Ҷумъа, 26.04.2024, 07:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 12 » Чанд нукта дар бораи Бӯалӣ
Чанд нукта дар бораи Бӯалӣ
21:51

Сайидюнуси Истаравшанӣ 

1. Бӯалӣ мегӯяд: ман шогирди намозам.

Соҳиби китоби арзишманди Равзотул-ҷаннот, ки дар аҳволи уламо ва донишмандон мебошад, менависад: "Марҳуми Бӯалӣ дар зиндагиномаи худ мегӯяд: Ман шогирди намозам, зеро ҳар вақт мушкиле амалӣ барои ман пеш меомад, вузӯ мегирифтам ва ба ҷомеи шаҳр (масҷиди ҷомеъ) мерафтам ва дар он ҷо ду ракъат намоз мехондам ва ҳалли мушкиламро аз Худо мехостам ва ҳал мешуд”.[1]

Аз Баҳманёр низ нақл шудааст, ки гуфт: "Рӯзе Ибни Сино барои тадрис омад, дар ҳамон ибтидо барои вай маълум шуд, ки мо дарси дирӯзро нафаҳмидаем. Устоди моҳир, аз чеҳра ва нигоҳи шогирд мефаҳмад, ки ӯ матлаби қаблиро фаҳмида ё нафаҳмидааст. Ва чун барояш маълум шуд, ки мо шаби гузаштаро ба маҷлиси унс гузарондаем ва мутолеае накардаем, мутаассир шуда, ашк аз чашмони шарифаш ҷорӣ шуд ва ба унвони насиҳат, ба мо гуфт: Таноббозҳои шаҳр мекӯшанд то дар риштаи худ мутахассис шаванд, чаро шумо дар улуми илоҳӣ ин шавқро надоред?

Пас аз поёни дарс, мавқеи намоз фаро расид ва шогирдон намози ҷамоатро ба имомати Шайхур-раис хонданд. Мувозибат бар намози ҷамоат, намози аввали вақт ва ин ки агар инсон мушкиле дошт, намозро ба унвони ҳаллоли мушкили худ талаққӣ кунад, инсонро ба камол мерасонад ва агар ба мақоми Шайхур-раис нарасад, аз соликони ин куй мегардонад”.[2]

2. Бӯалӣ ва мусиқӣ:

Марҳуми Шайхур-раис дар рисолаи Аҳд-и худ мегӯяд: "Дар мавриди оҳангу мусиқиву шуниданиҳо тааҳҳуд месупорам, ки аз он чи дар парвариши руҳ муассир аст истифода кунам”.[3]

Дар мабҳаси Мақомоти орифон дар намати нӯҳум-и китоби Ишорот ба нағмаи рахима[4] ишора кардааст, ки солик эҳтиёҷ ба ҳусни савт дорад.[5]

Он чи аз оҳангу мусиқӣ, ки дар парвариши руҳ муассир аст ва Бӯалӣ истифода аз онро лозим мешуморад, ҳаргиз оҳангу мусиқиҳои шаҳватгуна ва ё садои номаҳрам нест, зеро оҳанги шаҳватбарангез ва садои номаҳрам инсонро аз авҷи моварои табиат ба домани табиат таназзул медиҳад, ва қатъан оҳанге, ки инсонро фариштаманиш накунад, аз тааҳҳудоти афроде монанди Бӯалӣ дур аст.

Ҳусни савте, ки хондани Қуръон бо он тавсия шуда, ё нағмаи рахимае, ки Бӯалӣ мегӯяд, солик ба он ниёзманд аст, савтест, ки дар он, аз назари муҳтаво, на лаҳву лаъиб бошад ва на оҳангаш ҷанбаи табииро тақвият кунад, балки нағмаест, ки ҷанбаи моварои табиӣ дошта бошад. Ин матлабро ҳукамои дигаре монанди Шайхи Ишроқ Суҳравардӣ низ дар навиштаҳояшон доранд.

3. Бӯалӣ ва маоди ҷисмонӣ:

Ибни Сино дар бораи маод мегӯяд: Маоди руҳониро ақл мефаҳмад, вале маоди ҷисмониро шариати хотами анбиё (с) оварда ва моро бениёз кардааст. Дар рисолаи Аҳд дар бораи ҷузъиёти масоил, ки ақлро роҳе барои дарки онҳо нест, мегӯяд: "Ин ҷузъиётро бояд шариат бигӯяд, ва ақл пайрави маҳз аст”.

Ба иборати дигар, хутути куллӣ (яъне куллиёт)-ро ҳам шариат мегӯяд ва ҳам ақл мефаҳмад, вале масоили ҷузъиро ҷуз шариат намегӯяд. Масоиле монанди намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ ҳаргиз дар ақл роҳ надорад; яъне ақли одамиро тавони дарки чароии онҳо нест.

Аз ин рӯ, ин ки бархеҳо нофаҳмида ба марҳуми Бӯалӣ нисбат медиҳанд, ки гӯи ин бузургвор маоди ҷисмониро инкор кардааст, дуруст нест. Марҳуми Бӯалӣ ҳаргиз чунин чизе нагуфтааст. Он чи гуфтааст, ҳамин аст, ки арз шуд; яъне маоди ҷисмонӣ ва ба иборати дигар, чигунагии зинда шудани одамӣ бо ҷасад пас аз мурдан дар рӯзи вопасин, мавриди идроки ақл нест, балки ҳамин ки шариати муқаддас (ки ҳаққонияташ ба ақл собит аст) бигӯяд, ки инсон пас аз марг бо ҷасад маҳшур хоҳад шуд, кофист ақл онро таъйид ва дар баробараш хозеъ шавад.

Албатта, ногуфта намонад, ки фалосифа ва донишмандоне чун Мулло Садро (р) баъдҳо ҳаққонияти маоди ҷисмониро ҳам бо адиллаи ақлӣ ба исбот расонидаанд, ки бояд дар як мавриди дигаре перомуни он баҳс ба амал ояд.

Комёб бошед


[1] Равзотул-ҷаннот, ҷ 3, с 160.

[2] Таҳсил, с 817.

[3] Иборати рисола чунин аст.

«والمسموعات یدیم استعمالها على الوجه الذي توجبه الحكمة لتقوية جوهر النفس وتأييد جمع القوى الباطنة لا لما يرتبط بهذه من الأمور الشهوانية».

[4] Нағмаи рахима: садои нарм ва ором.

[5] Иборат чунин аст.

«وواحد يرجع الى هيئة اللفظ وهو أن يكون بنغمة رخيمة فأن اين الصوت يفيد هيئة ما نحو المسامحة في القول...».

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 708 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz