Шанбе, 27.04.2024, 01:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Ноябр » 26 » Чаро занони тоҷик аз ширкат дар намози ҷумъа ва ҷамоат маҳруманд?
Чаро занони тоҷик аз ширкат дар намози ҷумъа ва ҷамоат маҳруманд?
23:01

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Намозгоҳи ҲНИТ, танҳо маконе дар Тоҷикистон буд, ки дар он занон метавонистанд намози худро бо ҷамоат барпо доранд. Аммо, имрӯз, дар пайи ҳушдори Вазорати адлия, масъулини ҲНИТ чорае ҷуз ин надоштанд, ки эълом кунанд ин макон низ аз ин пас бар рӯи намозгузорон, аз ҷумла занон баста аст.

Мушоҳидаи тасовире аз ин рухдод дар сайти ҲНИТ нишон медиҳад занон аз ҳама бештар аз чунин тасмиме андӯҳгин шудаанд, то ҷое ки ашк бар гунаҳояшон ҷорӣ буд. Ҳақ ҳам доранд. Чаро ки барои эшон дар Тоҷикистон дигар ҷое барои баргузории намози дастаҷамъӣ вуҷуд надорад. Пештар, масоҷиде, ки занони тоҷик дар онҳо дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоат ширкат мекарданд низ, бо назири чунин ҳушдоре рӯбарӯ шуда буданд. Албатта на аз сӯи Вазорти адлия, балки аз ҷониби Шӯрои уламо, ки фатво дода буд, ширкати занон дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоат "мамнӯъ” аст.

Ҳол, роқими сутур, намехоҳад перомуни манъи баргузории намоз дар мақарри ҲНИТ ва ин ки оё барпоии намози дастаҷамъӣ дар ин макон, мухолифи қавонини ҷории Тоҷикистон аст ё нест, сӯҳбат ба амал оварад. Бигузор қонундонон дар ин замина изҳори назар кунанд. Балки мехоҳад ин рухдодро баҳона қарор дода, перомуни манъи занон аз ширкат дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоат баҳс кунад.

Ба як чунин тасмиме, агар сирфан ба лиҳози ҳуқуқӣ назар афканем, бе тартид онро аз масодиқи боризи нақзи ҳуқуқи занон хоҳем дид. Нақзи ҳуқуқи зан, танҳо он ҷо нест, ки масалан ӯро аз ронандагӣ маҳрум кунанд, балки нақзи ҳуқуқи зан, яъне манъу боздошти ӯст аз ҳар он чи хостгоҳи вай аст; ҳол, гоҳе ин хостгоҳ ронандагӣ ва ё эҳрози посту мақоми муайяни давлатӣ дар ҷомеа ва ё ҳаққи иштиғол аст, ва гоҳе ҳам анҷоми маросими динӣ мисли ширкат дар намозҳои дастаҷамъӣ. Билохира, ҳаққи зан, ки рангу бӯи махсусе надорад. Аз ҳар он чи ки ӯро манъаш кунем, ҳаққи ӯро поймол намудаем.

Намедонам, чаро дар як чунин мавориде, аз сӯи ҷонибдорони хуқуқи занон ва мунодиёни баробарии ҳуқуқи марду зан садое сар намезанад? Чаро намегӯянд, ҳамон тавр ки мардон ҳақ доранд маросими мазҳабии худро дастаҷамъӣ барпо доранд, занон низ аз як чунин ҳаққе бархӯрдоранд?

Ё ин ки садои эшон танҳо дар мавориде баланд мешавад, ки ҳуқуқе, ки ғарбиён марзу буми онро барои занон таъйин намудаанд, поймол ва нақз гардад?

Назари шаръи муқаддас

Аммо агар ин масъаларо аз нуқта назари шаръи муқаддаси ислом мавриди тадқиқ қарор бидиҳем (чунон ки Шӯрои мӯҳтарами уламо дар он замон манъи хешро мустанад бар шаръ медонист), дар ин сурат низ, дидгоҳи шаръро на ин ки манъкунанда мебинем, балки баръакс шариат бар ин амр, хусусан дар ин аср, ташвиқу тарғибкунанда аст.

Камина дар як мақолаи ҷудогонае ба унвони "Ҳукми шариат роҷеъ ба ширкати занон дар намози ҷумъа” ба тафсил перомуни ин масъала баҳс кардаам. Хулосаи он мақола ин буд, ки он чи дар даврони пеш сабаби манъи занон аз ширкат дар намози ҷумъа шумурда мешуд, айни ҳамон сабаб, муҷтаҳидон ва фуқаҳои муосирро бар он дошта, ки бар вуҷуби ширкати занон дар намози ҷумъа дар ин рӯзгор фатво бидиҳанд. Чаро ки ширкат дар намози ҷумъа ва гӯш супурдан ба мавоизи динӣ, танҳо фурсатест барои бонувони гиромиямон то аз маорифи ислом огоҳ шаванд.

Комёб бошед

Акс аз пойгоҳи BBC тоҷикӣ

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 704 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2014
1. Anna [Материал]
This intcdoures a pleasingly rational point of view.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz