Сайидюнуси
Истаравшанӣ
Дар заминаи қонуну қонунмадорӣ, нуктае, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ дошт ва
ғафлат наварзид ин аст, ки маъмулан шаҳрвандон – дар ҳар
ҷомеае – хештанро дар берун аз манзил муваззаф
ба риояти қонун медонанд, вале дар дохили манзил, худро раҳо ва озод аз мурооти
қавонин мебинанд. Қонунгузорон (дар кишварҳои пешрафта) ҳам ба ин нукта таваҷҷӯҳ
доранд, ва аз ин рӯ, ва бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ғолибан қавонине, ки вазъ
мекунанд, ҳамагӣ нозир ба равобити шаҳрвандон бо якдигар ва ё дар баробари
давлат, дар матни ҷомеа ва дар берун аз хонаҳост.
Аз ин рӯ, коршиносони масоили иҷтимоӣ
мӯътақиданд, ки агар ҷомеа бо мушкиле рӯбарӯ шавад, ки реша дар дохили манозил
ва хонаҳо дорад, ҳалли он, ҳаргиз бо вазъи қонун имконпазир нест, балки роҳи
ҳаллаш, фарҳангсозӣ ва бо зудудани осебҳоест, ки мунҷар ба пайдоиш ва бурузи он
машокил гардида.
Масалан, фарз кунед дар як ҷомеа, падидаи талоқ
зиёд шудааст, ва чун рӯшан аст, ки ғолибан решаҳои бурузи чунин падидае, дар
дохили манозил ва ношӣ аз равобити ғайри матлуби зану шавҳар бо якдигар дар
дохили хона мебошад, аз ин рӯ, ҷомеашиносон барои ҳалли ин мушкила, ҳаргиз рӯ ба
вазъи қонун намеоваранд, балки саъю талошашон, баъд аз осебшиносӣ, равонаи
зудудани он осебҳо мешавад.
Ахиран, Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба давлат,
тарҳи ҷадиди Қонун дар бораи вазоифи тарбиятӣ ва омӯзишии волидайн дар нисбати
кӯдаконашонро пешниҳод карда. Бар асоси ин қонун, падару модароне, ки аз
мушорикат дар омӯзиш ва парвариши фарзандони худ сарпечӣ бикунанд, ба додгоҳ
кашида хоҳанд шуд.
Ин ки Вазорати мӯҳтарам тоза пай ба ин нукта
бурдааст, ки мебоист кайҳо ба он пай мебурд, ҷои шукр дорад. Воқеан, яке аз
муҳимтарин асбоби рукуд дар заминаи омӯзишу парвариш дар ҷомеаи мо, ҳамин
масъулиятнашносии падару модарон нисбат ба таълиму тарбияти фарзандонашон аст.
Ташхиси ин дард аз сӯйи "табибон”-и Вазорат, ташхисе баҷо ва комилан дуруст аст.
Аммо "табиб”, кораш фақат ташхиси "дард” нест, балки таъйини "давои саҳеҳ” барои
муолиҷаи он дард низ, муҳимтар аз ташхиси он аст. Зеро, чи басо табибе, дардро
дуруст ташхис бидиҳад, аммо чун дар табобат ҳозиқ нест, давоеро барои бемор
пешниҳод кунад, ки мунҷар ба марги ӯ шавад.
Дар ин ҷо низ, зоҳиран ин "даво”-е, ки Вазорати
мӯҳтарами маориф мехоҳад барои муолиҷаи бемории мазкур пешниҳод кунад, "давои ба
дард нахур” аст. Магар бо вазъ ва тасвиби қонун, метавон ин муъзаларо ҳал кард?
Волидайн, то модоме ки аз дарун барояшон ин эҳсос падид наояд, ки бояд барои
таълиму тарбияи фарзандонашон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ биварзанд, садҳо қонун ҳам, ки дар
ин бора тасвиб гардад, наметавонад ононро водор ба масъулиятпазирӣ намояд, магар
ин ки бигӯем, аз ин пас (яъне пас аз тасвиби ин қонун), аз сӯйи Вазорати маорифи
кишвар, маъмуроне дар ҳар як аз хонаҳои тоҷикӣ гузошта шавад, ва эшон аз субҳ то
шом, корашон муроқибати волидайн бошад, ки ҳон! Агар ба масъулияти худ амал
накардӣ, роҳии зиндон хоҳӣ шуд! (Тоза, агар нагӯем, волидайн бо пардохти ришвае
ба он маъмур, ӯро водор ба сукут намоянд). Ва ё, ниҳоят чизе, ки аз дасти қонуни
мазкур бархоҳад омад ин аст, ки ҳафтае як бор волидайнро водор ба омадан ба
мактаб ва ширкат дар ҷаласоти падару модарон намояд, ки волидайн низ, аз тарси
муҷозот, маҷбур ба ширкат шаванд. Аммо, дар дохили хона, боз ҳам ҳамон фарҳанги
пешина ҳоким хоҳад буд.
Оре, як чунин мушкилоте, бо вазъу тасвиби қонун,
ҳалнопазиранд, балки чунон ки ёдовар шудем, роҳаш осебшиносӣ ва сипас
барномарезии дақиқ ҷиҳати зудудани он осебҳост.
Осебшиносӣ ва роҳҳои зудудани он
осебҳо:
1. Ба назари камина, яке аз сабабҳои асосии
бетаваҷҷӯҳии падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон, ин
набудани ангеза дар ин кор аст. Ангеза ҳам ин аст, ки
фарзандам дарс бихонад, босавод шавад, баъд аз хатми мактаби миёна вориди
донишгоҳ гардад ва он гоҳ (пас аз хатми донишгоҳ) соҳиби коре обрӯмандона шуда,
зиндагии муносибе барои худ дуруст кунад. (Албатта, гузашта аз ин ки босавод
будан, қатъи назар аз сабаб воқеъ шуданаш дар фароҳамойии як зиндагии
обрӯмандона барои фард, ба худии худ матлуб аст. Яъне шахси босавод, аз шахсе,
ки савод надорад бартар аст). Ва он чи ҳам, ки як чунин ангезаеро дар волидайн
падид меоварад ин аст, ки падару модарон, дар ҷомеа ва дар матни воқеъ, бо
чашмони худ бибинанд, ки маъмулан касоне, ки дарс мехонанд, бо донишу саъю
талоши худ вориди донишгоҳ гарида ва баъд аз хатми донишгоҳ, тибқи истеъдоду
саводи хеш, соҳиби коре обрӯмандона мешаванд.
Ҳол, агар дар воқеъ чизе дигар – ғайр аз он чи
гуфтем - бибинанд, ҳаргиз ангеза дар онҳо ҳосил нахоҳад шуд. Масалан, вақте
мебинанд касе дарс хонда ва босавод гардида, вале ҳамин ки бихоҳад вориди
донишгоҳ шавад, то пулу ришва надиҳад, вориди донишгоҳ нахоҳад шуд ва саводу
донишаш ҳам ба дарди ӯ нахоҳад хӯрд, ва ё ҳатто вориди донишгоҳ ҳам, ки шуд,
баъд аз хатми он, то "ошно” надошта бошад, соҳиби коре обрӯмандона нахоҳад
гардид... дар ин сурат, фикр намекунам дар волидайн ангезае барои таваҷҷӯҳ ба
таълиму тарбияи фарзандонашон пайдо шавад. Балки, ангезае дигар дар онҳо эҷод
хоҳад шуд, ва он ин ки: писарам! Ҳар чи тавон дорӣ, пулу мол андӯз! Агар пул
дорӣ, метавонӣ вориди донишгоҳ шавӣ, соҳиби коре обрӯмандона ҳам гардӣ, вале
агар пул надошта бошӣ, паноҳат ба Худо! Ва ба қавли мардум: "Хондагиҳо чӣ
шуданд, ки ту шавӣ”.
Пас, яке аз роҳи ҳаллҳои ин муъзала ин аст, ки
давлати мӯҳтарам, ба ҷои паноҳ бурдан ба вазъу тасвиби қонун дар ин замина,
чунин шароитеро дар ҷомеа фароҳам оварад, ки вуруд ба донишгоҳҳо бар асоси дониш
ва саъю талоши шахсии афрод бошад, ришвахорӣ дар ин замина аз реша барчида
шавад, ва ҳам, маносиб дар ниҳодҳо ва муассисоти давлатӣ бар пояи истеъдод ва
дониши афрод бошад, на бар асоси "ошно” доштани ӯ ва ё аз як маҳалли мушаххас
будани вай...
Падидаи дигаре, ки дар волидайн ангеза бар ин
корро эҷод мекунад ин аст, ки онҳо дар ҷомеа афроди таҳсилкарда ва босаводро
афроди мӯҳтарам бибинанд, на хору залил. Вақте дар як ҷомеа чунин фарҳанге
ҳукмфармо бошад, ки ҳар кӣ пул дорад, мол дорад, мансаб дорад ва ғайра... дорои
эҳтиром аст, вале касе, ки пул надошта бошад, ҳатто агар алломаи даҳр ҳам, ки
бошад, аз ҳеҷ эҳтироме бархӯрдор нест, аз куҷо дар афроди ин ҷомеа ин ангеза
пайдо шавад, ки барои босавод шудани фарзандонашон саъю талош намоянд?
2. Роҳи ҳалли дигаре, ки дар ин замина ба фикри
камина мерасад ин аст, ки дар ҷомеа таваҷҷӯҳ ба омӯзишу парвариш
фарҳангсозӣ шавад. Ва яке аз абзори фарҳангсозӣ ҳам,
садо ва симост. Зеро, имрӯза, ин садо ва симост, ки
бештарин саҳм дар фарҳангсозиро доро мебошад. Дар асри ҳозир, ҳеҷ чиз, ба
андозаи садо ва симо, қудрат ва тавони фарҳангсозӣ дар ҷомеаро надорад.
Ҳол, оё дар заминаи эҷоди фарҳанги таваҷҷӯҳ ба
таълиму тарбияи ҷавонон ва навҷавонон, садо ва симои Тоҷикистон, коре мекунад?
Он чи ҳамагон ба зоҳир мебинем, садо ва симои Тоҷикистон, бештар таваҷҷӯҳаш ин
аст, ки фарҳанги "бирақсу бикӯбу биҷунб” дар ҷомеаро густариш бидиҳад.
Мутаассифона, таваҷҷӯҳи ҷавонон ва навҷавонони тоҷик, ба фалон суруду фалон
сарояндаву ва ин ки оё ӯ шавҳар ва ё зан дорад, ки агар надорад, кай тасмим бар
издивоҷ хоҳад намуду аз ин қабил музахрафот, беш аз ҳар чизе дигар аст. Улгуи як
ҷавон ва ё навҷавони тоҷик, Синову Розиву Эйнштейну Ньютону Менделеев нест,
балки Шабнаму Фарзонаву Зикриаллоҳу Фалону Бисмадон аст (ки хушбахтона ва Худоро
шукр, ки тамомии асомии чунин афроде барои ман ноошно ҳастанд...)
Садо ва симо ба ҷойи тарвиҷу густариши фарҳанги
бирақсу бикӯб, метавонад бо роҳандозии барномаҳои ҷаззоб (на хастакунанда), ба
гунае фарҳанги таваҷҷӯҳ ба андӯхтани илму дониш, ва бо талқини ин ки фарди
босавод мӯҳтарамтарин фард дар ҷомеа мебошад, таваҷҷӯҳи ҷавонон ва навҷавононро
ба ин сӯ ҷалб намояд. Воқеан, бархе аз барномаҳои омӯзишӣ, дар айни омӯзишӣ
будан, тафреҳӣ ҳам ҳастанд, мисли барномаи "Кӣ? Кай? Дар куҷо?” (Что? Где?
Когда?), ки солҳои тӯлонист ҳамагон аз шабакаи якуми Русия мушоҳида мекунем.
Албатта, амсоли чунин барномаҳое зиёд ҳастанд. Садо ва симои Тоҷикистон, на ин
ки он барномаро нусхабардорӣ кунад, балки метавонад бо як сурат ва шакли дигаре
назири онро роҳандозӣ намояд.
Садо ва симои мо, барои эҷоди ангеза дар волидайн
дар ин росто ҳам, аз он ҷо ки ҷомеаи мо, дар ғолиб як ҷомеаи динмадор аст, бо
давъат аз руҳонияти босавод, аз онҳо бихоҳад то таваҷҷӯҳи падару модаронро ба
муҳим будани ин амр аз дидгоҳи ислом, ва ин ки ислом таълиму тарбияи фарзандро
яке аз воҷиботи шаръӣ, ва кӯтоҳӣ ва саҳлангорӣ дар ин заминаро навъе гуноҳ, ки
дар пешгоҳи Худо бояд посух дод, медонад, ҷалб намоянд. Мо чи бихоҳем ва чи
нахоҳем, сухани фарди руҳонӣ дар ҷомеаи мо, пазиротар аз сухани ҳар фарди дигар
аст. Бояд аз онҳо низ истифода гардад.
Албатта, чанд роҳи ҳалли дигаре ҳам дар зеҳн
дорам, вале дигар шояд фурсате барои баёни онҳо набошад.
Комёб бошед
Кимиёи саодат
|