Чоршанбе, 08.05.2024, 22:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 26 » Ҷашни “ваҳдат” ё “ғалаба”?
Ҷашни “ваҳдат” ё “ғалаба”?
06:19

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Худоро шукргузорем, ки наздик ба 13 сол аст, ки мардуми кишвари азизамон, баъд аз он ҳама ҷангу хунрезиву муҳоҷирату бехонумонӣ, дар як фазои сулҳу ваҳдат ба сар мебаранд. Ин воқеан ҷои шукр дорад. Барои шаҳрвандони як ҷомеа, ҳеҷ чиз ширинтар аз ҳамзистии мусолиматомез ва бародарона бо якдигар нест. Аммо...

Барои камина, ва шояд барои бисёре аз ҳамватанонамон, як нукта қобили фаҳм нест. Ва он ин ки: он чи 13 сол пеш таҳаққуқ ёфт, оё воқеан "сулҳу созиш байни ду тарафи низоъ” буд, ё "пирӯзӣ ва ғалабаи як тараф бар тарафе дигар”?

Агар аввалӣ бошад, яъне агар мӯътақид бошем "сулҳу созиш байни ду тарафи даргирӣ” барқарор шуда буд, пас чаро он чи имрӯз амалан дар расонаҳои кишвар таблиғу тарвиҷ мешавад ва ҳамагон шоҳиди онем, дуруст бар хилофи он аст? Барои ҳеҷ оқиле пӯшида нест, ки имрӯз забони ҳоли расонаҳои миллии мо ва низ амалкард ва шеваи бархӯрди сардамдорони ҷомеа ин аст, ки гӯи 13 сол қабл, як тараф бар тарафи дигар "пирӯз” гардида ва "ғалаба” насибаш шуда бошад.

Агар имрӯз касоне фикр мекунанд, ки 13 сол пеш тавонистанд гурӯҳеро "шикаст” дода ва бар онҳо "пирӯз” шуданд, бидуни ҳеҷ ҳаросу нифоқе бигӯянд: "Мо пирӯз шудем”, "Ғалаба насиби мо гардид”, ва унвони ҷашни имрӯзро ҳам "Ҷашни пирӯзӣ” бигузоранд, на "Ҷашни сулҳу ваҳдат”, дуруст монанди ҳамон ановине, ки ҳангоми шикасти нозиҳо тавассути артиши Шӯравӣ ва муттаҳидон, он ҷо ки оқои Ҳитлеру дору дастгоҳаш шикаст хӯрд, бар забонҳо ҷорӣ шуд ва гуфтанд: "Мо бар нозиҳо пирӯз шудем”, на ин ки бигӯянд: "Мо бо нозиҳо сулҳ барқарор кардем”...

Вале агар дар сухани худ содиқанд ва воқеан мӯътақид ҳастанд, ки 13 сол қабл дар ин кишвари ҷангзада сулҳу созиш барқарор шуда буд (ки дар воқеъ ҳамин гуна ҳам буд), дар ин сурат, дигар шоиста нест тарафи муқобил ба куллӣ канор ниҳода шуда ва ҳеҷ ҳарфе аз ӯ зада нашавад. Оё маъқул аст ҷое сулҳу созиш барқарор шуда бошад, вале як тарафи сулҳ билкул ба фаромӯшӣ супурда шавад? Оё ин амалкард, як навъ ноҷавонмардӣ талаққӣ намешавад?

Асосан, маънои барқарории сулҳ яъне чӣ? Ҳувайдост, ки ҳар ҷо сулҳу созиш матраҳ аст, сухан аз ду тарафи мутанозеъ дар миён аст, ки ҷанҷоли фимобайни хешро канор гузошта, камари ҳиммат барои барқарории сулҳ бастаанд, ки агар яке аз атроф кӯтоҳ наояд, табиист, ки хабаре аз барқарории сулҳу созиш нахоҳад буд.

Ҳол, зиндаҳо аз қаҳрамонони барқарории созиш дар он рӯзгорро бигузорем канор, магар ин расми ҷавонмардист, ки дар ин расонаҳо ақаллан ёде аз қаҳрамонони мурдаи сулҳу созиши Тоҷикистон нашавад? Магар марҳуми устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ё шодравон устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳеҷ нақше дар барқарории ин сулҳу созиш надоштанд? Оё зулму ситаме бадтар аз ин мутасаввар аст, ки касоне амдан аз ин ду бузургвор дар ин айём ёде накунанд?

Хушбахтона, бо вуҷуди ин ҳама саъю талош барои пинҳон гузоштани ин воқеиятҳо ва "ба фаромӯшӣ супурдан”-и қаҳрамонони воқеии барқарории сулҳу созиш дар ин сарзамин, набояд фаромӯш кунем, ки имрӯз ин саъю талошҳо беҳуда аст.

Агар мо дар қуруни вусто будем ва дастонамон аз васоили сабту нигориши таърих кӯтоҳ буд, шояд як чунин шеваи бархӯрд, ки дастандаркорони кунунӣ дар иртибот бо "ҳикояти саргузашти барқарории сулҳ дар Тоҷикистон” аз худ нишон медиҳанд, самара дошт, ки бигӯем оре касоне мехоҳанд таърих ба гунае дигар сабт шавад, на он чунон ки дар воқеъ будааст. Аммо имрӯз қарне, ки дар он ҳастем, қарни 21 аст ва таърих бо ҷузъитарин ҳаводису вақоеаш сабт мешавад. Оё воқеан ин афрод намедонанд, ё хештанро ба надонистан мезананд, ки талошу кӯшиши эшон барои таҳрифи таърих дигар дар ин аср самарае нахоҳад дошт?

Оё воқеан намедонанд, ки чанд сабоҳи дигар як чунин иқдомоти носанҷидаашон бар зарари худашон поён хоҳад ёфт? Ин миллат фарзандоне дорад, ки таърихи он давронро, резу дурушташро, сабт кардаанд ва чизе аз ёди касе фаромӯш нашудааст, ва иншоаллоҳ дар лобалои таърихи тоҷикон, агар ҷумалоте аз даврони 90 то 97 асри бистум гунҷонида шавад, ҳамон гунҷонида хоҳад шуд, ки ба дасти ҳамин фарзандон нигошта ва сабт гардида, на он чи тавассути қаламҳои дарбор ба нигориш даромада. Ва ҳамчунин агар қарор бошад дар лобалои таърихи тоҷикон, аз қаҳрамонони ин миллат зикр гардад, қатъан номи касоне гунҷонида хоҳад шуд, ки қаҳрамонони воқеии ин миллат буданд, на "қаҳрамонони дурӯғин ва бофташуда”, зеро, суннати илоҳӣ дар тӯли таърихи башарият ҷуз ин набудааст.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 483 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2014
1. Julieanne [Материал]
Ah yes, nicely put, eveyrone.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz