тӯсӣ, Киё Ҳаросӣ ва Аҳмад ибни Муҳаммади Хавофӣ.

Сухани Имомул-ҳарамайн дар бораи ин се нафар гӯш ба гӯшу даҳон ба даҳон мегашт, ки: "Ғазолӣ дарёест маввоҷ, Киё шерест даранда ва Хавофӣ оташест сӯзон”. Аз ин се нафар низ Муҳаммади Ғазолӣ боризтар менамуд. Аз ин рӯ, чашму чароғи Низомияи Нишопури он рӯз, Муҳаммади Ғазолӣ буд.

Имомул-ҳарамайн дар соли 478 ҳ.қ вафот кард. Ғазолӣ, ки дигар барои худ ҳампояе намешинохт, оҳанги хидмати вазири донишманди салҷуқӣ Хоҷа Низомул-мулки Тӯсӣ кард, ки маҳзараш маҷмаи арбоби фазлу дониш буд. Дар он ҷо низ мавриди эҳтирому муҳаббат қарор гирифт. Дар мубоҳасоту мунозарот бар ҳама пирӯз шуд. Зимнан, курсии риёсати Низомияи Бағдод холӣ шуда буд ва интизори устоди болаёқатеро мекашид, ки битавонад аз ӯҳдаи тадриси он ҷо барояд.

Ҷои тардид набуд, ки шахсияте лоиқтар аз ин нобиғаи ҷавон, ки тоза аз Хуросон расида буд пайдо намешуд. Дар соли 484 ҳ.қ Ғазолӣ бо шукӯҳу ҷалоли тамом вориди Бағдод шуд ва бар курсии риёсати Донишгоҳи Низомия такя зад. Олитарин мақомоти илмӣ ва руҳонии он рӯз ҳамон буд, ки Ғазолӣ бад-он расид. Бузургтарин донишманди замон ва олитарин марҷаи дин ба шумор мерафт. Дар масоили бузурги сиёсии рӯз мудохала мекард. Халифаи вақт Ал-муқтадир биллоҳ ва баъд аз ӯ Ал-мустазҳир биллоҳ барои вай эҳтироми зиёде қоил буданд. Ҳамчунин подшоҳи Эрони он вақт Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазири донишманду муқтадири вай Хоҷа Низомул-мулки Тӯсӣ нисбат ба ӯ иродат меварзиданд ва камоли эҳтиромро менамуданд.

Ғазолӣ ба нуқтаи авҷи тараққиёти худ расида буд ва дигар мақоме боқӣ намонда буд, ки эҳроз накарда бошад. Вале дар ҳамон ҳол, ки бар арши сиёдати илмӣ ва руҳонӣ ҷулус карда буд ва дигарон ғибтаи мақоми ӯро мехӯрданд, аз даруни руҳи вай шӯълае, ки камубеш дар ҳамаи даврони умри вай дида мешуд забона кашид, ки хирмани ҳастӣ ва мақому ҷоҳу ҷалоли вайро якбора сӯхт.

Ғазолӣ дар ҳамаи даврони таҳсили хеш эҳсоси мармузеро дар худ меёфт, ки аз ӯ оромишу яқину итминон мехост, вале ҳисси тафаввуқ бар ҳамдарсон ва касби ному шӯҳрату ифтихор, маҷоли буруз ва фаъолияти зиёде ба ин ҳисс намедод. Ҳамин ки ба нуқтаи авҷи тараққиёти дунёии худ расид ва ишбоъ шуд, фаъолияти ҳисси кунҷковӣ ва ҳақиқатҷӯйии вай оғоз гашт. Ин матлаб бар вай рӯшан шуд, ки ҷадалҳо ва истидлолоти вай, ки дигаронро иқноъу мулзам мекунад, руҳи кунҷкову ташнаи худи ӯро иқноъ намекунад.

Донист, ки таълиму тааллуму баҳсу истидлол кофӣ нест. Сайру сулуку муҷоҳадату тақво лозим аст. Бо худ гуфт: аз номи шароб мастӣ ва аз номи нон серӣ ва аз номи даво беҳбуд пайдо намешавад. Аз баҳсу гуфтугӯ дар бораи ҳақиқату саодат низ оромишу яқину итминон пайдо намешавад, бояд барои ҳақиқат холис шуд ва ин бо ҳубби ҷоҳу шӯҳрату мақом созгор нест. Кашмакаши аҷибе дар даруни вай пайдо шуд.

Дарде буд, ки ҷуз худи ӯ ва Худои ӯ касе аз он огоҳ набуд. Шаш моҳ ин кашмакаш ба сурати ҷонкоҳе давом ёфт ва ба қадре шиддат гирифт, ки хобу хӯрок аз вай салб шуд, забонаш аз гуфтугӯ бозмонд, дигар қодир ба тадрису баҳс набуд.

Бемор шуд ва дар ҷиҳози ҳозимааш ихтилол пайдо шуд. Табибон муойина карда, бемории руҳӣ ташхис доданд. Роҳи чора аз ҳар тараф баста шуда буд, ҷуз Худо ва ҳақиқат додрасе набуд. Аз Худо хост, ки ӯро мадад кунад ва аз ин кашмакаш бираҳонад. Кори осоне набуд. Аз як тараф он ҳисси мармуз ба шиддат фаъолият мекард ва аз тарафи дигар чашм пӯшидан аз он ҳама ҷалолу азамату эҳтирому маҳбубият душвор менамуд, то он ки як вақт эҳсос кард, ки тамоми ҷоҳу ҷалолҳо аз назараш соқит шуд. Тасмим гирифт аз ҷоҳу мақом чашм бипӯшад. Аз тарси мумониати мардум изҳор накард ва ба баҳонаи сафари Макка аз Бағдод берун рафт. Вале ҳамин ки миқдоре аз Бағдод дур шуд ва мушойиаткунандагон ҳама баргаштанд, роҳи худро ба сӯйи Шом ва Байтул-мақдис баргардонд ва барои он ки касе ӯро нашносад ва музоҳими сайри дарунияш нашавад, дар ҷомаи дарвешон даромад. Сайри офоқу анфусро он қадр идома дод, то он ҷо ки мехост; яъне яқин ва оромиши дарунӣ пайдо кард. Даҳ сол тафаккур ва хилват ва риёзати вай тӯл кашид.

Комёб бошед

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 631 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz