Ҷумъа, 22.09.2017, 18:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 17 » Чунон ки ифрот нописанд аст, тафрит низ писандида нест
Чунон ки ифрот нописанд аст, тафрит низ писандида нест
05:00

Таммулоте перомуни ривоёти ворида дар фазоили Имом Алӣ (к)

Бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамон гуна ки ифрот нописанд аст, тафрит низ писандида нест. Дар робита бо ҷойгоҳи Имом Алӣ (к) дар ислом ва фазоили ӯ, касонеро дар торих суроғ дорем, ки роҳи ифрот ва зиёдаравиро пеш гирифта ва то марзи худоӣ Алиро боло бурда буданд, ва касоне ҳам имрӯз пайдо мешаванд, ки дар ин росто роҳи тафрит ва навъе саҳлангориро пеша карда, тамоми кӯшиши худро сарфи костан аз мақом ва ҷойгоҳи он бузургвор менамоянд.

Ахиран, дар як сайти интернетӣ, ба мақолае бархӯрд кардам, ки нависандаи он, перомуни порае аз ривоёте, ки дар хусуси фазоили Имом Алӣ (к) дар манобеи исломӣ ворид шудааст, "таҳқиқе” ироа дода, ки ба ҳақ, дур аз инсоф аст. Эй кош таҳқиқи ӯ ҷомеъ ва бо муроҷиа ба тамомии манобеи риҷолӣ анҷом мепазируфт! Нависандаи мӯҳтарам, дар пажӯҳиши худ, бештар ба дидгоҳҳои як нафар риҷолшиноси муосир, ки гароишоти салафӣ дорад (Албонӣ) истинод ҷуста.

Муҳаққиқро сазовор нест, ки бо муроҷиа ба назар ва дидгоҳи танҳо як ё ду нафар, роҷеъ ба сиҳҳату суқми ҳадисе хулоса бароварад, балки изҳори назари ниҳоӣ дар робита бо ҳадис, ки оё, аз ноҳияи санад, саҳеҳ аст ё заъиф ва ё мавзӯъ (сохтагӣ), танҳо замоне муяссар хоҳад буд, ки пажӯҳишгар дидгоҳу назари тамоми соҳибназарон дар заминаи ҳадиспажӯҳиро дида баромада бошад.

Дар ин навиштор, роқими сутур бар онам, то мулоҳизоти худро роҷеъ ба таҳқиқи ин нависандаи мӯҳтарам дар робита бо бархе аз ривоёти фазоили Имом Алӣ (к), на ҳамааш, пешкаш кунам.

Пешгуфтор

Пеш аз ҳама, лозим аст ба се нукта ишора шавад:

1. Аввал он ки роҷеъ ба ривояте, вақте мегӯянд, аз ноҳияи санад заъиф аст ё саҳеҳ аст ва ё мавзӯъ (сохтагӣ), бад-ин хотир аст, ки дар санад (силсилаи ноқилони ривоят), касе ва ё касоне воқеъ гардидаанд, ки сиқа (мавриди эътимод) нестанд ё айбе дар корашон аст; аз ин қабил, ки масалан ноқил фарди маъруфе нест ва ё касе аз ӯ таърифе накарда ва ғайра. Бинобар ин, вақте як ҳадиспажӯҳ (масалан Албонӣ, ки нависандаи мақола, дар бештари маворид ба ӯ истинод намудааст) мегӯяд, ин ривоят заъиф аст, бояд дид, далели ӯ дар заъиф донистани ривояти мавриди назар чист? Шояд иштибоҳ кардааст, билохира маъсум аз хато нест; инсон аст ва инсон ҷоизулхато мебошад;

2. Нуктаи дуюм он ки ривоёте ҳастанд, ки аз чанд тариқ нақл шудаанд; агар тариқи яке аз онҳо аз ноҳияи санад саҳеҳ набошад (балки масалан заъиф бошад), маънояш ин нест, ки он ривоят аз беху бун заъиф аст, балки бояд дид, вазъи он тариқи дигарӣ чӣ гуна аст? Шояд тариқи дигарӣ солим ва дар натиҷа ривоят саҳеҳ бошад;

3. Нуктаи сеюм ин ки дар таҳқиқи мо арқоми сафаҳот ва шумораи ривоёт, ҳамагӣ бар асоси нармафзори Ал-мактабатуш шомила аст.

Ҳол, бибинем, ин ривоёт, ки нависандаи мӯҳтарам оварда ва онҳоро заъиф ва ё мавзӯъ донистааст, ба чӣ далел аст ва асосан чаро онҳоро Албонӣ заъиф ва ё мавзӯъ медонад? Оё дигар ҳадиспажӯҳон низ мисли ӯ назар додаанд, ё дидгоҳе дигар доранд?

1. Ҳадиси дастури Худо ба дӯст доштани 4 нафар:

Матни ҳадис: "Ҳамоно Худованди Мутаол дӯст доштани чаҳор нафарро ба ман дастур фармуда ва хабар додааст, ки худ (Худованд) онҳоро дӯст медорад. Пурсиданд: эй Расули Худо! Онҳо чӣ касоне ҳастанд? Фармуд: Алӣ аз онҳо аст. Ин ҷумларо се бор такрор мекунад. Ва ҳамчунин Абӯзар, Салмон ва Миқдод.”

Ҷаноби Албонӣ ривояти мазкурро заъиф мешуморад.

Ва аммо таҳқиқи мо: Дар оғоз лозим аст манобеи ин ривоят ёдовар шавад, ки иборат ҳастанд аз: Таърихи Кабири Бухорӣ, 9/31/271; Муснади Аҳмад, 5/351/23065; Сунани Тирмизӣ, 5/299/3718-3802; Сунани Ибни Моҷа, 1/53/149; Фазоилус саҳобаи Аҳмад, 2/657/1103-1176-1181; Мӯъҷамул авсати Табаронӣ, 7/156/7146; Таърихул исломи Заҳабӣ, 3/419-514; Мустадраки Ҳоким, 3/130/4649. Исобаи Ибни Ҳаҷар, 6/161/8201. Таърихи Ибни Асокир, 21/409, 42/266, 60/175, 66/189 бо шаш санад. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, 1/540, 2/61; Маҷмаъуз завоид, 9/155; Маваддатул қурбои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20/832.

Ин ҳадис аз Алӣ (к) ва Бурайдаи Асламӣ ривоят шуда. Тирмизӣ, Ҳоким, Ибни Ҳаҷар дар Исоба, Ҳайсамӣ ва Суютӣ санади онро саҳеҳ донистаанд.

Ва иллати он ки ҷаноби Албонӣ (ва мисли ӯ Шуайб Арнаут) ривояти мазкурро заъиф қаламдод мекунад, вуҷуди Абӯрабиаи Аёдӣ дар санади ин ҳадис аст. Ва ин дар ҳолест, ки ҷаноби Албонӣ дар ҷои дигар ривоятеро, ки бо айни ҳамин санад, яъне Шарик аз Абӯрабиаи Аёдӣ аз Бурайда аз падараш (ки айни санади ривояти мазкур аст) нақл шудааст, ҳасан хондааст.[1]

Бухорӣ (дар торихи худ) ҳадиси мавриди баҳсро дар шарҳи ҳоли Абӯрабиа зикр карда ва ӯро тазъиф накардааст. Яҳё ибни Маин ӯро сиқа дониста ва Ибни Ҳаҷар мақбул меҳисобад.[2] Ҳайсамӣ низ баъд аз нақли хабаре, ки дар санади он Абӯрабиа мавҷуд аст, тамомии ровиёни он санадро сиқот унвон мекунад.[3]

Гузашта аз ин, ривояте дигар дорем тақрибан ба ҳамин мазмун, ки саҳеҳ аст бад-ин шарҳ: Алӣ (к) аз Паёмбари Акрам (с) ривоят карда, ки фармуд: Огоҳ бошед, биҳишт муштоқи чаҳор нафар аз асҳобам аст, Парвардигорам низ маро амр фармуда, ки он чаҳор нафарро дӯст дошта бошам. Суҳайб, Билол, Талҳа, Зубайр, Саъд, Ҳузайфа ва Аммор пурсиданд: эй Расули Худо! Он чаҳор нафар чӣ касоне ҳастанд, то мо низ онҳоро дӯст бидорем? Паёмбари Акрам (с) фармуд: эй Аммор! Ҳамоно Худованди Мутаол мунофиқонро барои ту шиносонда аст. Аммо он чаҳор нафар, ки арз кардам, яке аз онҳо Алӣ ибни Абӯтолиб аст ва ҳамчунин Миқдод, Салмон ва Абӯзар.[4]

Ҳарчанд Ҳайсамӣ баъд аз зикри ин ҳадис гуфта, ки Табаронӣ ин ҳадисро ривоят карда ва ровиёни он ба ҷуз Ибни Исҳоқ, ки мудаллис аст, ҳамагӣ сиқа ҳастанд, аммо бояд гуфт, агар ривояте ба хотири вуҷуди ровии мудаллис - бе далели дигар - тазъиф шавад, дар ин сурат, бояд аксари ривоёти Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим низ тарк шавад, чун, ҳам аз мудаллисони фаровон ҳадис ривоят кардаанд, ва ҳам аҳодиси фаровони мудаллисон дар ин ду китоб муанъан (бо ан) ривоят шудааст.

2. Ҳадиси пешдастии Алӣ (к) ба Паёмбар (с):

Матни ҳадис: "Се кас тақаддум ва пешдастӣ ҷустаанд: Юшаъ ибни Нун ба сӯи Мусо (а) тақаддум ҷуста; соҳиби Ёсин ба Исо (а) тақаддум ҷуста; ва Алӣ ибни Абӯтолиб ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тақаддум ҷуста.”

Манобеи ин ҳадис: Ал-оҳод вал-масонӣ, 1/150; Муъҷамул кабири Табаронӣ, 11/93/11152; Риёзун назраи Табарӣ, 3/99; Фатҳул-борӣ, 6/337; Дуррул мансури Суютӣ, 5/262; Ҷомеъус сағири Суютӣ, 2/66/4795; Маҷмаъуз завоид, 9/102; Канзул уммол, 11/601/32896; Ат-тайсир бишарҳи ҷомеъис сағири Муновӣ, 2/134.

Албонӣ мӯътақид аст, ин ривоят мавзӯъ (сохтагӣ) нест, аммо хеле заъиф аст. Иллати ин ҳам, ки Албонӣ ривояти мазкурро заъиф медонад, вуҷуди ноқиле ба номи Ҳусайн ал-Ашқар дар санади ривоят аст, ки мавриди қабули ҷаноби Албонӣ намебошад. Сабабаш низ, ба гуфтаи Албонӣ, шиъа будани ӯст.

Аммо, оё шиъа будан, таън маҳсуб мешавад; ба гунае ки агар касе дар торих ба унвони шиъа ва ё рофизӣ маъруф бошад, набояд ривояташ мавриди қабул воқеъ гардад?

Таҳқиқ нишон медиҳад, ки чунин нест. Зеро, агар шиъа будан, боиси заъиф шумурдан ва дар натиҷа напазируфтани ривояти касе бошад, дар ин сурат, Бухорӣ ва Муслим ҳаргиз аз афроде, ки дар торих ба унвони шиъа ва гоҳе рофизӣ ва гаҳ ҳам "шиъаи ғолӣ” маъруф буданд, ривоят нақл намекарданд, ҳол он ки ин ду муҳаддиси бузург, аз ровиёне чун: Абон ибни Тағлаб, Аҳмад ибни Муфаззал, Усайд ибни Зайд, Иброҳим ибни Язиди Нахаъӣ, Исҳоқ ибни Мансур, Исмоил ибни Абон ва даҳҳо ровии дигар, ки дар кутуби риҷол ба унвони "шиъа” матраҳ ҳастанд, ҳадис ривоят кардаанд.

Ба ҳамин сабаб аст, ки Ибни Ҳаббон Ҳусайн ал-Ашқарро бо ин ки шиъа аст, аммо ӯро аз сиқот (ровиёни мавриди эътимод, ки ривояташон мавриди қабул аст) дониста ва Аҳмад ибни Ҳанбал низ аз ӯ ривоят нақл кардааст. Муновӣ (дар Ат-тайсир бишарҳи ҷомеъис сағир) низ баъд аз нақли ҳамин ривояти тақаддуми Алӣ ба Паёмбар (с) мегӯяд: "Ин ҳадисро Табаронӣ ва Ибни Мардавайҳ аз Ибни Аббос ривоят кардаанд ва санадаш саҳеҳ ва ё ҳасан аст.”

3. Ҳадиси "Алӣ имоми некӯкорон аст...”:

Матни ҳадис: "Алӣ имоми некӯкорон ва қотили фоҷирон аст; касе ӯро ёрӣ диҳад, ёрӣ шавад, ва касе ӯро хор кунад, хору дармонда шавад.”

Ин ҳадисро Ҳоким дар Мустадрак ва ҳамчунин Хатиб ривоят кардаанд. Ҳоким баъд аз нақли он, гуфтааст: "Ин ҳадис аз ноҳияи санад саҳеҳ аст, аммо Бухорӣ ва Муслим онро ривоят накардаанд.”

Ва аммо ҷаноби Албонӣ, ки нависандаи мақола бештар бар таҳқиқоти ӯ истинод ҷуста, дар китоби "Силсилаи заъифа”-и худ, бар он аст, ки ин ривоят мавзӯъ (сохтагӣ) аст. Далелаш ҳам, вуҷуди Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Язиди Ҳарронӣ дар санади ин ривоят мебошад, ки Албонӣ бо такя бар назари бархе аз ҳадиспажӯҳони маъруф мисли Заҳабӣ, мӯътақид аст, ин Аҳмад дурӯғгӯ аст.

Посух: ҳарчанд бо таваҷҷӯҳ ба саҳеҳ донистани ин ривоят аз сӯи Ҳоким, ба роҳатӣ наметавон аз ин ҳадис даст бардошт, аммо агар кӯтоҳ омада, бо мадди назар қарор додани арзёбии ҳадиспажӯҳе чун Заҳабӣ, ки Аҳмад ибни Абдуллоҳро дурӯғгӯ медонад, ривояти ӯро напазирем, аммо кор ин ҷо поён намеёбад.

Зеро, мазмуни ин ривоят аз тариқи дигаре нақл шудааст. Имом Саълабӣ дар тафсири худ (Ал-кашфу вал-баён; 5/115) аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ва ӯ аз Абӯзари Ғифорӣ (р) аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл мекунад, ки ҷанобаш фармудаанд: "Алӣ пешвои некӯкорон ва қотили кофирон аст.”

Тариқи ривояти Имом Саълабӣ бад-ин сурат аст, ки афроде чун: Абулҳасан Муҳаммад ибни Қосим ибни Аҳмад, Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Аҳмади Шаъронӣ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Алӣ ибни Заррин, Музаффар ибни Ҳасани Ансорӣ, Садий ибни Алӣ ал-Аззоқ, Яҳё ибни Абдулҳамид аз Қайс ибни Рабиъ аз Аъмаш аз Уббода ибни Рибъӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос нақл кардаанд, ки... (ҳадис).

Идома дорад

Кимиёи саодат


[1] Албонӣ дар ҳошияи Сунани Абӯдовуд, 1/2/2149.

[2] А-тақриби Ибни Ҳаҷар, 2/397.

[3] Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, 9/65.

[4] Муъҷамул авсати Табаронӣ, 7/305/7569; Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, 9/155; Таърихи Ибни Асокир, 60/177 бо ду санад.

Бахш: Суннат | Просмотров: 1125 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 2
14.07.2012 Спам
2. Абдуллох
Ту казоби мо ханафийо албонира мухадис медонем дар хакаш тухмат накун

24.09.2011 Спам
1. Greatsun
Эй мугбачаи дахр бидех чоми маям
К-омад зи низои шиаву сунни каям!

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz