Гила мекард зи Маҷнун Лайлӣ,
ки шуда робитамон Email-ӣ.
Ҳайф аз он робитаи инсонӣ,
ки чунин шуд, ки худат медонӣ.
Ишқ вақте бишавад "Dotcom”-ӣ,
ҳосилаш нест ба ҷуз нокомӣ.
Нозанин! Хӯрда магар гург туро?
Бурда ё "Dotcom”-у "Dotorg” туро?
Баҳрат Email задам пештарак,
ҷои "Sobject” навиштам "ба дарак!”
Ба дарак гар дили ман ғамгин аст,
ба дарак гар ғами ман сангин аст ... идома »