Чоршанбе, 22.11.2017, 06:34
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 28 » Аз толибилмон “Толибон” дуруст накунем
Аз толибилмон “Толибон” дуруст накунем
01:33

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Умедворам он рӯз фаро нарасад, ки шитобзадаҳо бигӯянд, ки эй кош донишомӯзон он вақт бозпас намехондем ва мегузоштем то поён таҳсили худ идома медоданд!

Дар ҷое хонда будам, ки нуктасанҷе гуфтааст, донишомӯз, аз оғози фарогирии дониш то поёни он (ки албатта донишомӯзӣ поёне надорад), мароҳилеро тай мекунад ва дар ҳар марҳалае, ӯро эҳсосе вижа даст медиҳад. Дар оғози фарогирӣ, он ҷо ки шаммае аз дониш насибаш мешавад, эҳсос мекунад мисли Худост, ки ҳама чиз медонад ва чизе барои ӯ пӯшида нест. Ҳаргоҳ фарогир дар ин нуқта таваққуф намояд ва камар ба идомаи таҳсил набандад, ба гуфтаи он нуктасанҷ, дониши андаки ӯ на танҳо худи вайро шақӣ хоҳад сохт, балки мояи шақовати садҳову ҳазорон муридонаш хоҳад шуд. Аммо касе ки фарогирӣ идома бидиҳад ва аз дониш миқдоре дигар тӯша бардорад, андаке ба худ омада, эҳсос хоҳад кард дигар мисли Худо огаҳи мутлақ набудааст, балки монанди Паёмбар, рози бештари ашё барои ӯ макшуф будааст. Нуктасанҷ мегӯяд, донишомӯз мабодо дар ин марҳала ҳам таваққуф намояд, ки чи басо дониши на чандон зиёди ӯ низ мояи бадбахтии вай ва муридонаш гардад. Касе ки пас аз ин марҳала низ идомаи таҳсил намуда ва то андозае аз дониши лозим ва кофӣ бархӯрдор гардад, дар ин сурат аст, ки дигар тамоман ба худ омада, хоҳад гуфт, тоза фаҳмидам, ки ҳеҷ чиз намедонистаам. Ин ҷост, ки агар камар ба нашри дониши андӯхтаи худ бибандад ва вориди ҷомеа бишавад, ба гуфтаи он нуктасанҷ, донишаш, ҳам мояи саодати ӯ хоҳад буд ва ҳам муридонаш.

Матлаби мазкур, агар билфарз дар мавриди донишомӯзи улуми ғайри динӣ рост наояд, бе тардид дар хусуси фарогири донишҳои динӣ сад дар сад сидқ мекунад, зеро дар мавриди донишҷӯи улуми ғайри мазҳабӣ (ва ба таъбири роиҷ, донишҳои дунявӣ), муриду муроде дар миён нест ва аз ин рӯ, таваққуфи ӯ дар васати роҳ, зарару зиёнаш танҳо мутаваҷҷеҳи худи вай хоҳад буд.

Ҳол, агар мо аҳёнан аз толибилме, кирдор ва ё рафторе нописанд ва ғайри мантиқӣ мушоҳада бикунем; мисли ин ки яксара ҳамагон ҷуз худ ва ҳаммаслаконашро ба куфру илҳод муттаҳам бисозад ва ё аз рӯи нодонӣ ва ташхиси нодуруст, даст ба аъмоле нораво дар ҷомеа биёзад, иллаташ ҳамин аст, ки он нуктасанҷ ёдовар мешавад. Яъне, ё хештанро мисли Худо огаҳи мутлақ ва дигаронро саропо ҷоҳилу нодон меангорад, ё худро ба ҷои Паёмбар нишонда, чашмбаста фатвои қатлу ину куштори он медиҳад.

Дар ҷомеае назири Тоҷикистон, ки ҷомеаест мусалмоннишин ва ойини ислом, чи бихоҳем ё нахоҳем, ҷузъе ҷудоношудании пайкари он ба шумор меравад, агар бархе аз фарзандонаш роҳи таҳсили улуми динӣ баргузида ва камар ба фарогирии дониши исломӣ бибанданд, бигузорем то охир ин роҳ бипаймоянд ва монеи роҳпаймоияшон нашавем.

Агар дар ин миён касоне пайдо бишаванд ва бихоҳанд монеи идомаи таҳсили фарогир бигарданд, чунин иқдоме аз эшон, аз ду ҳолат берун нест: ё ин ки амдан ва аз рӯи огоҳӣ қасд доранд дар ҷиҳати аҳдофе шум ва палид аз вуҷуди нимароҳмонда баҳра ҷӯянд (ки умедворем чунин набошад), ва ё он ки огоҳ нестанд, ки ин нимароҳмонда аст, ки барои ҷомеа мушкил меофаринад ва асбоби дарди сар дуруст мекунад, на он кас ки то андозае роҳ паймуда.

Дар ду се моҳи ахир, шоҳиди кӯчи донишҷӯён ва фарогирони тоҷики машғул ба таҳсил дар кишварҳои исломӣ, ба хусус Эрон, Покистон ва Миср, ба ватан будем ва зоҳиран ин раванд идома хоҳад дошт ва бақияи фарогирон ҳам омодаи рахти сафар бастан мебошанд. Иқдоми бозпас хондани нобаҳангоми донишҷӯёни тоҷик, ба дунболи тасреҳоти раиси ҷумҳури кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ин ки бештари ҷавонони муҳассил дар мадориси кишварҳои исломӣ гӯи ба гурӯҳҳои "тундрав” ва ҳатто "террористӣ” мегаравида бошанд, сурат пазируфт.

Ба дунболи ин тасреҳ, дастандакорон ва масъулини зирабти кишвар ҳам, билофосила шурӯъ ба иҷрои дастури раиси ҷумҳур намуда ва дар муддате кӯтоҳ муваффақ шуданд иддаи зиёде аз фарогиронро бозпас гардонанд ва ҳаминак дар садади баргардондани бақияи онон ҳастанд.

Дар ин хусус, ду нукта ҳаст, ки камина мехоҳам гузаро ба он ишора намоям:

Нуктаи аввал он ки асосан, дар мавриди ду ҳазору анде донишомӯз, ки дар марокизи омӯзишии Покистону Мисру Эрону аҳёнан ҷоҳое дигар, машғули фарогирии дониш буданд (ва теъдоде ҳанӯз ҳастанд), дарбаст чунин эҳтимол додан, ки ҳамаи инон дар банди гурӯҳҳои тундраву ифротиву террорист гирифтор хоҳанд шуд, эҳтимолест ба дур аз мантиқ ва ғайри воқеӣ. Тоза, чунин ҳам нест, ки ҳамаи инон дар риштаи улуми исломӣ таҳсил дошта бошанд, балки то он ҷое ки камина огоҳам, теъдоди зиёде аз эшон дар риштаҳое дигар ва ғайри мазҳабӣ машғули фарогирӣ буданд.

Билфарз, агар аз миёни ин анбӯҳ донишомӯз, яке ё ду нафар пайдо бишаванд ва дар доми гурӯҳҳои тундрав ва ба истилоҳ террорист гирифтор шуда ва аъмоле нописанд аз эшон сар бизанад, бас норавост, ки ба иллати инҳирофи иддае ангуштшумор, ҳукм ба истирдоди ҳамаи донишомӯзони машғул ба таҳсил аз васати таҳсилашон бинамоем, ба ин баҳона, ки "шояд” инон ҳам рӯзе ба доми гурӯҳҳои тундрав бияфтанд.

Ба илова, бештари кишварҳои исломӣ, ба хусус ин се кишваре, ки ном бурдем, худ қурбонии ҷараёнҳои тундраву террорист мебошанд, аз ин рӯ, назорати шадиде аз болои марокиз ва мадориси омӯзишии худ мебаранд, ки мабод афкори тунду ифротӣ дар онҳо нуфуз пайдо кунад.

Ба сухани дигар, ҳукуматдорони кишварҳои номбурдаро ин нигаронӣ беш аз дигарон бар сар ҳаст, ки мабод донишомӯзони улуми динӣ дар доми бархе ҷиҳоти тундрав ва ифротгаро бияфтанд; гурӯҳҳое, ки ҳаминак ба ҷуз ғорҳои саъбулубури кӯҳҳои марзии миёни Афғонистону Покистон, дигар ҷое суроғашон надорем.

Нуктаи дигар он ки, ҳол ки ин теъдоди фаровон аз нимаи роҳ баргаштанд, оё дар ин фикр низ ҳастем, ки ин нимароҳмондагон чӣ вазъе хоҳанд дошт? Оё замонате кофӣ аз ин дорем, ки ҳаминон ба доми гурӯҳҳои ифротгарову тундраву террорист воқеъ нашаванд? Чун то ҳанӯз ҳар ифротгарову тундраве, ки суроғ дорем ва аҳёнан барои ҷомеаи азизамон мушкилофарин буданд, ҳамагон аз дохили кишвар бархостанд, ки нишон медиҳад зоҳиран эҳтимоли воқеъ гардидан дар доми террористҳо, дар дохил фароҳам будааст, на дар хориҷ. Донишҷӯён, дар амокини таҳсилашон дар хориҷ, ки буданд, саргарми фарогирии улум буданду андармони баҳсу таҳқиқот, аммо инак бекоранд, ҳамаашон, ки наметавонанд вориди мадорису донишгоҳҳо шаванд чунон ки замзама мешавад. Ғолибан, ин бекориву бекор аст, ки мояи дарди сари ҷомеа мешавад, на он кас ки саргарми кору фаъолият. Дар дом афгандани толибилми нимароҳ, ба ҳамон далел, ки дар оғози ин навиштор ишора шуд, бас саҳлу осонтар аст то як донишпажӯҳе пухта ва кордида.

Асосан, коршиносон, дар натиҷаи таҳқиқоту пажӯҳишҳои майдонӣ дар хусуси гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ба ин хулоса омадаанд, ки бештари ҷавононе, ки бо ангезаҳои мазҳабӣ даст ба корҳои нописанд мезананд, ҳеҷ як аз дониши лозими динӣ бархӯрдор набудаанд.

Дар поёни ин навиштор, мехоҳам ин нукта ёдовар шавам, ки бо камоли итминон метавон гуфт, касе ки ба андозаи лозим, ошно ба маорифи бепоёни ойини муқаддаси ислом бигардад ва хештанро ба ахлоқу одоби исломӣ биёрояд, ҳаргиз аз ҷониби ӯ эҳсоси хатаре намешавад. Хатар аз ҷониби касонест, ки маорифи ислом ба тамом намедонанд ва аз таҳсили улуми динӣ дар нимаи роҳ бозмондаанд. Пас, эй кош мегузоштем фарогир то поён таҳсили хеш идома медод ва пас аз андӯхтани дониши лозим ва кофӣ, кишвараш бармегашт ва он гоҳ ба андозаи тавони худ, хидмат барои миҳанаш менамуд!

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 349 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz