Чоршанбе, 22.11.2017, 06:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 29 » Мо ҳаргиз Ғаззаро фаромӯш намекунем
Мо ҳаргиз Ғаззаро фаромӯш намекунем
12:50

Ҳамзамон бо дуюмин солгарди таҳоҷуми ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, дар чанд кишвари аврупоӣ тазоҳурот баргузор гардид.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, мардуми англис, ки дар байни онҳо руасо ва намояндагони созмонҳои ҳамбастагӣ, иттиҳодияҳои коргарӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ дида мешуд, рӯзи душанбе (27.12.2010) дар тазоҳуроти густардае дар муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар Ландан, бо дар даст доштани парчамҳои Фаластин, ҷиноятҳои ин режимро маҳкум карданд.

Ин дар ҳолест, ки тазоҳуроти мушобеҳе низ дар шаҳрҳои бузурги Англия дар эътироз ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми муҳосирашудаи навори Ғазза анҷом шуд.

Ин тазоҳурот тавассути теъдоде аз созмонҳо ва аҳзоб аз ҷумла "Тарҳи ҳамбастагӣ бо миллати Фалстин”, Маркази бозгашти фаластиниён, Ҳизби Сабз ва Созмони яҳудии "Адолат барои фаластиниён” ва бисёре аз созмонҳо, иттиҳодияҳо ва синдикатҳо созмондеҳӣ шуда буд.

Дар ҳамин росто "Тарҳи ҳамбастагӣ бо Фаластин” ҷомеаи ҷаҳониро ба пешгирӣ аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ фаро хонд ва хостори рафъи муҳосираи номашрӯи "Исроил” бар навори Ғазза шуд ва таъкид кард, ки муҳосира ва ҷанг боиси тахриби зерсохтҳои Ғазза аз ҷумла мадорис, бемористонҳо, корхонаҳо ва шабакоти фозилоб шуда ва то кунун низ тармим нашудаанд ва мардум дар хонаҳои вайроншудаи худ чодар зада ва зиндагӣ мекунанд.

Сара Кулбурн яке аз масъулони "Тарҳи ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин” дар ин бора гуфт: "Ин тазоҳурот паёми ошкоре ба "Исроил” аст мабнӣ бар ин ки ваҳшигарии режими ишғолгар дар ҳамла ба Ғазза ва амалиёти мавсум ба Сурби гудохта фаромӯш нашуда ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд”.

Вай хостори муҷозоти "Исроил” ба далели иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ шуд ва таъкид кард, ки набояд иҷозат дод, адами муҷозоти "Исроил” боиси ташвиқи "Исроил” ба иртикоби ҷинояти бештар шавад.

Ҳамчунин, ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳудуди 200 фаронсавӣ асри рӯзи душанбе (27.12.2010), ба манзури бузургдошти қурбониёни ҷанги 22 рӯзаи Ғазза, бо таҷаммӯъ дар Порис иқдом ба баргузории тазоҳурот дар ҳимоят аз мардуми Фаластин карданд ва аз тасмими худ барои эъзоми новгони ҷадиде мавсум ба "Киштии фаронсавӣ барои Ғазза” ба манзури шикастани муҳосираи ин минтақа ва расондани кӯмакҳои башардӯстона ба фаластиниёни сокини Ғазза дар моҳи майи соли 2011 хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, ин тазоҳурот бо шиорҳое назири "Мо ҳаргиз Ғаззаро фаромӯш намекунем” ва "Мо ҳама фаластинӣ ҳастем” бино ба фарохони анҷуманҳои ҳомии ҳуқуқи миллати Фаластин, иттиҳодияҳо ва аҳзоби сиёсии Фаронса дар майдони ҳуқуқи башар дар Порис баргузор шуд ва тазоҳуркунандагон тайи он бо дар даст доштани парчамҳои Фаластин ва рӯшан кардани 1400 шамъ ба ёди қурбониёни ин ҳамла, эътирози худро ба адами муҷозоти режими саҳюнистӣ аз сӯи ҷомеаи байналмилал алорағми гузашти ду сол аз ин таҳоҷуми хунин эълом доштанд.

Гуфтанист, таҳоҷуми 22 рӯзаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ки хушунатбортарин ва хунинбортарин ҳамла аз соли 1967 маҳсуб мешавад, дар рӯзи 27 декабри соли 2008 оғоз шуд ва то 18 январи 2009 ба тӯл анҷомид ва таи он 1400 нафар, ки аксари онҳоро ғийри низомиёни бегуноҳи фаластинӣ ташкил медоданд, кушта шуданд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 225 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz