Панҷшанбе, 18.04.2024, 11:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 7 » Дар маҳзари қозӣ
Дар маҳзари қозӣ
01:58

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаблан, дар яке аз навиштаҳо ёдовар шуда будам, ки як силсила арзишҳои инсоние ҳастанд чун ҳақиқат, адолат, баробарӣ, некӯкорӣ.., ки одамӣ бо сиришти худодияш маҷзуби онҳост ва ҳар мактабу идеологияе, ки муддаии саодатбахшӣ ба инсонҳост, бар ин арзишҳо таъкид мекунад, аз ҷумла адёни осмонӣ ва хусусан дини мубини ислом. Аммо як фарқ ҳаст байни адёни илоҳӣ (ба вижа ислом) ва соири макотиб дар мавриди ин арзишҳо.

Ва он ин ки дар ислом, чунин нест, ки бар ин арзишҳо фақат супоришҳои холӣ шуда ва танҳо дар лобалои китобҳо онҳоро пайдо бикунем, ҳамон гуна ки дар соири макотиб чунин аст, балки башарият, шоҳиди таҳаққуқи ин арзишҳо аз сӯйи мусалмонон дар олами воқеъ ва матни ҳаёт гардидааст. Ислом, агар бар иҷрои адолат дар ҷомеаи инсонӣ таъкид ва суфориш кардааст, ибтидо худ ин арзишро дар матни ҷомеа пиёда сохтааст.

Намунаҳои зиёде дорад, ки ба ду намуна ишора мекунам. Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р), як нафар шахси хеле оддӣ, ба маҳзари халифа шикояте бурд. Халифа дастур дод то тарафайни даъво ҳозир шаванд ва даъво тарҳ гардад. Касе ки ин мард аз ӯ шикоят бурда буд, Алӣ ибни Абӯтолиб (р) буд. Халифа ҳар ду тарафро ҳозир кард ва худ дар маснади қазоват нишаст. Тибқи дастури исломӣ, ду тарафи даъво бояд паҳлӯи якдигар биншинанд ва асли тасовӣ ва баробарӣ дар муқобили додгоҳ маҳфуз бимонад.

Халифа даъвогарро ба ном хонд ва амр кард, ки дар як нуқтаи муайяне рӯбарӯи қозӣ биистад. Баъд рӯ ба Алӣ карда, фармуд: "Эй Абулҳасан! Паҳлӯи даъвогари худ қарор бигир!”

Ба маҳзи шунидани ин ҷумла, чеҳраи Алӣ дигаргун ва осори нороҳатӣ дар қиёфааш пайдо шуд.

Халифа гуфт: "Эй Алӣ! Майл надорӣ паҳлӯи тарафи даъвои худ биистӣ?”

Алӣ гуфт: "Нороҳатии ман аз ин набуд, ки бояд паҳлӯи тарафи даъвои худ биистам, баръакс, нороҳатии ман аз ин буд, ки шумо комилан адолатро риоя накардед, зеро маро бо эҳтиром ном бурдед ва ба кунияам хитоб кардед ва фармудед: "Эй Абулҳасан!”, аммо тарафи даъвои маро ба ҳамон номи оддияш хондед. Иллати таассуру нороҳатии ман ин буд”.[1]

Як достони дигар ва ин ҳам дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) рух додааст. Ҷибилла ибни Айҳум, охирин ҳокими Бани Ғассон (минтақае дар Шом) аз тарафи Ҳерақл, императори Рум, ба шумор мерафт. Румиҳо ҳамвора ҳукком ва сокинони Бани Ғассонро таҳрик ба ишғоли нимҷазираи Арабистон, ба вижа баъд аз зуҳури ислом дар ин сарзамин, менамуданд. Вақте футуҳоти исломӣ густариш пайдо кард ва пирӯзӣ бар румиён пушти сари ҳам насиби сипоҳи ислом гардид ва қабилаҳои арабнишини Шом гурӯҳ-гурӯҳ вориди ин дини ҷадид мешуданд, ҳокими Бани Ғассон (Ҷибилла) ҳам тасмим гирифт вориди ислом гардад.

Он гоҳ, ҳам худ ва ҳам хонаводааш ислом оварданд. Ҷибилла ба халифа Умар ибни Хаттоб (р) нома навишт, ки инак мо мусалмон шудем ва мехоҳем хидмати шумо бирасем. Халифа аз ин хабар хушҳол шуд ва ӯ ҳам омад ва дар Мадина аз вай истиқболи гарме сурат гирифт. Ҷибилла тасмим гирифт ҳаҷ анҷом диҳад ва аз ин рӯ қасди Макка намуд.

Ҳангоми тавофи Байтуллоҳ, як марди оддие шалвори Ҷибилларо нодониста пахш кард ва Ҷибилла аз ин кор нороҳат шуда ва муште муҳкам ба ин бечора зад ба ҳадде ки бинияш шикаста шуд. Он мард ба халифа шикоят бурд. Халифа аз Ҷибилла пурсид, ки оё ин мард рост мегӯяд? Ҷибилла ҳам иқрор кард.

Ин ҷо халифа рӯ ба Ҷибилла овард ва фармуд: "Эй Ҷибилла! Чӣ чизе боис гардид, ки ба ин бародарат ситам раво дорӣ ва бинияшро бишканӣ?”

Ҷибилла ҳам, ки ҳанӯз бар сар эҳсоси ҳоким будану амир будан дошт, гуфт: "Ин биёбонӣ Худоро шукр кунад, ки мо, ба хотири хонаи Худо, барояш лутф кардем, вагарна ба иллати ин ҷасорате, ки бар мо раво дошт, мебоист чашмонашро ҳам аз косахона мебаровардем”.

Умар (р) гуфт: "Ҳол, ки ту иқрор намудӣ, пас, ё ин мардро розӣ кун ва ё ин ки ман қисоси ӯро аз ту меситонам”.

Ин ҷо ҳайрати Ҷибилла ибни Айҳум дучандон шуд ва гуфт: "Яъне чӣ? Мо ки подшаҳем ва ӯ, ки як инсони кӯчагарде беш нест”.

Халифа фармуд: "Оре, Ҷибилла! Ислом байни шумо баробар кардааст”.

Ҷибилла гуфт: "Эй Амири мӯъминон! Ман гумон карда будам, ки вақте мусалмон мешавам, боиззаттар аз он замоне ки дар ҷоҳилият будам хоҳам шуд”.

Умар (р) фармуд: "Дигар ин суханонро канор зан, инак ё бояд ҳар чи зудтар ин мардро розӣ кунӣ, вагарна ман бояд қисос бигирам”.

Ҷибилла гуфт: "Агар боз насронӣ шавам чӣ?”

Форуқ (р) ба ӯ фармуд: "Дигар кор бадтар хоҳад шуд, зеро дар он сурат ба унвони як муртад муҷозот хоҳӣ дид”.

Ҷибилла фурсат хост, халифа ҳам ба ӯ фурсат дод. Аммо мутаассифона шабона аз дасти адолат ба тарафи Шом фирор кард.[2]


[1] Ба нақл аз китоби Достони Ростон-и Муртазо Мутаҳҳарӣ, с 91 ва 92.

[2] Китоби Амири мӯъминон Умар ибни Хаттоб, ҷ 1 с 128 (Ашшомила).

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 552 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz